Раиси Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон Раҳматуллоҳ Зойиров мақомоти Бадахшонро муттаҳам кард, ки монеъи баргузории як нишасти омӯзишии оид ба баррасии мушкилоти иҷтимоъиву иқтисодии минтақа шудааст.
Сокинони деҳоти Сежди ноҳияи Роштқалъа тайи як нома ба мақомоти вилоятӣ хостори кӯмак дар таъмири роҳ ва фароҳам сохтани шароит барои ҳаракати нақлиёти мусофирбар дар роҳи Роштқалъа-Ҷавшангоз шудаанд.
Дар Хоруғ - маркази вилояти Бадахшон стансияи алоқаи телефонии бесим ба фаъолият шурӯъ кард.
Сокинони деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз тайи як нома ба мақомоти вилоятӣ хостори ҷилавгирӣ аз таҳоҷуми хукҳои ёбоӣ ба киштзорҳояшон шудаанд.
Кормандони Оҷонсии мубориза бо коррупсия ва назорати давлатии молиявӣ дар Бадахшон як мошин сигори бидуни аксизро боздошт намудаанд.
Ин маҳфил дар доираи қарори раиси вилояти Бадахшон оид ба таҷлили 100-солагии зодрӯзи шоир ва олим Нодир Шанбезода баргузор гардид.
Дар поёни сафари серӯзаи худ Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо намояндагони қишрҳои мухталифи вилояти Бадахшон мулоқот кардааст.
Пизишкони бемористони марказии Бадахшон нахустин ҷарроҳии бехунро анҷом доданд.
Ҳасани Асадуллозода, раиси «Ориёнбонк», бо як ҳайъати корӣ, ҷиҳати санҷиши сохтмони майдони варзишии Хоруғ ба ин шаҳр омад.
Сафари гурӯҳи ҳунарии “Сомониён” бо сарварии ҳунарпешаи мардумӣ Қурбоналии Раҳмон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома дорад.
Зимни интиқоли маводи башардӯстона ду корманди бунёди Оғохон дар рӯдхонаи Панҷ ғарқ шудаанд.
Маросими кушоиши майдони навсохташудаи варзишии шаҳри Хоруғ бо намоиши театрӣ 19-уми июл дар ҳузури президенти кишвар баргузор хоҳад шуд.
Дар Хоруғ байни кумисюни ҳукуматӣ ва собиқ фармондеҳони нерӯҳои мухолифин дар минтақа ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Дар шаҳри Хоруғ ва маркази ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ 11-умин солгарди иди Ваҳдати миллӣ бо баргузории намоиши идона баргузор шуданд.
Ба гуфтаи шоирон Ширин Бунёд ва Алидоди Чароғабдол, ваҳдат дастоварди бузурги миллат буда, месазад, ки онро бо суханони волотарин тараннум кард.
Бино ба иттилоъи мақомоти вилояти Бадахшон, вуруди мошинҳои борбар бо кӯмакҳои расондаи президенти кишвар ба навоҳии вилоят идома дорад.
Собиқ фармондеҳони мухолифин дар Бадахшон пас аз дидор бо вазири дохила имрӯз, 23 июн, 60 адад силоҳ ва дуввуним ҳазор тирро ба мақомот супурданд.
Бо таъйиди фармондеҳони собиқ опозисюни тоҷик дар минтақа аз 22-вуми июн халъи силоҳ шурӯъ шудааст.
Вазири дохилаи кишвар Маҳмадназар Солеҳов дар Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон бо фармондеҳони собиқи опозисюни тоҷик мулоқот анҷом дод.
Гирдиҳамоӣ дар Хоруғ пас аз ваъдаи мақомот аз номи вазири дохила дар бораи ҳалл намудани талабҳои эътирозгарон тайи ду рӯзи оянда пароканда шуд.
Ёфтҳои бештар