Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷилавгирӣ аз қочоқи сигор дар Бадахшон


Кормандони Оҷонсии мубориза бо коррупсия ва назорати давлатии молиявӣ дар Бадахшон як мошин сигори бидуни аксизро боздошт намудаанд.

Сардори раёсати Оҷонсии мубориза бо коррупсия ва назорати давлатии молиявӣ Юсуф Назаршоев изҳор намуд, ки ин мошин ҳангоми ҳаракат дар роҳи Ишкошим-Хоруғ боздошт шуда, маблағи моли мусодирашуда 506 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Ба гуфтаи сардори раёсати оҷонсӣ алҳол ронандаи мошин боздошт шуда, шахсияти соҳиби мол, ки як тоҷири сокини маркази ҷумҳурӣ будааст, муайян гардидааст.

Сардори раёсати оҷонсӣ афзуд, ки бидуни аксиз ба фурӯш баровардани ин мол метавонист ба буҷа наздики 200 ҳазор сомонӣ ва дар сурати собит шудани қочоқ дар амали тоҷир маблағи зарар боз ҳам зиёдтар хоҳад буд.

Коршиносон бо ишора ба ҳаракат доштани ин васоити нақлиётӣ аз Ишкошим ба сӯи Хоруғ тахмин мезананд, ки шояд ин мол бо роҳи қочоқ аз Афғонистон ба қаламрави кишвар ворид шуда бошад. Аммо дар раёсати гумруки вилоят тавассути гузаргоҳҳои марзӣ ва гумрукӣ ворид гардидани ин мошинро рад намуданд.

Мудири шӯъбаи ҳуқуқи идораи гумруки вилоят Манучеҳр Ниёзмамадов изҳор дошт, маҳсулоти тамоку фақат дар доираи хеле маҳдуд дар бозорҳои наздимарзии байни Тоҷикистону Афғонистон ба фурӯш бароварда мешавад. Вай гуфт, ки аммо дар робита бо воридоти ғайриқонунии маҳсулоти тамоку дар гузаргоҳи марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон «Қизиларт» нисбати як нафар тоҷири маҳаллӣ парванда кушода шуда, ҷазои маъмурӣ нисбаташ тадбиқ хоҳад гашт.

Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи манбаъҳо дар ноҳияи Ишкошим роҳҳои ворид шудани васоити нақлиётӣ бидуни гузаштан аз гузаргоҳи марзӣ ва гумрукӣ вуҷуд дошта, барзе аз қочоқбарон аз ин пайроҳаҳо истифода мекунанд. Коршиносон мегӯянд, ки эҳтимолияти вуруди маҳсулоти тамоку бо чунин тарз тавассути марз дар минтақаи Бадашон ва Панҷи поён боиси бо нархи нисбатан арзон пайдо шудани ин намуди маҳсулот дар бозорҳои ҷумҳурӣ гардидааст ва бозори дохилии маҳсулоти тамокуро танг кардааст.

XS
SM
MD
LG