Субҳи имрӯз, 20-уми июн, дар майдони марказии шаҳри Хоруғ тазоҳуроти эътирозӣ аз нав шурӯъ гардид.
Собиқ фармондеҳони нерӯҳои мухолифин дар Бадахшон зимни як нома ба президенти ҷумхурӣ хостори дахолати мустақими ӯ ба вазъи Бадахшон шудаанд.
Гурӯҳи вакилони маҷлиси шаҳрӣ ва намояндагони маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ дар як нома аз раиси вилоят Қодир Қосим тақозо кардаанд, ки зарурати вуруди нерӯҳои дохила ва амниятӣ ба Бадахшонро шарҳ диҳад.
Собиқ намояндагони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифон дар ВМКБ ба додситони вилоят Рашид Гулмадшоев ултиматум пешниҳод намудаанд, ки дар 3 соат вазифаашро тарк кунад.
Фаъол шудани ягона чароғаки роҳнамо дар чорроҳаи шаҳри Хоруғ ба як воқеаъи муҳим барои ронандагон ва сокинони шаҳр табдил шудааст.
Маросими оғози баҳрабардорӣ аз хатти нави интиқоли барқ ба Афғонистон дар Теми Бадахшон доир шуд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати вижаеро ба тасвиб расондааст, ки дар он иҷрои талабҳое, ки аз ҷумла намояндагони кумитаи гирдиҳамоӣ дар Хоруғ ба миён гузошта буданд, кафолат дода шудааст.
Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҷиноҳи Искадаров) дар Хоруғ конфронс баргузор намуд. Узви садорати марказии ҳизб Саид Шарифов изҳор дошт, ки дар ин конфронси навбатии ҳизб вазъи сиёсиву иқтисодии кишвар ва минтақа баррасӣ шуда, раиси нави бахши вилоятии ҳизби демократ интихоб шудааст.
Мақомоти шаҳрдорӣ бо ирсоли огоҳинома аз се сокини Хоруғ талаб кардааст, ки аз манзилашон хориҷ шаванд.
Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хоруғ як корманди идораи амниятиро бо айби қаллобӣ бо истифода аз мақоми хидматӣ ба муҳлати як солу шаш моҳ аз озодӣ маҳкум кардааст.
Сарфармондеҳи қувваҳои муссалаҳи Тоҷикистон муҳлати даъвати баҳорӣ ба сафи артишро то 15 рӯзи дигар тамдид кардааст.
Намояндагони собиқ Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин дар Бадахшон имруз, 27 май дар шаҳри Хоруғ як нишаст баргузор карда, дар робита бо даргирӣ дар Кӯлоб бо судури як баёния изҳори нигаронӣ карданд.
Сокинони маҳалли Рангкӯли ноҳияи Мурғоб дар нома ба мақомоти ноҳия бо изҳори нигаронӣ аз маҳрумшавии чарогоҳҳо бар асари марзбандии байниТоҷикистон ва Чин хостори ба ихтёрашон додани чарогоҳҳои нав дар дигар манотиқи ноҳия ва кумакпулӣ барои бунёди маъвоҳои нави чӯпониашон гардидаанд.
Дар вилояти Ӯши кишвари ҳамсояи Қирғизистон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ як шаҳрванди Қирғизистон ва як шаҳрванди қирғизтабори Тоҷикистон боздошт гардиданд, ки қасд доштанд, то тавассути пайраҳаҳои куҳӣ мухаддиротро аз Мурғоби Тоҷикистон ба вилояти Ӯши ин кишвар интиқол диҳанд.
Вазири маорифи Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов сабаби ба рӯзи дигар гузоштани "Занги охирин" дар мактабҳоро пурра ба охир расонидани дарсҳо номид.
Мутахассисони ҳолатҳои изтирории ВМКБ ҳамроҳ бо кормандони ширкати "Фокус" ҷиҳати хатари эҳтимолии кӯли Сарез чораҳои амалӣ меандешанд.
Роҳбари Пажӯҳишгоҳи биологии Помир академик Оғоназар Ақназаров нигарон аст, ки аз се пойгоҳи илмӣ-таҳқиқотии нодири воқеъ дар Помири Шарқӣ дутои онҳо ҳануз дар ҳолати ғайрифаъол боқӣ монда, танҳо яктоашон қисман фаъолият мекунад.
Дар ноҳияи дурдасттарини вилояти Бадахшон - Мурғоб нархи як халта орд ба 175 сомонӣ ва ё 50 доллар расидааст.
Дар маҳалли Анҷини ноҳияи Роштқалъа корҳонаи хурди коркарди сангҳои ороишӣ ба кор сар кард.
Дар Бадахшон 56 нафар ширкаткунандагони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт боқӣ мондаанд.
Ёфтҳои бештар