Мухлисони созу суруд дар шаҳри Хоруғ, нохияҳои Ванҷ, Роштқалъа ва Шуғнон ҳунарнамоии овозхони шинохта ва гурӯҳашро бо кафкӯбиҳои пурмавҷ қадр карданд. Баромади ҳунарпеша дар саҳнаи толори Донишгохи давлатии Хоруғ ахиран ба ширу шакар байни байни овозхон ва шоир Ширин Бунёд табдил шуд, ба рӯҳияи маҳфил гармии боз ҳам бештар бахшид.
Масъулини идораи фарҳанг мегӯянд, таи солхои охир барои нахустин бор аст, ки чунин як гурӯҳи ҳунарии шинохта озими Бадахшон шуда, дар маркази устон ва навоҳии он ҳунарнамоӣ мекунад.
Аммо ба гуфтаи Ширин Бунёд, мухлисони созу суруд дар Бадахшон, ки вақтҳои охир аз покӯбиҳо, ҳайоҳу ва дастафшониҳо, ки ҳарчи бештар ба шеваи баромади аксари дастаҳои хунарии минтақа табдил гардидааст, монда шудаанд ва ахиран дар симои гурӯҳи ”Сомониён “ ва роҳбари он сухан ва мусиқиеро дарёфтанд, ки шунавандаро ба андеша водор месозад.
Аммо ҳунарпешаи мардумӣ Қурбоналии Раҳмон маҳбубияти хос ба суханони Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ дар Бадахшон ва ҳусни таваҷҷӯҳи мардум ба ашъори Ҳофизу Бедилро, ки меҳвари барномаи консертиро ташкил медиханд, яке аз сабабҳои дигари пазироии гарм аз чониби мухлисон дарёфтааст. Вай баён дошт: «мухлисон бисёр талаб мекунанд, аз Румӣ ғазал хонам. Аҷоиб ин аст, ки дар вақти ҳунарнамоӣ толори пур аз одам ба дараҷае сокит мегардад, ки гуё холӣ бошад».
Ҳунарпешаи мардумӣ бо истиқбол аз завқи баланди шунаванда дар Бадахшон аз он изҳори нигаронӣ мекунад, дар ин минтақае, ки гаҳвораи санъат унвон шудааст ва санъат бештар аз ҳар ҷои дигар дар ин ҷо аз махлутшави эмин мондааст, нишонаҳои таъсири фарҳанги бегона эхсос мешавад.
Қурбоналии Раҳмон гуфт, овози асбобҳои мусиқии миллӣ дар барномаҳои ҳунарӣ зери садои васоити электронӣ торафт заъифтар ба гуш мерасад. Ӯ баён дошт: «ба ҳунарпешае дар минтақа эхтиром доштам, ки умдатан бо созҳои анъанавӣ дар дили мухлисон маъво гирифта буд, аммо чун албоми ахири сабтнамудаашро муаррифӣ кард, дар он сартопо овози асбобҳои электронӣ истфода шудааст, ки бо вазн ва сухонони овозхон намечаспанд ва маълум нест, ки ба чӣ хотир санъаткор ба ин шева даст задаст».
Дар ҷараёни сӯҳбат аз ҳунарпеша хоҳиш намудам, ки бо илҳом аз мухлисони бешумор, кӯҳҳои осмонбӯс ва табиати сабзи Бадахшон барои шунавандагон порае аз абёти дӯстдоштаашро хонад. Ҳунарпешаи мардумӣ лутф намуд:
Хоҷа дар айб аст ғарқа то ба гӯш,
Хоҷаро мол асту молаш айбпӯш.
Ҳунарпешаи мардумӣ гуфт, ки аз кайҳо боз орзуи сафари Бадахшонро дар дил мепарваридааст, аммо шафоъати устод Абуабдуллои Рудакӣ сабаб шудааст, зеро ба ифтихори 1150-солагии одамушшуарро вай тасмим гирифтааст, ҳунарнамоиашро дар саҳнаҳои як минтақаи дурафтодаи кишвар баргузор кунад.
Имрӯз, ҳунарпешаи мардумӣ бо гурӯҳаш озими ноҳияи Ишкошим гардида, дар бозгашт дили мухлисони навоеҳи Рӯшон ва Дарвозро бо созу суруд шод хохад кард.