Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бадахшон: 60 адад силоҳ супурда шуд


Собиқ фармондеҳони мухолифин дар Бадахшон пас аз дидор бо вазири дохила имрӯз, 23 июн, 60 адад силоҳ ва дуввуним ҳазор тирро ба мақомот супурданд.

Дар ин бора сардори шӯъбаи омодагии ҷангии қисми марзбонӣ дар Хоруғ Толиб Аёмбеков иттилоъ дод. Вай гуфт, тибқи тавофуқи ҳосилгардида, силоҳи боқимондаи дар дасти афроди мусаллаҳ буда чамъоварӣ ва дар ҷараёни сафари президенти кишвар ба Бадахшон, ки моҳи оянда сурат мегирад, таслим хоҳад шуд.

Бино ба гуфтаи Толиб Аёмбеков, онҳо ба ҳузури нерӯҳои марзбонӣ ва вазорати мудофиъа, ки масъулин мегуянд, ба хотири таҳкими ҳифзи сарҳадот ба минтақа фиристода шудаанд, мухолифат надоранд, аммо бар асоси созиш, 72 нафар сарбози таъиноти махсуси вазорати дохила ва амниятӣ дар рӯзҳои наздик аз маркази вилоят бароварда хоҳанд шуд.

Вай гуфт, ки ба гурӯҳи иловагии таъиноти махсус дар маркази вилоят ниёз мавҷуд намебошад ва вазифаи онҳоро чунин ниҳодҳои мақомоти қудратӣ, ки дар маҳалҳо чанд сол қабл таъсис ёфтаанд, метавонанд ба иҷро бирасонанд.

Дар ҳамин ҳол вазири дохила Маҳмадназар Солеҳов, ки чанд рӯз боз дар Хоруғ қарор дорад, ҳамчунин бо намояндагони рӯҳонии ин шаҳр мулоқот анҷом додаст. Ашратшо Ақдодов, яке аз намояндагони рӯҳонии Хоруғ гуфт, ки онҳо барои таъмини сулҳу амният ва бартараф намудани аъмоли зишт дар ҷомеъа кор хоҳанд бурд.

Ин дар ҳолест, ки дар гирдиҳамоии такрории баргузоршудаи 20 июн дар Хоруғ намояндагони гирдиҳамомадагон ихроҷи кулли нерӯҳои иловагии воридшударо ба Бадахшон талаб намуданд.

XS
SM
MD
LG