Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бадахшон халъи силоҳ шурӯъ мешавад


Акс аз бойгонии радиои "Озодӣ"
Акс аз бойгонии радиои "Озодӣ"

Вазири дохилаи кишвар Маҳмадназар Солеҳов дар Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон бо фармондеҳони собиқи опозисюни тоҷик мулоқот анҷом дод.

Бино бар иттилоъи дақиқ вазири дохилаи Тоҷикистон Маҳмадназар Солеҳов имрӯз дар бинои ҳукумати вилояти ВМКБ дар алоҳидагӣ бо 4 фармондеҳони собиқи аршади нерӯҳои мухолифин дар минтақа Имомназар Имомназаров, Толиб Аёмбеков, Мамадбоқир Мамадбоқиров ва Ёдгор Мамадасламов мулоқотҳое доир намудаст.
Баъди баргузории ин дидорҳо И. Имомназаров ба хабарнигори родиюи «Озодӣ» гуфт, ки дар он масоъили ҳалли мусолиматомези вазъи баамаломада дар робита ба нигаронӣ аз вуруди нерӯҳои интизомӣ ба маркази устони Бадахшон ва халъи силоҳ баррасӣ шудааст. Ба таъйиди ӯ, тибқи тавофуқи ҳосилгардида, аз фардо, 22-вуми июн, халъи силоҳ шурӯъ хоҳад гардид. И. Имомназаров тазаккур дод, ки сараввал, пас аз эҳсоси амнияти худ, қисме аз силоҳи дар дасти гурӯҳҳои мусаллаҳ буда ба фармондеҳони собиқ супурда шуда, кулли силоҳ моҳи оянда, ҳангоми сафари президенти ҷумҳурӣ ба Бадахшон таслими мақомот хоҳад шуд.
Ин чаҳор нафар дар як номаи қаблии худ ба раисҷумҳур изҳор намуда буданд, ки танҳо ба президент, чун сарфармондеҳу кафили конститусия ва таъмини амнияти шаҳрвандон эътимод доранд
И. Имомназаров гуфт, ки онҳо ба хотири пешгирӣ аз хунрезии эҳтимолӣ ва ҳифзи сулҳу осоиш ва амнияти шаҳрвандон барои халъи силоҳ шудани худ ризоят додаанд.
Дар ҳамин ҳол, сардори шуъбаи омодагии ҷангии қисми марзбонӣ дар Хоруғ Толиб Аёмбеков таъйид кард, ки дар мулоқот бо вазири дохилаи кишвар масъалаи халъи силоҳ баррасӣ шудааст. Аммо намояндагони вазорати дохила ва мақомоти маҳаллӣ аз тазаккури расмии муҳтавои мулоқотҳо бо вазир худдорӣ варзида, танҳо гуфтанд, ки вазир бо намояндагони мардум суҳбат кардааст. Тавре маълум гардид , вазири дохила ҳамчунин бо намояндагони рӯҳониюни шаҳри Хоруғ мулоқот кардааст.
Гирдиҳамоии такрории 20-уми июн дар Хоруғ ба муқобили вуруди нерӯҳои низомии иловагӣ ба Бадахшон доир гардид ва пас аз он, ки мақомот аз номи вазири дохила ҳалли мусолиматомези вазъи баамаломадаро замонат доданд, пароканда гардид.
Вазъияти шаҳр имрӯз ором буда, мардум дар кӯчаҳо кам ба назар мерасанд.
XS
SM
MD
LG