Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду имдодрасон дар Панҷ ғарқ шуданд


Зимни интиқоли маводи башардӯстона ду корманди бунёди Оғохон дар рӯдхонаи Панҷ ғарқ шудаанд.

Дар маҳалли Хумроғии ноҳияи Ванҷ ҷустуҷӯи ҷасади ду нафари ғарқшуда ба дарёи Панҷ, ки яке шаҳрванди Афғонистон ва дигаре шаҳрванди Тоҷикистон мебошад, идома дорад. Бино ба иттилои Раёсати корҳои дохилаи Бадахшон ин афрод кормандони дафтари инкишофии бунёди Оғохон барои Афғонистон ҳангоми интиқоли кӯмаки башардӯстона ба маҳаллоти назди марзии Афғонистон ба дарё ғарқ шудаанд. Сардори хадамоти матбуотии раёсати корҳои дохилаи Бадахшон Мизроб Доробов гуфт, ки сокини деҳаи Ёгеди ноҳияи Дарвоз Афзалшо Пулкишоев, шаҳрванди Тоҷикистон ва Абдулбасири Нузур, шаҳрванди Афғонистон ҳангоми ироаъи кӯмаки башардустона бар асари чаппа шудани қаиқ бо мавҷхо даромехта зери дарё рафтаанд. Ба гуфтаи манбаъ ҳодиса дар наздикии маҳали сохтмони пули байни Тоҷикистону Афғонистон бар фарози рӯдхонаи Панҷ, дар маҳалли Хумроғи, ба вуқӯъ пайвастааст.

XS
SM
MD
LG