Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёдбуди Нодир Шанбезода дар Хоруғ


Ин маҳфил дар доираи қарори раиси вилояти Бадахшон оид ба таҷлили 100-солагии зодрӯзи шоир ва олим Нодир Шанбезода баргузор гардид.

Муъовини раиси вилоят Бибидавлат Афзалшоева зимни қироати зиндагиномаи Нодир Шанбезода аз хизматҳояш чун як муҳаққиқи барҷастаи адабиёти классикии форсу тоҷик ёдовар шуд. Вай гуфт, ки солиёни зиёд ба ҳайси мудири шӯъбаи адабиёти нашриёти «Ирфон» фаъолият намуда, Шанбезода дар бенуқс ва бо сифати баланд омода намудани се ҷилди охири кутуби афсонаҳои шавқангези “Ҳазору якшаб”, “Куллиёт”-и Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ, ашъори мунтахаби Саид Нафисӣ, Эраҷ Мирзо ва дигар шоирон саҳм гирифтааст.

Рӯзноманигор Шоқосими Шоҳтолиб баён дошт, ки бинобар фаҳмиши амиқи адабиёти классикӣ ва тозакор будан дар омода намудани мунтахаби ашъори шуаро устод ва адабиётшиноси барҷаста Шарифҷон Ҳусейнзода Шанбезодаро «энсиклопедияи зиндаи адабиёти тоҷик» номидааст. Воқеан Шанбезода ба ҳайси сармуҳаррири шӯъбаи илми энсиклопедияи советии тоҷик низ солиёни зиёд кор кардааст.

Ба гуфтаи Қурбони Аламшо, нависанда ва рӯзноманигор, Нодир Шанбезода на фақат чун муҳаққиқи барҷаста, балки чун шоири зуллисонайн дар байни хонандагони минтақа шӯҳрат доштааст. Шанбезода - яке аз нахустин шуарои муаллифии назм ба забони шуғнӣ соли 1937-ум маҷмӯаъеро бо номи “Гулғунча” интишор додаааст, аммо носозгориҳои он давра имкон надодаанд, ки гулғунчаи назми Шуғнон ба тамом бишкуфад ва шоир зиёда аз як солро дар маҳбас гузаронидааст.

Нодир Шанбезода муаллифи маҷмӯъаҳои зиёд ба мисли “Силсилаи Бадахшон”, “Таронаи нур” “Аз боми ҷаҳон”, “Химча ва Набот” мебошад, ки дар солҳои мухталиф ба нашр расидаанд ва таълифоти нахустинаш ба забони тоҷикӣ ва ҳуруфи лотинӣ бо номи “Ғунчаҳои Бадахшон” ҳанӯз дар соли 1936-ум дар маркази ҷумҳурӣ чоп шудааст.

Овозхон Абдул баён дошт, ки шеърҳои устод содда ва равон буда, барои мусиқӣ бастан ва хондан хеле қулай мебошанд ва вай ҳанӯз дар курси чаҳоруми Донишкадаи санъат будан бо шарофати суруди ”Зебову дилситону дилорост Кӯҳи лаъл”-и устод чун сароянда ном баровардааст.

Ба ифтихори зодрӯзи шоир, олим ва муҳаққиқ ҳамчунин китоби нав таҳти унвони “Ҳосили умр” интишор шудааст, ки дар он мақолот бахшида ба фаъолияти эҷодии Нодир Шанбезода ва баргузидаи ашъораш ҷо дода шудаанд.

Маҳфилро шоир Ширин Бунёд бо як байт дар бораи Ҷамшед Шанбезода, ки бо тахаллуси Нодир Шанбезода эҷод мекард, ҳусни анҷом бахшид:

Моем пиёдагони дарбори сухан,

Шоҳаншаҳи тахти шеъри мо Ҷамшед аст.

XS
SM
MD
LG