Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти тираи дижҳои бостонӣ


Мондаҳои дижи Ямчун, ки таърихи беш аз ду ҳазорсола дорад
Мондаҳои дижи Ямчун, ки таърихи беш аз ду ҳазорсола дорад

Мақомоти маҳалии деҳоти Питупи ноҳияи Ишкошим мегӯянд, ки дар Ямчун - яке аз дижҳои бостонии минтақа ва Тоҷикистон пойгоҳи алоқаи телефонии мавҷӣ гузошта мешавад.

Сардори осоишгоҳи «Бибифотмаи Заҳро» Меҳралӣ Сафаралиев гуфт, ки имсол бештар аз 300 нафар дар осоишгоҳ дам гирифта, бо назардошти таваҷҷӯҳи афзоянда ба оби шифоии чашмаи гарми ин ҷо зарурати васли нуқтаи хизматрасонии алоқаи телефонии мавҷӣ ба вуҷуд омадааст.

Вай гуфт, ки чанде қабл тайи боздиди ахири вазири нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ аз минтақа ин мақом таҷдиди роҳи 7-километра аз масири асосии автомобилгард ба сӯи чашма ва гузоштани пойгоҳи алоқаи мухобироти мавҷиро ваъда додааст. Сардори осоишгоҳ гуфт, ки барои гузоштани дастгоҳи мавҷгирӣ қалъи Ямчун бинобар мавқеъияташ, ки аз ин ҷо пароканиши мавҷҳо доираи васеътарро дар бар мегирад, интихоб шудааст.

Аммо сокинон нигарон ҳастанд, ки пайдо шудани манораи симин дар мобайни калъа арзиши ин ёдгории бостониро коста мегардонад. Дилафруз Қушбегӣ, яке аз сокинони ноҳия, гуфт, ки вақтҳои охир ҷаҳонгардӣ ба манбаъи даромади мардуми минтақа табдил мешавад, зеро сайёҳони зиёде ба манзури шиносоӣ бо намунаҳои фарҳанги тоисломӣ ба ин ҷо меоянд. Вай гуфт, ки аммо манзараи аз як сӯ ёдгории нодири фарҳангии бостонӣ ва сӯи дигар дар мобайни он нишонаи асри техникӣ ночаспон мемонанд аз ва нигоҳи эстетикӣ нозебо буда, ва табъи сайёҳонро хира хоҳанд сохт.

Ба гуфтаи мутахассиси маркази техникии пахши барномаҳои радио ва телевизиони вилоят Алимурод Саидмиров, густариши васоити мухобиротии мавҷӣ як амри зарур аст, аммо ба ин хотир набояд ҳудуди ёдгориҳои бостонӣ истифода шаванд. Муъовини аввали раиси ноҳия Гавҳархон Баёнов изҳор дошт, ки вай низ ба кӯшиши истифодаи мавқеъияти қалъа барои насби дастгоҳи алоқаи мавҷӣ мухолиф буда, чунин мешуморад, ки онро дар нуқоти дигари ин маҳал гузоштан мумкин мебошад.

Дар ҳамин ҳол қалъаи дигари кӯҳнатарини Ишкошим бо номи Қаҳқаҳа - воқеъ дар маҳалли Намадгути ноҳияро марзбонон мақари худ қарор додаанд. Сардори осорхонаи Намадгут Одинамуҳаммад Мирзоев изҳор дошт, ки аз ҷониби марзбонон ҳодисаҳое рух дода буданд, ки онҳо монеъи боздиди сайёҳон аз қалъа шудаанд.

Мамаднозим, як сокини шари Душанбе, баён дошт, ки вай бо меҳмонон пас аз чанд сол ба зодгоҳаш барои дидорбинӣ омад, аммо марзбонон бо баҳонаи шом шудан онҳоро ба қалъа роҳ надодаанд. Вай гуфт, ки интихоби қалъа ба ҳайси нуқтаи марзбонӣ барои сайёҳоне, ки аз чунин нуқот дидан кардан мехоҳанд, мушкилот эҷод мекунад.

Сардори осорхона изҳори нигаронӣ намуд, тахрибшавии қалъа, ки ҳанӯз дар даврони собиқ шуравӣ шурӯъ шуд то ба ҳол идома дорад. Вай гуфт «солҳои панҷоҳуми асри гузашта девори калонтарини 7- метраи қалъаро канда, дар сохтмони қисми марзбонӣ истифода карданд, сипас сарбозони рус ва баталони қирғизҳо, ки барои таҳкими марз дар солҳои ҷанги шахрвандӣ ба ин ҷо интиқол шуда буд. Ва ҳоло марзбонони тоҷик дар тахрибшавии ин ёдгории нодир саҳм мегиранд».

Ин ҳам дар ҳолест, ки раиси вилоят тайи баргузории нишасти матбуотӣ дар робита бо нигаронӣ аз тахрибшавии ёдгориҳои бостонӣ аз ҷониби марзбонон ҷой гирифтани марзбононро дар дижи Намадгут кафолати ҳифз шудани ин қалъа аз вайроншавӣ арзёбӣ намуд.

Ба гуфтаи муаррихон, алҳол дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим зиёда аз 250 намунаҳои ёдгорихои бостонӣ мавҷуданд, ки ба ҳифозат ва азнавбарқароркунӣ ниёз доранд.

XS
SM
MD
LG