Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷазои марзбон барои фурӯши силоҳ


Як сарбози қисми марзбонӣ дар ноҳияи Ишкошим ба ҷурми тасарруф ва фурӯши ғайриқонунии силоҳи оташфишон бо ҳукми додгоҳи гарнизони ҳарбии Хоруғ ба мӯҳлати як солу ду моҳ аз озодӣ маҳрум шуд.

Додгустар Тоҳир Искандаров гуфт, дар ҷараёни мурофиъа собит гардид, ки сарбоз аз хазинаи қисми марзбонӣ таппончаи «Макаров»-ро ба мақсади ба даст даровардани пул рабуда, дар бозори марзии Ишкошим онро ба шаҳрванди Афғонистон фурӯхтааст. Ба гуфтаи додгустар, аммо ҳуввияти шаҳрванди афғонистонӣ маълум нашуда, барои мақомоти тафтишотӣ танҳо ном ва қиёфаи эҳтимолии харидори силоҳ ошкор шудааст ва ҳамакнун дар сурати дар бозори марзӣ пайдо шудани ин нафар вай боздошт хоҳад шуд.

Додгустар афзуд, ки аммо пас аз маълум шудани ғасби силоҳ аз хазинаи қисм ва ба ҷавобгарӣ кашидани сарбоз ашхоси барои тафтишон номаълум силоҳи рабударо баргардонданд ва ин ҳолат ба таъини муҷозоти сабуктар нисбати сарбоз сабаб шудааст. Аммо додгоҳ афсари хазинабони силоҳи қисми марзбонро, ки мақомоти тафтишотӣ ба хунукназарӣ айбдор намуда буд, сафед кардааст. Додгустар баён дошт, ки сарбоз бидуни огоҳӣ ва маслиҳат бо хазинабон силоҳро тасарруф намудаст.

Ба гуфаи коршиносон барои нахустин бор аст, ки дар Бадахшон як хизматчии ҳарбии ба ҷурми тасарруфи силоҳ ва кӯшиши фурӯши он ба шаҳрванди Афғонистон муттаҳам мешавад. Аммо ҳодисаҳои тасарруфи ғайриқонунии силоҳ ва додани онҳо ба дасти афроди мулкӣ ба хотири шикор аз ҷониби хизматчиён қаблан низ ҷой доштаанд.

XS
SM
MD
LG