Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъъолшавии пойгоҳи нодири илмӣ


Ба дунболи имзои Созишнома байни сарони Тоҷикистон ва Русия алҳол корҳои фаъъолсозии ин пойгоҳи нодирро шурӯъ намудааст.

Ба гуфтаи академик Оғоназар Ақназаров, олимони тоҷик нахуст бо ҳамтоёни рус дар мавриди фаъъолсозии пойгоҳ кор мебаранд, аммо мақоми байналмилалии пойгоҳ ширкати олимони соҳаи омӯзиши нурҳои кайҳонии мамолики дигарро дар мавриди фаъъолсозӣ ва имкони баҳрабардори аз натоиҷи таҳқиқотии он истисно намекунад.
Оғоназар Ақназаров афзуд, ки қаблан мутахассисони давлатҳои Жопун, Перу, Лаҳистон, Боливия дар заминаи ин пойгоҳ бо олимони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамкорӣ дошта, чанд сол пеш гурӯҳи олимони Фронсавӣ ба имкони баҳрабардорӣ аз ин пойгоҳ таваҷҷӯҳ зоҳир карданд. Академик Ақназаров ҳамкории олимони мухталифро кафолати маблағгузорӣ ба хотири фаъъолияти муназзами ин пойгоҳи нодир арзёбӣ мекунад.
Ба гуфтаи ин олим, мутахассисон натоиҷи таҳқиқоти нурҳои кайҳониробарои истифода дар физикаи бунёдӣ пурарзиш мешуморанд. Бино бар мавҷудияти бештари нурҳои ултрабунафш, мегӯяд вай, рангорангӣ ва таъсирнокии онҳо дар ин минтақаи баландкӯҳ сифати корҳои таҳқиқоти нурҳои кайҳониро дар ин пойгоҳ муайян сохта, ҳанӯз дар солҳои 70-уми асри гузашта тасмими бунёди чунин пойгоҳи омӯзиши нурҳои кайҳонӣ дар инҷо гирифта шуда буд. Олим мутазаккир шуд, ки ин пойгоҳи нодир аз соли 1993 то ба ҳол ғайрифаъъол будааст.
Коршиносон ихтилофи назар ва баҳс бар сари молик будан ба онро байни Фарҳангистони улуми Иоҷикистон ва Академияи улуми Русияро яке аз сабабҳои то имрӯз ғайрифаъъол боқӣ мондани пойгоҳ мешуморанд.
Дар ҳамин ҳол, дар санади имзошуда байни сарони ду кишвар моликияти Тоҷикистон будани пойгоҳи омӯзиши кайҳонии Помир-Чиқалтой эътироф ва ҳамкории тоҷику рус барои фаъъолсозии ин таъкид шудааст. Хушбахтона, олимони Пажӯҳишгоҳи биологии Помири АУ Тоҷикистон тавонистаанд, ки ин пойгоҳро ҳифз ва дар ҳолати корӣ нигоҳ доранд.
Дар ҳамин ҳол дар Помири шарқӣ ҳамчунин як пойгоҳи илмии нодири дигар – расадхонаи астрофизики Шурбулоқ ғайрифаъъол ва аз доираи таваҷҷуҳ берун боқӣ мемонад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар заминаи пойгоҳи омӯзиши нурҳои кайҳонии Помир –Чиқалтой дар маҳалли Акархари ноҳияи Мурғоб маркази байналмилалии таҳқиқотӣ таъсис меёбад.
XS
SM
MD
LG