Як рӯз қабл чунин мулоқоти пешвои исмоилиён дар маркази ноҳияи Ишкошим анҷом шуд. Нуқтаи муҳиме, ки дар паёмаш ӯ ироа кард, ин буд, ки бо зикри пешрафти чашмгир дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии кишвар куллан аз байн бурдани фарҳанги силоҳ ва маводи мухаддарро омили муҳимтарини таҳкими рушд арзёбӣ намуд.
Рӯзи 3-юми ноябр дар маркази устони Бадахшон бо ширкати Шоҳзода Оғохони IV, муъовини аввали сарвазири ҷумҳурӣ Асадулло Ғуломов ва руасои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодир Қосим ва вилояти Бадахшони Афғонистон муншӣ Абдулмаҷид маросими гузоштани хишти нахустини ҷамоъатхона баргузор гардид. Шоҳзода Карим Оғохони-IV гуфт, вай бовар дорад, ки ҷамоъатхона чун суннатҳои дигари исломӣ дар фазои фарҳангӣ, ахлоқӣ, маърифатӣ ва иҷтимоӣ ва хизмати ҳамбародаронаи мазоҳиб ва адёни мухталиф нақш мегузорад.
Вай изҳор дошт, ки ташкилоти Оғохон дар ҳамкорӣ бо президенти кишвар ва мақомоти маҳаллӣ барои сифатан беҳтар сохтани фазои ҳаёти иҷтимоӣ бо роҳи дастрасӣ ба оби тоза дар кулли манотиқ, интиқоли барқ ба ҷойҳои зисти мардум, беҳтар намудани сифати хизматрасонии маърифатӣ ва тандурустӣ ва ҳифозати анъана ва ёдгориҳои таърихӣ фарҳангӣ талош меварзанд.
Раиси вилоят Қодир Қосим бунёди ҷамоъатхона дар маркази устони Бадахшонро воқеъаи таърихӣ унвон кард. Вай гуфт, ки бунёди чунин маркази фарҳангӣ-маърифатӣ ба шарофати истиқлолият ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва озодии виҷдон, ки Конститусияи Тоҷикистон кафолат медиҳад, амалӣ шудаанд.
Дар ин рӯз Шоҳзода Карим ва муъовини аввали сарвазир ҳамчунин аз боғи марказии фарҳангӣ ва фароғатии шаҳри Хоруғ, ки тибқи лоиҳаи Ташкилоти Оғохон оид ба рушд таҷдид шудааст, дидан намуданд. Сипас Шоҳзода Карим ба фаълоияти мактаби касбии назди Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, ки алҳол дар он зиёда аз 100 нафар дуредгарӣ, хиштчинӣ ва дигар касбҳои барои сохтмон зарурро меомӯзанд ва аз ҷойи сохтмони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ шинос шуд.
Дар ҷараёни сафар ӯ ҳамчунин бо раиси вилоят Қодир Қосим мулоқот намуда, дар он масоили ҳамкории мақомоти маҳаллӣ ва Ташкилоти Оғохон оид ба рушд баррасӣ шудаанд.
Боздиди пешвои исмоилиҳои ҷаҳон аз Бадахшон дар доираи сафари шашрӯзааш ба Тоҷикистон ба вӯқуъ пайваст. Шоҳзода Карим Оғохон қаблан дар Душанбе бо президент Эмомалӣ Раҳмон мулоқот анҷом дод. Пас аз зӯҳри имрӯз вай ба Душанбе ва аз он ҷо, тибқи иттилоъи хадамоти матбуотӣ, ба Бишкек парвоз хоҳад намуд.