Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳре, ки маркази фарҳангӣ надорад


Сардори идораи фарҳанги шаҳри Хоруғ изҳори нигаронӣ намуд, ки аз набуди хонаи фарҳанг ҳунармандони шаҳр барномаҳои консертиро дар ҷойҳои номуносиб мураттаб месозанд.

Маҳингул Назаршоева, сардори идораи фарҳанги шаҳри Хоруғ, гуфт, алҳол санъаткорон барои омода намудани барномаи консертӣ дар таҳхона машқ мегузаронанд ва барои ширкат дар фестивал-озмуни ҷумҳуриявӣ толорҳои варзишии макотибро истифода бурданд.

Маҳингул Назаршоева баён дошт, кормандони идораи фарҳанг ва санъаткорон батадриҷ аз 5 хонаи фарҳанги мавҷуди шаҳр, ки дар солҳои гуногун хусусӣ гардиданд, ба як гӯшаи шаҳр ронда шуданд. Сармутахассиси идораи фарҳанги вилоят Баҳодур Рашидбеков мегӯяд, ки аз тобеъияти идораи фарҳанг хориҷ будани хонаҳои фарҳангӣ ба ҳайси як баҳона барои хусусигардонии хонаҳои фарҳанги шаҳр истифода шудааст.

Ба гуфтаи Маҳингул Назаршоева, ахиран мақомоти вилоятӣ бо таваҷҷӯҳ ба мушкилоти фарҳанг барои кормандони идорӣ дар бинои шаҳрдорӣ ҷо додаст, аммо санъаткорон ҳанӯз бинобар набудани ҷо машқро дар таҳхона мегузаронанд.

Овозхон Шодигул Мамадносирова изҳор дошт, ки алҳол онҳо ба омода намудани як барномаи консертӣ машғул ҳастанд, аммо дар таҳхонае, ки машқ мегузаронанд, ҷойи кории муҳосибон ва кормандони идораи фарҳанг буда, шароити оддитарин барои тайёр намудани барномаи ҳунарӣ мавҷуд намебошад.

Ба гуфтаи овозхон Абдушаҳид Саодатшоев, таҳхона на фақат саҳнаи тангу номуносиб барои раққосаҳо ҳаст,балки дар мавридҳое ки овозхонҳо ба шавқ омада бо садои баланд сурудхонӣ мекунанд, кормандони дар утоқҳои кории шаҳрдорӣ буда нороҳатӣ эҳсос мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи сардори идораи фарҳанги шаҳр мушкилоти асосоии омодасозии барномаҳои ҳунарӣ бар души идораи фарҳанги шаҳр аст.Вай афзуд, ки чанде қабл дар чунин як барномаи фарҳангӣ дар робита бо сафари як шахси воломақоми ҷумҳурӣ ба минтақа зиёда аз 2 ҳазор нафар санъаткорон ҷалб шуда буданд.

Аз сӯи дигар ҳунамандони театри мусиқӣ-мазҳакавии вилоятӣ мегӯянд, ки онҳо омодагӣ ба озмуни «Парасту»-ро оғоз намудаанд, аммо бинобар дар таъмир қарор доштани бинои театр дар фикри пайдо намудани ҷой барои машқгузаронӣ ҳастанд.

Ҳунарпешаи театр Ҷобир Хубоншоев бо ёдоварӣ аз ширкат дар «Парасту»-и қаблӣ гуфт, намоишномаи «Хатои охирини Афлотун», ки аз ҷониби мухлисон ва ҳакамон ба яке аз ҷойҳои аввал сазовор дониста шуд, дар шароити хеле душвор тайёр шудааст. Вай иброз дошт, ки дар роҳрав ва ҳатто автомобилсаро машқ гузарондем. Дар ҳамин ҳол бархе аз сокинони шаҳр изҳори нигаронӣ мекунанд, ки бинобар адами саҳна дар шаҳр онҳо аз натоиҷи баргузории озмунҳо фақат пас аз даври ниҳоӣ аз тариқи оинии нилгуни марказӣ баҳравар мешаванд.

Аммо масъулини мақомоти вилоятӣ мегӯянд, ки онҳо як тарафи бинои чопхонаро дар ихтиёри идораи фарҳанги шаҳр гузоштанд ва пас аз чанд моҳи таъмир мушкилоти ҳаваскорони санъат ва аз соли оянда бо анҷоми азнавсозии бинои театр мушкилоти ҳунарпешагони театр ва тамошобин ҳал хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG