Ба гуфтаи сарпизишки идораи тандурустии вилоят Шодӣ Ҷамшедов, ҳолати садамавии бино ҷиҳати қариб 40 сол боз рӯи таъмири асосиро надиданаш ва эҳсоси намнокӣ дар утоқҳои он бинобар дар наздикии чашма қарор доштани бино зарурати кӯч додани беморхонаро ба макони дигар ба вуҷуд овардааст.
Иҷрокунандаи вазифаи сарпизишки бемористони вилоятии бемориҳои рӯҳӣ Ҳарамбегим Шогунбекова мегӯяд, намӣ боиси дар байни беморон паҳн шудани касалиҳои шадиди узвҳои нафаскашӣ ва таносул шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар бемористон барои табобати 60 кас ҷой муҳайё шудааст, аммо мавридҳое мешавад, ки ҷиҳати камбуди ҷой онҳо наметавонанд беморонро қабул кунанд. Хонум Шогунбекова гуфт, таъмини беморон бо маводи ғизо таи солҳои охир беҳбудӣ ёфтааст, аммо ниёз ба пӯшока ва ҷиҳоз барои хоб ҳанӯз шадидан эҳсос мешавад.
Иҷрокунандаи вазифаи сарпизишк изҳор дошт, дар байни бемороне, ки аз кулли манотиқ дар бемористон ҷо дода шудаанд, ашхосе ҳастанд, ки аз соли 1992 то ба ҳол касе аз ҳолашон хабар нагирифтааст. Вай гуфт, ки чанде қабл як сокини ноҳияи дурдасти Бадахшон барои гирифтани духтараш омада, як бемори дигарро аз ҳамсоядеҳааш шинохтааст, ки зиёда аз 10 сол боз касе вайро хабар намегирифтааст. Ҳарамбегим Шогунбекова афзуд, ки бо хоҳиши пизишкон ин нафар ҳамчунин бемори ҳамсоядеҳаро бо худ бурдааст, аммо хонавода вайро қабул накардааст ва акнун он бемор дар хонаи шахси хайрхоҳаш кор мекунад ва нон мехӯрад.
Ҳарамбегим Шогунбекова гуфт, ки шояд бинобар ҳарос аз чунин ҳаводис хешовандони бархе аз маризон аз онҳо дурӣ меҷӯянд ва солҳо боз онҳо дар бемористон мондаанд.
Дар дастгирии молии ин бемористон созмонҳои байнулмилал саҳми чашмгир доштаанд. Ҳамчунин, сокинони деҳоти ноҳия алҳол 5 тонна себ ва 2 тонна картошка ба бемористон кӯмак намудаанд. Сардори идораи тандурустии вилоят изҳор дошт, ки барои сохтмони бинои нав вазорати тандурустӣ 500 ҳазор сомонӣ ихтисос додаст. Аммо алҳол ба хотири ҷилавгирӣ аз фурӯравии эҳтимолии бом ва зери барфу борон намондани беморон болопӯши бемористон оҷилан таъмир мешудааст.