Ду зиндонии узбак, ки муҳлати адои ҷазояшон дар Тоҷикистон ба поён расидааст, аз мақомоти кишвар хостаанд, онҳоро ба ватанашон нафиристанд. Дафтари СММ дар Душанбе мегӯяд, як зиндонии дигари узбак аз онҳо хостааст, барои истирдод нашуданаш ба Узбакистон ёрӣ кунанд.