Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

60 ҳазор мулкиву низомӣ ба парад омода мешаванд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар назар аст, ки дар маросими таҷлил аз 25-солагии истиқлоли Тоҷикистон беш аз 60 ҳазор фарди низомию мулкӣ ширкат кунанд. Бино ба иттилои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, дар маросими расмии гашт ё паради низомӣ, беш аз 16 ҳазор ҷузъу томҳои мухталиф, бо шумули бонувони низомӣ, иштирок хоҳанд кард.

Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи ин вазорат ба Радиои Озодӣ гуфт, тамринот барои расми гузашт се моҳи пеш шурӯъ шуда ва қарор аст, гашти низомӣ рӯзи 8 сентябр дар майдони Дӯстии шаҳри Душанбе баргузор шавад. Вай гуфт, “дар ин расми гузашт беш аз 16 ҳазор нафар ҳайати шахсии ҷузъу томҳои тамоми сохторҳои қудратии мамлакат ширкат хоҳанд кард. Ин сеюмин паради ҳарбӣ аст, ки дар он низомиёни зан ҷалб гардидаанд. Дар парад аз техникаи ҳарбӣ ва ҳавопаймоҳо истифода нашуда, аммо низомиёни аспсавор ё кавалерия ва сагҳои хизматӣ аз майдон хоҳанд гузашт.”

Бино ба маълумоти Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, субҳи рӯзи 9 сентябр ҳудуди 50 ҳазор донишҷӯву шогирди мактабҳо ва кормандони ниҳодҳои давлатӣ аз хиёбони Рӯдакӣ то Исмоили Сомонӣ раҳпаймоӣ кунанд. Тамринот ё “маршировка”-и ин афрод дар фасли тобистон сурат гирифт ва донишҷӯёну мактаббачаҳо аз имкони тафреҳу истироҳат дар таътили тобистона маҳрум мондаанд.

Хароҷоти баргузории ин тантанаҳои пурдабдабаро мақомоти Тоҷикистон нашр намекунанд, вале мунтақидон харҷи чунин идҳоро миллионҳо доллар мегӯянд."

Чунин “намоишҳои театрикунонидашуда” дар Тоҷикистон ҳар сол чанд бор – дар иди Ваҳдат, дар ҷашнҳои истиқлолу Наврӯз ва ҳамин тавр, ба муносибати тақрибан ҳар сафари кории раисиҷумҳур ба ин ё он ноҳия ташкил мешаванд. Дар ин маъракаҳо ҳазорон ё ҳадди ақал садҳо нафар аз толибилмону донишҷӯён ҷалб шуда, миллионҳо доллар барои таҳияи ин намоишҳои театрикунонидашуда, аз ҷумла барои харидану дӯхтани сару либос барои ин садҳо “ҳунарпеша”-и худрӯ, масраф мешавад.

Аз ҷумла, дар намоиши театрикунонидашудае, ки шоми 27 июн дар варзишгоҳи Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон ба муносибати солгарди 19-уми имзои созишномаи сулҳ бо ҳузури раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон доир шуд, 4500 нафар – донишҷӯёну толибилмон ва ҳунармандон ҷалб шудаанд. Ин баробари 15 дарсади аҳолии маркази маъмурии Бадахшон буда, мардум тақрибан ду моҳ барои ҷашни Рӯзи Ваҳдат ҳар рӯз машқ мекарданд.

Дар Душанбе низ волидони садҳо донишҷӯ аз маъмурияти донишгоҳҳо ва садҳо толибилм аз мактабҳояшон огоҳинома гирифтанд, ки ширкати фарзандонашонро дар маршировкаҳои навбатӣ ба муносибати солгарди 25-уми истиқлоли Тоҷикистон, ки рӯзи 9 сентябр таҷлил мешавад, таъмин кунанд.

Ба гуфтаи Акрамҷон Олимов, сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанг, 25-солагии истиқлоли Тоҷикистон на танҳо дар Душанбе, балки дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар таҷлил шуда ва ҳар минтақа вобаста ба қудрат ва тавоноияш садҳо нафар ва низ асосан донишҷӯёну хонандагони мактабҳоро ба намоишҳои театрикунонидашудаи маҳаллӣ ҷалб мекунад. Акрамҷон Олимов гуфт, ки ҳоло дар водии Рашт қарор дорад ва раванди омодагиҳо ба намоиши театрикунонидашудаи маҳаллиро барои ҷашни истиқлол назорат мекунад.

Хароҷоти баргузории ин тантанаҳои пурдабдабаро мақомоти Тоҷикистон нашр намекунанд, вале мунтақидон харҷи чунин идҳоро миллионҳо доллар баршумурда, мегӯянд, дар ҳоле, ки сеяки аҳолии ин кишвар зери хатти фақр ба сар мебарад, мақомот ҳар сол барои чунин ҷашнҳои пуршукӯҳ, вале бесамар маблағҳои ҳангуфтеро харҷ мекунанд. Зимнан масъулони Вазорати молияи Тоҷикистон аз шарҳи ин мавзӯъ худдорӣ карданд.

Хуршеди Атовулло, раиси Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон мегӯяд, бояд ҳангоми омодагиҳо ба ташкили як чунин чашни бошукӯҳ, вазъияти иқтисодии кишвар дар назар гирифта шавад.

Хуршеди Атовулло.
Хуршеди Атовулло.

“Дар шароити бӯҳрони молӣ баргузор кардани ҷашнҳои пуршукӯҳу серхарҷ ба манфиати иқтисоди Тоҷикистон, ки дар нимсолаи аввал нақшаи даромади буҷет иҷро нашуд, нахоҳад буд. Вале ин, ки мақомот мегӯянд, барои ҷалби донишҷӯёну мактаббачагон маблағ ҷудо кардаанду онҳо бо хӯрок, ҷойи хоб ва маош таъмин мешаванд, ин иқдом дар муқоиса ба тантанҳои солҳои пешин қадами мусбат аст. Хуб мебуд, дар баробари тантанаҳои ҷашнӣ, маросими ифтитоҳи корхонаҳою фабрикаҳои нав анҷом мешуд, ба манфиати мардум мебуд”.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 25 август зимни мулоқот бо сокинони ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон таъкид дошт, “дар рӯзҳои ид ва гузарондани тӯю маъракаҳо бо дарназардошти вазъи замона, аз ҷумла таъсири манфии буҳрони молиявию иқтисодӣ ба буҷаи ҳар оила ба хароҷоти беҳуда намоишкорию зоҳирпарастӣ роҳ дода нашавад.”

Баъди фурӯпоши Иттиҳоди Шӯравии собиқ дар соли 1991, Тоҷикистон худро кишвари мустақил эълон кард, вале бо гузашти як сол гирифтори ҷанги харобиовари шаҳрвандӣ шуд, ки 5 сол идома кард. Шумори қурбониёни ин ҷанг беш аз 100 ҳазор нафар гуфта мешавад, садҳо ҳазор тани дигар бесарпаноҳ монданд.

XS
SM
MD
LG