Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Пули нақби "Истиқлол" ба кисаи дигарон рафтааст"


Дилмурод Давлатзода, раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон.
Дилмурод Давлатзода, раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон.

Масъулони Палатаи ҳисоби Тоҷикистон мегӯянд, ки беш аз чор миллион сомонӣ пули таъмиру тармими нақби "Истиқлол" дар ағбаи Анзоб ба ҷайби афроди алоҳида рафтааст.

Дилмурод Давлатзода, раиси Палатаи ҳисоб, ки 5 август дар рӯбарӯи хабарнигорон суҳбат мекард, гуфт, дар ин бора ба Додситонии кулл номаи расмӣ фиристода ва идомаи корро ба дӯши онҳо гузоштаанд. Ӯ гуфт, «аз ин ҳисоб 1 миллиону 75 ҳазор сомонӣ ғайримақсаднок истифода шуда, бақияаш изофанависист.»

Абдувоҳид Мирзоев, корманди масъули ин ниҳод, ки дар санҷиши ҷараёни бозсозии нақби “Истиқлол” иштирок кардааст, низ дар суҳбати алоҳида бо Озодӣ гуфт, “дар ин кор ширкати эронии “Собир” гуноҳ надорад”. “Ин зарари молӣ дар натиҷаи роҳ додан ба саҳлангорӣ аз сӯи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Вазорати нерӯи Эрон ва инчунин, мушовири байналмилалӣ ба вуҷуд омадааст,» - афзуд ӯ.

Мирзоев таъкид кард, дар санадҳои муҳосибони нақби “Истиқлол”, инчунин, ҳаҷми корҳои иҷрошуда иштибоҳӣ 57,6 ҳазор доллар нишон дода шудааст. «Ба илова, ба миқдори 131,9 ҳазор доллар корҳое, ки дар лоиҳаи тармиму бозсозӣ мавҷуд набуд, иҷро гардидааст. Яъне, то ҳол лоиҳаи равшансозӣ ва ҳавокашӣ (вентелятсия)-и нақби “Истиқлол” таҳия нашуда, аммо барои харидории таҷҳизоти онҳо маблағи пешпардохт ҷудо шудааст,» - шарҳ дод ӯ.

Тибқи иттилои манобеи расмии Тоҷикистон, дар аввалҳои соли 2014 миёни Тоҷикистону Эрон дар мавриди тармиму бозсозии нақби “Истиқлол” созишнома имзо шуда буд, ки ҳазинаи умумии он ҳудуди 12 миллион доллари амрикоӣ пешбинӣ гардид. Саҳми Эрону Тоҷикистон дар пардохти ин маблағ баробар буд.

Масъулони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯянд, дар ин муддат ба миқдори 7,3 миллион доллар корҳои бетонпӯшии фарши нақб ва тармиму барқарорсозии системаи обпарто анҷом шудааст. Яъне, обҳои ҷории зеризаминӣ тавассути лӯлаҳои калон ба туннели ҳавогузар интиқол мешавад. Дар болои лӯлаҳои обгузар то баландии 40 сантиметр бетонрезӣ карда, барои мошинҳо роҳ ҳамвор шудааст. Ҳамакунун аз ҳисоби маблағҳои боқимонда тарҳи равшансозӣ ва ҳавокашӣ таҳия мешавад.

Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ дар ҳафтаи ҷорӣ гуфт, ҳанӯз корҳои тармиму бозсозии нақби “Истиқлол” такмил нашуда ва ҷониби Тоҷикистон ба давлати Эрон барои ҷудо кардани маблағҳои иловагӣ муроҷиат кардааст. Ҷониби Эрон ба ин пешниҳод ҳанӯз посухе надодааст. Ӯ гуфт, “дар иншоот то ҳол корҳои равшнанамоӣ, рангу бор, ҳавокашӣ, сӯхторхомӯшкунӣ ва насби дурбинҳои назоратӣ иҷро нашудаанд. Ҳоло бояд лоиҳа таҳия шуда ва тибқи он Тоҷикистону Эрон барои иҷрои ин корҳо маблағи заруриро ҷудо кунанд. Чанде пеш ҳайати Вазорати неруи оби Эрон ба Тоҷикистон омада буд. Онҳо гуфтанд, ки давлати Эрон пешниҳоди Тоҷикистонро баррасӣ мекунад”.

Нақби "Истиқлол" дар 75-километрии роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд ҷойгир аст ва минтақаи шимоли кишварро ба ҷануб мепайвандад. Тарҳи сохтмони ин нақбро ҳанӯз охири солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ муҳандисони рус оғоз карда, вале ба сабаби сардии ҳаво ва ҷорӣ шудани об корро қатъ намудаанд.

Дар соли 2003 корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот аз сар гирифта шуда, барои иҷрои ин тарҳ Эрон 31 миллион доллар ихтисос дода буд, ки 10 миллион доллари он кумаки билоивази Эрон ба Тоҷикистон буд.

Ширкати “Собир”-и Эрон аз аввалҳои соли 2003 корро дар нақби “Истиқлол” сар карда, 23 марти соли 2006, баъд аз сӯрох кардани кӯҳ ва нотамом мондани кор дар нақб, онро ба истифода супурд. Бо гузашти як даҳсола ин тарҳи нотамом дар ҷомеаи Тоҷикистон, ки ба унвони як тарҳи номуваффақи эронӣ шинохта мешуд, бозсозӣ гардид.

Мақомоти палатаи ҳисоби Тоҷикистон мегӯянд, дар маҷмуъ дар шаш моҳи соли ҷорӣ 215 санҷиши аудитӣ гузаронда шуда ва ба маблағи 41 миллиону 338 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардидааст. Дилмурод Давлатзода, раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон, рӯзи 5 август дар нишасти хабарӣ гуфт, асосан зарарҳои ошкоршуда хароҷоти ғайриқонунии пуливу молӣ, камомад, тасарруфи маблағ, изофанависӣ, маблағҳои кам ҳисобшуда ва рӯпӯш кардани андоз ҳисоб меёбанд. Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, дар натиҷаи корҳои аудитӣ дар нерӯгоҳи Норак ба ҳангоми насби “Дастгоҳи тақсимкунаки кушоди 500КВТ” ҳудуди 8 миллион сомонӣ зарари молӣ ошкор шудааст.

XS
SM
MD
LG