Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, роҳи бозгашти тоҷикони пушаймоншудаи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” аз Сурия ва Ироқ чор моҳ боз баста аст. Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, давоми 8 моҳи ахир 152 шаҳрванди Тоҷикистон, ки аксаран узви ДИИШ будаанд, ба ватан оварда шудаанд. Муҳаммадризо Халифазода, сухангӯи Додситонии кули Тоҷикистон мегӯяд, аксари ин шаҳрвандон аз фурудгоҳҳои дигар кишварҳо боздошт шудаанд ва шуморе каме аз онҳо бо талоши наздиконашон аз роҳи сафар ба Ироқу Сурия баргардонида шудаанд.
Аммо як ҳамсӯҳбати дигари мо аз мақомоти қудратӣ гуфт, давоми чаҳор моҳи ахир ягон ҷавони тоҷик аз Сурия ва Ироқ ба ватан барнагаштааст. Ҳарчанд, шумораи ҷавонони пушаймоншуда зиёданд, вале ба гуфтаи ӯ, роҳҳои берун шудани аз ҳудудҳои таҳти назорати ДИИШ мушкилтар шудааст. Қаблан, ДИИШ то наздикии марзи Туркияро аз дохили хоки Сурия таҳти назорат мекард, вале дар чанд моҳи ахир аз марз ронда шудааст.
Барои мисол, ҳоло як узви пушаймоншудаи ДИИШ то расидан ба марзи Туркия маҷбур аст, ҳудудҳои зери назари созмони тундрави Ҷабҳаи Фатҳи Шом, размандагони курд, гурӯҳҳои таҳти ҳимояти Туркия ва ё минтақаҳои таҳти назари нерӯҳои давлати Сурияро убур кунад, ки ҳар кадоми онҳо зиддияти оштинопазире бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” доранд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи мақомот ҳоло бозгашти тоҷикони пушаймоншуда аз Сурия ва Ироқ хеле мушкил шудааст.
То чор моҳи пеш аз оғози нооромиҳо дар Сурия ва Ироқ аз он ҷо наздик ба панҷоҳ тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо эҳсоси пушаймонӣ ба ватан баргаштаанд. Афроди дигар аксаран аз роҳи Туркия ба ватан баргаштаанд. Тибқи иттилои расмӣ аз 133 нафар узви гурӯҳи “Давлати исломӣ”, ки ихтиёрӣ ба ватан баргштаанд ва ё истирдод шудаанд, 77 нафар мавриди авф қарор гирифтаанд.
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 19-уми сентябр дар Душанбе гуфтааст, бо тақозои вазорат дар ин муддат 151 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба терроризм ва ифротгароӣ муттаҳам шудаанд, аз дигар кишварҳо ба ватан истирдод кардаанд.
Рамазон Раҳимзода дар ин бора зимни суханронӣ дар ҳамоиши тарҳи “Калкан”-и Интерпол пулиси байналмилалӣ сӯҳбат кардааст. Вазорати умури дохилӣ бо нашри баёнияе гуфт, аз ҷумлаи ин афрод 133 нафар узви гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ”, 5 нафар узви созмони “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, 4 нафар аз гурӯҳи фармондеҳи ошӯбгар Абдуҳалим Назарзода ва як нафарӣ аз гурӯҳу созмонҳои “Ҳизбу-ут-Таҳрир”, Ҳаракати Исломии Узбакистон, “Салафия”, “Гурӯҳи 24” ва “Ҷамоати Таблиғ” будаанд.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ба ҳамкасбони худ дар Туркия, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Афғонистон барои ҳамкорию мусоидат дар боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон ибрози сипос кард.
Бисёре аз афроди боздоштшуда дар сафи гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” дар набардҳои Ироқу Сурия ширкат доштаанд. Бино ба иттилои вазорати корҳои дохилӣ дар зарфи 1,5 соли ахир 75 шаҳрванди тоҷик аз ширкат дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ибрози пушаймонӣ карда ва довталабона ба Тоҷикистон бозгаштаанд. Мақомот мегӯянд, ки беш аз 1100 шаҳрванди Тоҷикистон барои ширкат дар ҷангҳо ба Ироқу Сурия рафтаанд ва то кунун хабари марги зиёда аз 300 нафари онҳо расидааст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳамоиши дурӯзаи “Ҷангҷӯёни террористии хориҷӣ:таҳдидҳо ва масъулиятҳо”, ки дар меҳмонхонаи “Шератон”-и Душанбе баргузор мешавад, намояндагони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи 13 кишвари ҷаҳон ширкат доранд. Тоҷикистон, ки чандин сол пеш ба Интерпол пайваст, аз кишварҳои узви ин созмон хостааст, дар дастгир кардан ва ба Тоҷикистон бозгардонидани даҳҳо нафари муттаҳам ба терроризму ифротгароӣ ва дигар ҷиноятҳои сангин кӯмак кунанд.