Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот СМС-и таҳдидомези Гулмурод Ҳалимовро рад карданд


Се ниҳоди қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дарёфти паёмаки таҳдидомез аз Гулмурод Ҳалимов, сардори пешини ОМОН ва ҳоло "вазири ҷанг"-и гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро рад карданд. Аммо ҳамзамон гуфтанд, ин масъала мавриди санҷиш аст ва аз ҳайати низомӣ хоста шудааст, ки дар сурати гирифтани ҳамагуна паёмаки таҳдидомез онҳоро хабардор кунанд.

Рӯзи 6-уми сентябр хабаргузории "Рейтер" аз қавли манобеи қудратии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ҳафтаи гузашта нирӯҳои тоҷик аз Гулмурод Ҳалимов паёмҳои таҳдидомез дарёфт кардаанд. Ба иттилои манбаъ, Ҳалимов дар ин паёмакҳояш гуфтааст, ки сарбозонро бо 25-солагии истиқлолияти Тоҷикистон "табрик" хоҳад кард. Иттилое. ки мақомоти расмии Тоҷикистон таъйид накарданд.

Вокуниши нирӯҳои марзбонӣ, ВКД ва додситонӣ

Фикр мекунам, ин як овоза аст, ки дар остонаи таҷлили аз 25-солагии истиқлолияти Тоҷикистон ба мақсади ноором кардани вазъият паҳн шудааст.
Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи ВКД

Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи нирӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, рӯзи 7-уми сентябр гуфт, ки "дирӯз ҳайати шахсӣ вазифадор шуд, дар сурати дарёфти чунин хабар, билофосила ба раҳбарият иттилоъ диҳад." Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар мавриди дарёфти паёмакҳои Гулмурод Ҳалимов ибрози беиттилоӣ кард ва гуфт, "агар чунин ҳодиса рух медод, ҳатман хабардор мешудем. Фикр мекунам, ин як овоза аст, ки дар арафаи ҷашни 25-солагии истиқлолияти Тоҷикистон ба мақсади ноором кардани вазъият паҳн шудааст."

Муҳаммадризо Халифазода, сухангӯи Додситонии кулли Тоҷикистон, дар вокуниш ба хабари ирсоли паёмакҳои Гулмурод Ҳалимов ба кормандони сохторҳои қудратӣ гуфт, "тоза аз ин иттилоъ пайдо кардем ва ҳатман, ки қазия бозҷӯӣ хоҳад шуд." Ба қавли Халифаев, дар Додситонии кулли Тоҷикистон бахши махсуси ҷиноятҳои кибернитикӣ фаъол аст, ки ба ин масоил машғул мешавад ва ба ин далел ин хабар таҳқиқ хоҳад шуд. Ҳарчанд, ба гуфтаи Халифаев, то ҳол ҳеҷ ниҳоди қудратӣ дар ин масъала муроҷиат накардааст ва ин хабар низ матраҳ нашудааст.

"Ҳеч кас паёмак нагирифтааст"

Як манбаи муътамад дар мақомоти интизомӣ гуфт, ки тафтиши дурӯза собит кардааст, ҳеҷ нафар дар Тоҷикистон аз Гулмурод Ҳалимов паёмак нагирифтааст. "Як гурӯҳи фаврӣ дар мақомоти қудратӣ ин хабарро мавриди санҷиш қарор дод. Маълум шуд, ки намояндаи ҳеҷ мақомоти қудратӣ аз Ҳалимов паёмак нагирифтааст. Ин хабар асоси воқеӣ надорад," - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Коршинос: Таҳдидҳоро бояд ҷиддӣ гирифт

Султони Ҳамад, коршиноси масоили амниятӣ мегӯяд, ки мақомоти ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бояд хатари ингуна паёмакҳо аз ҷониби Гулмурод Ҳалимов, “вазири ҷанг”-и “Давлати исломӣ”-ро ҷиддӣ бигиранд ва ҳар гуна амалҳое, ки метавонанд ба суботу амнияти кишвар таъсири гузоранд, мавриди таваҷҷӯҳи ҷиддии ин ниҳодҳо қарор бигирад. Зеро ин паёмакҳо аз сӯи афроде меояд, ки дар гурӯҳи террористӣ шомиланд ва хатари ҷалби ҷавонон ба ин гурӯҳҳо вуҷуд дорад.

Султони Ҳамад
Султони Ҳамад

Ӯ гуфт, Тоҷикистон бо Афғонистон, ки дар ин ҷо беш аз 40 сол ҷангу хунрезӣ идома дорад, ҳаммарз аст ва ширкатҳои мобилии Тоҷикистон минтақаҳои наздик ба ин кишвари Афғонистонро паҳти пӯшиш қарор додааст. Ин вазъ ирсоли паёмакҳоро осон кардааст. Аз ин лиҳоз барои ҷилавгирии ирсоли паёмаҳо аз хориҷ ба Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Султони Ҳамад афзуд, ки “ҳоло иттилоъ надорам, ки дар ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон таҷҳизоту дастгоҳҳои замонавӣ барои назорати тамоми паёмаҳо ҳаст ё на. Аммо дар ин замина ба ғайр аз роҳҳои техникӣ роҳҳои дигари кор бо мардум низ истифода бояд кард. Яъне, сокинон метавонанд ба ниҳодҳои амниятӣ дар кашфу фош сохтани амалҳое, ки ба аммнияту давлату кишвар таҳдид мекунад, хабар диҳанд. Онҳое, ки ватанашонро дӯст медоранд ва ҷонибидори сулҳу субот ҳастанд, маълумотро дар бораи афроди шубҳанок ё амалҳои шубҳанокро ба органҳои лозимӣ мефиристанд. Ин система дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ хеле роиҷ буд”.

Таъмини амният танҳо кори мақомот нест...

Ба гуфтаи Султони Ҳамад, дар заминаи мубориза барои таъмини амнияти кишвар аз нерӯи расонаҳо низ бояд истифода шавад ва тавассути расонаҳо бо мардум хатари паёмакҳо фаҳмонда шавад, то дар сурати расидани паёмакҳо, мардум довталабона ба ниҳодҳои қудратӣ хабар диҳад.

Зимнан, дар зимистони соли ҷорӣ дар ду ҳодиса дар ноҳияҳои Ваҳдат ва Рӯдакӣ мактаббачаҳо пинҳонгоҳи силоҳуро пайдо карда ва ба кормандони милитсия хабар доданд. Баъдан ин мактаббачаҳо барои ин амали ватандӯстона аз ҷониби Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, бо смартфонҳо қадр шуда буданд.

Ба эътиқоди ин коршинос, таъмини амният танҳо кори ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ набуда, балки кори умумӣ аст. Мардуми Тоҷикистон даҳшатҳои ҷанги дохилиро пушти сар карда ва имрӯз онҳо ба қадру сулҳу субот мерасанд ва метавонанд дар таъмини амнияти кишвар бо ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳамкории зич дошта бошанд.

Полковники тоҷик -- "вазири ҷанг"-и ДИИШ

Гуфтугузор дар бораи паёмакаҳои таҳдидомези Гулмурод Ҳалимов дар ҳолест, ки расонаҳои ироқӣ рӯзи 4-уми сентябр бо такя ба манобеи амниятӣ дар вилояти Найнавои Ироқ навиштанд, ин полковники фирории тоҷик раҳбари шохаи низомии гурӯҳи "Давлати исломӣ" таъин шудааст. Як ҳафта қабл аз ин, Амрико барои ёфтани маҳалли будубоши ӯ 3 миллион доллар ваъда карда буд. Курт Райз, ёвари котиби давлатии Амрико оид ба таҳлилу таҳқиқи таҳдидҳо, рӯзи 30-юми август дар як нишасти матбуотии телефонӣ аз Вашингтон гуфт, ки Гулмурод Ҳалимов дар тамринҳои зиддитеррористии Амрико аз солҳои 2003 то 2014 иштирок кардааст ва тамоми нақшаву равишҳои амалиёти зиддитерроистиро хуб медонад ва аз ин нигоҳ хатарнок аст.

Гулмурод: Полковнике, ки ба хиёнат айбдор шуд

Гулмурод Ҳалимов дар моҳи апрели соли 2015 ғайб зад ва дар поёни моҳи май аз худ дар Сурия хабар дод ва дар як паёми видеоӣ гуфт, бо норозигӣ аз шеваи кори Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар робита бо намозу либоси исломӣ ва, инчунин, тамринҳои ҳарбияш дар Русия ва Иёлоти Муттаҳида, ба “Давлати исломӣ” пайвастааст.

​Мақомоти Тоҷикистон билофосила ин полковники фирориро ба хиёнат айбдор карда, аз тариқи Интерпол таҳти таъқиб қарор доданд. Додситонии кулли Тоҷикистон дар нахустин вокуниши расмии худ дар робита ба "Давлати исломӣ" пайвастани Гулмурод Ҳалимов, ӯро барои хиёнат ба давлат айбдор кард ва гуфт, ки алайҳи ӯ бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ парванда боз шудааст.

Гулмурод Ҳалимов соли 1975 дар деҳаи Дараи Фонии ноҳияи Варзоб ба дунё омада, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба Горди президентӣ пайвастааст ва пас аз таҳсил дар Академияи олии ВКД-и Тоҷикистон ва давраҳои омӯзишӣ дар Русия ва Амрико аз сержанти хурд то полковник ва фармондеҳи Дастаи таъиноти махсус ё ОМОН-и назди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон расидааст. Ӯ дар амалиёти ҳарбии зидди гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Рашт ва Хоруғ ширкат карда, соҳиби чандин ҷоизаи давлатӣ гаштааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки беш аз 1100 шаҳрванди кишвар барои иштирок дар ҷангҳо ба Ироқу Сурия рафта, то ин дам хабари марги зиёда аз 300 нафари онҳо таъйид шудааст.

XS
SM
MD
LG