Умеди Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, гуфт, маълумот дар бораи захираҳои тилло ва асъори кишвар сиррӣ шудааст ва ин ба хотири он аст, ки мардум ба воҳима наафтанд.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ки Эрон ваъдаашро дар мавриди ихтисоси 1 миллион доллари амрикоӣ барои анҷоми корҳои техникии роҳи оҳани масири Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон иҷро накардааст.
Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, ки дар робита ба қатъ кардани фаъолияти литсейҳои туркӣ дар қаламрави кишвар, аз ҷониби Туркия ҳеҷ дархосте дарёфт накардаанд. Фаъолияти литсейҳои туркӣ бо бастани як шартнома миёни ширкати “Шалола” ва ҳукумати Тоҷикистон аз соли 1993 шурӯъ шуда буд.
Мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар пайи душвориҳои молии бархе бонкҳо ва мушкили пардохти маошу пасандозҳо, эътимоди мардум ба бонкҳо то андозае коҳиш ёфтааст.
Сергей Пономарев, муаллифи силсиламақолаи пурсарусадои "Тоҷикистон: аз карахтии Шӯравӣ ба ояндаи дурахшон", ки дар “Комсомольская правда” ба нашр расид, ба вокунишҳои ҷониби Тоҷикистон посух гуфтааст.
Шарифи Ҳамдампур ба нишони эътироз аз як мақолаи Сергей Пономарев, ки Тоҷикистонро “кишвари Равшану Ҷамшудҳо” номидааст, чопи нашрияро дар Тоҷикистон қатъ мекунад.
Академик Собит Неъматуллоев, раҳбари Хадамоти геофизикии назди Академияи илмҳои Тоҷикистон, пешниҳоди бунёди биноҳои баландошёна дар шаҳраку ноҳияҳои Тоҷикистонро "ғайривоқеӣ" номид.
Чор сокини ноҳияи Дӯстӣ иддао доранд, ки писаронашон бидуни кадом далел боздошт шуда ва гӯё таҳти шиканҷа иттиҳоми иштирок дар ҷанги Сурияро ба гардан гирифтаанд. Иддаое, ки мақомоти тафтишотӣ қабул надоранд.
Мақомоти Тоҷикистону Узбакистон расман эълон карданд, ки якҷоя дар заминҳои ду кишвари ҳамсоя зидди малах мубориза хоҳанд бурд. Ин ҳамкории Душанбеву Тошканд аз табодули иттилоъву таҷруба, техника ва дору иборат будааст.
Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) гуфтааст, ки дар 11 соли ахир ҳудуди 700 шаҳрванди Тоҷикистон мавриди хариду фурӯш қарор гирифтаанд, ки бештари онҳо занону духтарон мебошанд.
Фаъолияти Кумитаи имдоди Хумайнӣ, як муассисаи бонуфузи хайриявии Эрон дар Тоҷикистон, мутаваққиф шудааст. Як манбаъ гуфт, ки қаблан Вазорати адлия ба ин кумита барои нақзи қонун ду огоҳии расмӣ дода буд.
Раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳафт сол боз ниҳодҳои давлатӣ талош доранд, ки дар дохили ин ҳизб низоъ ва тафриқа эҷод карда, раҳбарашро иваз кунанд.
Тоҷикистон ба зудӣ Созишномаи миёни Душанбеву Бишкек дар бораи "тартиби соддаи гирифтани шаҳрвандӣ"-ро бекор хоҳад кард. Ин масъала рӯзи 28 июн дар Шӯрои Маҷлиси Намояндагон – палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон – баррасӣ шудааст.
Коршиносони тоҷик мегӯянд, сукути аҳзоби сиёсии Тоҷикистон, ки аз тарси сарнавишти Ҳизби наҳзати исломӣ хомӯшӣ ихтиёр кардаанд, мумкин аст, дер давом кунад.
Қурбон Собир ин навбат қаҳрамони "Қиссаи як марди девона"-и Гоголро ба сухан овардааст. Мехоҳад бо нақши наваш "мардумро ба сӯи ҳақиқат" даъват кунад.
Мақомоти тафтишотӣ раҳбари пешини қабристони Хованскоеро дар ташкили занозанӣ ва куштор муттаҳам карда, ҳамзамон гуфтаанд, ки то ҳол ҷузъиёти марги Сӯҳроб Хушаков дар ин занозанӣ рӯшан нест.
Арабистони Саудӣ дар ҷои ҳозираи бинои шаҳрдории Душанбе ва Вазорати кишоварзӣ барои вакилони ду палатаи порлумони Тоҷикистон қаср хоҳад сохт.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, гуфтааст, ки кишвараш аз ҳодисаҳои ба ҳалокат расидану маҷрӯҳ шудани муҳоҷирон дар Русия сахт нигарон аст.
Абдураҳим Каримов, маъруф ба Мулло Абдураҳим, хабарҳо дар мавриди имкони фирор карданаш аз Тоҷикистон ва эҳтимоли тақозои паноҳандагӣ дар Олмонро рад кард.
Ёфтҳои бештар