Паради ҳарбӣ ва расми гузашти беш аз 50 ҳазор сокини Душанбе дар ҷашни 25-солагии истиқлоли Тоҷикистон танҳо дар дохил бозтоби хабарӣ ёфт ва дар расонаҳои хориҷӣ дар ин бора гузорише нашуд.
Манобеи расмии Тоҷикистон мегӯянд, дар маросими таҷлил аз ҷашни истиқлол беш аз 16 ҳазор ҷузъу томи мухталиф, бо шумули бонувони низомӣ иштирок доштанд. Ин севумин паради ҳарбӣ буд, ки дар он низомиёни зан ҷалб гардидаанд. Дар расми гузашти низомӣ аз техникаи ҳарбӣ ва ҳавопаймоҳо истифода нашуд.
Кишваре, ки ҳар моҳ аз мамлакатҳои хориҷӣ кумаки молӣ мепурсад, наметавонад ҷашнҳои бошукӯҳу пурхарҷро дар хориҷи кишвар ба намоиш гузорад.Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён
Масъулони раёсати санъати Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯянд, ки субҳи 9-уми сентябр ҳудуди 50 ҳазор донишҷӯву шогирди мактабҳо ва кормандони ниҳодҳои давлатӣ низ аз хиёбони Исмоили Сомонӣ то хиёбони Рӯдакӣ раҳпаймоӣ кардаанд. "Маршировка”-и ин афрод дар фасли тобистон сурат гирифт ва донишҷӯёну мактаббачаҳо аз имкони тафреҳу истироҳат дар таътили тобистона маҳрум монданд.
Се моҳи "маршировка"
Чунин ба назар мерасад, ин ҷашни бошукӯҳ бо харҷи ҳангуфт маҳз ба хотири як гурӯҳи хурди тамошобинҳои ватанӣ омода шуда ва лаҳзаҳои ин ҷашн ба расонаҳои мӯътабари ҷаҳонӣ роҳ наёфтанд. Ин дар ҳолест, ки дар ҳамин рӯзҳо дар Қирғизистони ҳамсоя Бозиҳои байналмилалии кӯчиён баргузор шуда ва мавзеъҳои зебоманзари ин кишвар дар шабакаҳои маъруфи ҷаҳоние чун “Евронюс” ба таври густурда таблиғ гардид. Табиист, ки ин амр ба муаррифии ин кишвар барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷалби бештари сармоягузорону сайёҳони хориҷӣ ба Қирғизистон нақши муҳим хоҳад дошт.
Хуршеди Атовулло, раҳбари Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон, далели ин амрро ба “фаъолияти сусти идораҳои дахлдор” марбут хонд. Ӯ гуфт, “ниҳодҳо танҳо дар сурати вуқӯи ҳодисаи “доғ” хабарнигорони хориҷиро ба кишвар даъват мекунанд. Аммо дар таҳаввулоти мусбати кишвар, ки имкони муаррифии Тоҷикистон чун мамлакати босуботу фарҳангӣ вуҷуд дорад, ҳатто хабарнигорони хориҷии муқими Тоҷикистонро роҳ намедиҳанд. Дар натиҷа Тоҷикистон дар хориҷа маъмулан чун кишвари зери хатар ва қочоқбарони маводи мухаддир муаррифӣ шуда ва дастовардҳои он пушти парда қарор мегирад”.
Хуршеди Атовулло мегӯяд, ба далели мушкили дастрасӣ ба иттилоот Тоҷикистон дар бештари мавридҳо дар ҷанги иттилоотӣ ноком мешавад. Масалан, ба гуфтаи ӯ, дар муноқишаҳои марзии Тоҷикистон бо Қирғизистон дарёфти иттилои расмӣ аз манобеи давлати Тоҷикистон хеле сахт буд ва мақомоти Қирғизистон дар ин замина барои расонаҳои дохилию хориҷӣ дастрас буданд. “Дар оқибати кор Қирғизистон тавонист, тавассути расонаҳои хориҷӣ Тоҷикистонро дар муноқишаҳои марзӣ муттаҳам кунад”. – афзуд ӯ.
"Кишваре, ки ҳар моҳ ёрии молӣ мепурсад..."
Аз сӯи дигар, Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён, коршиноси мустақил мегӯяд, худи мақомоти Тоҷикистон аз пахши хабарҳо аз таҳаввулоти мусбати кишвар дар расонаҳои хориҷӣ манфиатдор нест. “Кишваре, ки ҳар моҳ аз мамлакатҳои хориҷӣ кумаки молӣ мепурсад, наметавонад ҷашнҳои бошукӯҳу пурхарҷро дар хориҷи кишвар ба намоиш гузорад. Ба андешаи ман, яке аз сабабҳои аслии даъват нашудани хабарнигорони хориҷӣ ба ҷашни бошукӯҳу ботантанаи 25-солагии истиқлолият ҳамин аст”, - гуфт ӯ.
Ба қавли таҳлилгарон, маросими таҷлил аз 25-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон, ки рӯзҳои 8 ва 9-уми сентябри соли ҷорӣ баргузор шуд, аз пуршукӯҳтарину пурхарҷтарин ҷашнҳои миллӣ ҳисоб меёбад.
Хароҷоти баргузории ин тантанаҳои пурдабдабаро мақомоти Тоҷикистон нашр намекунанд, вале мунтақидон харҷи чунин идҳоро миллионҳо доллар баршумурда, мегӯянд, дар ҳоле ки сеяки аҳолии ин кишвар зери хатти фақр ба сар мебарад, мақомот ҳар сол барои чунин ҷашнҳои пуршукӯҳ, вале бесамар маблағҳои ҳангуфтро харҷ мекунанд. Масъулони Вазорати молияи Тоҷикистон аз шарҳи ин мавзӯъ худдорӣ карданд.
Аксҳои бештар аз гузашти низомӣ:
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 25 август зимни мулоқот бо сокинони ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон таъкид дошт, “дар рӯзҳои ид ва гузарондани тӯю маъракаҳо бо дарназардошти вазъи замона, аз ҷумла таъсири манфии буҳрони молиявию иқтисодӣ ба буҷаи ҳар оила ба хароҷоти беҳуда намоишкорию зоҳирпарастӣ роҳ дода нашавад.”
Ҳоло рӯшан нест, ки паёми масъулони давлати Тоҷикистон аз шукӯҳу шаҳомати паради низомӣ ва расми гузашти сокинони Душанбе барои кист: барои мардуми кишвар ё хориҷиён? Мардуми Тоҷикистон дар зарфи 25 соли истиқлол ин гуна тантанаҳоро зиёд дидаанд. Агар мухотаб кишварҳои хориҷӣ буд, бо маҳдуд кардани ҳузури расонаҳои хориҷӣ дар ин маросим ин ҳадаф бароварда нашудааст.