Ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон бо 65 мусофир, ки дар миёнашон хабарнигорон ва мақомоти ҳавонавардии кишвар низ ҳастанд, ба шаҳри Тошканд расид. Ин парвоз субҳи 10 феврал сурат гирифт ва парвози нахустин миёни Тоҷикистону Узбакистон дар 25 соли ахир аст.
Нахустин парвози озмоишӣ миёни Душанбе ва Тошканд фардо, 10 феврал анҷом мешавад. Ба гуфтаи масъулони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 20 нафар мусофирон билети парвоз харидорӣ кардаанд.
Дар 25 соли равобити дипломатии Амрико ва Тоҷикистон, Вашингтон умдатан ба ин кишвар кумакҳои низомӣ ва башардӯстона ирсол карда, барои рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ зиёд талош анҷом надодааст.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз сармоягузорони Қатар даъват кард, то дар иҷрои лоиҳаҳои хурду бузурги энержӣ, кишоварзӣ, коркарди маъдан, таъсиси корхонаҳои муштарак ва рушди зерсохтори сайёҳии кишвар ширкат кунанд.
Бонки миллии Тоҷикистон нархи баҳра (меъёри бозтамвил)-ро солона дар ҳаҷми 12,5 дарсад муқаррар кард, ки назар ба меъёри пешин 1,5 дарсад зиёдтар аст.
Баррасии тарҳи қонуни "Сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат" баҳси доғеро дар порлумон ба по кард. Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон – палатаи поёнии порлумон – рӯзи 1 феврал бо изҳори нигаронӣ аз вазъи саноат ва ҳолати ногувори аксар корхонаҳои кишвар гуфт, "соҳаи саноат мелангад".
Баррасии тарҳи қонуни "Сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат" рӯзи 1 феврал баҳси доғеро дар порлумони Тоҷикистон ба по кард. Ҷузъиёти ин тарҳ ва баҳсҳои дигар дар гуфтугӯи хабарнигори Радиои Озодӣ Мардони Муҳаммад бо вакили порлумон Шариф Раҳимзода.
Баъди 25 сол Тоҷикистону Узбакистон иртиботи ҳавоиро байни пойтахтҳои ду кишвар аз сар мегиранд.
Ҷамшед Каримзода – муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон – хабарҳо дар мавриди узрхоҳии масъулони ин ниҳод аз корхонаи алюминиюми тоҷик ё ТАЛКО-ро рад кард. Вай рӯзи 27 январ гуфт, “Вазорати молия коре накардааст, ки боис ба узрхоҳӣ бошад.”
Масъулони Вазорати энержӣ ва захираҳои об гуфтанд, ки Тоҷикистон талош дорад, дар бозори фурӯши барқи минтақа ҷойи пояшро пайдо кунад.
Раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва вакили дифои Шӯҳрат Қудратов ҳуқуқдони зиндонӣ аз додситони кулл Юсуф Раҳмон талаб кардааст, то нафари таҳти ҳимояташро бар асоси Қонуни афв раҳо кунад.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба таври расмӣ ибрози назарҳои Абдулқаюми Кӯчӣ (Кӯчай), сафири фавқулодда ва мухтори Афғонистон дар Русия дар мавриди кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба хусус Тоҷикистонро маҳкум кард ва онро "ғайри қобили қабул" хонд.
Дар ҳоле ки то поёни маъмурияти Барак Обама рӯзҳои башумор мондааст, коршиносони тоҷик замони раёсати ӯро дар рушди ҳамкориҳои Амрико бо Тоҷикистон дар бахшҳои мухталиф муҳим арзёбӣ карданд.
Бюрои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) бо гузашти 10 рӯз аз соли 2017 дар заминаи тамдиди фаъолияташ дар Тоҷикистон бо кишварҳои узви ин созмон ҳанӯз ба тавофуқ нарасидааст.
Дар соли гузашта истеҳсоли семент дар Тоҷикистон афзоиш ёфта ва ба кишварҳои хориҷӣ дар ҳаҷми 300 ҳазор тонна содир шудааст. Қаблан Тоҷикистон аз Покистон, Эрон ва Қазоқистон ҳамасола ҳудуди 2 миллион тонна семент ворид мекард. Афзоиши исеҳсол тадриҷан шонси ин кишварро барои содир кардани семент ба хориҷа бештар мекунад.
“Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” – ду бонки дучори мушкилшуда ба додани маош ва пасандозҳои муштариёнашон шурӯъ кардаанд.
Донишмандони тоҷик мегӯянд, солҳои охир мизони маҳбубияти Чин дар ҷомеаи Тоҷикистон афзуда, ин падида ба саҳми бештари Пекин дар иқтисод бастагӣ дорад. Саҳми Чин ба иқтисоди Тоҷикистон дар даҳ соли охир ба 1 миллиард доллар баробар шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, хостори бекор ё содда кардани низоми виза бо Узбакистон шуда, аз кишвари ҳамсоя даъват кардааст, содироту воридоти нерӯи барқро дубора ба роҳ монанд.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, Душанбе аз манъи парвози ҳавопаймоҳои "Уралские авиалинии" (Ural Airlines) ба хотири муҳоҷирони тоҷик гузаштааст ва ҳоло роҳи мусолиматомези "моҷарои ҳавоӣ"-ро ҷустуҷӯ дорад.
Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" мегӯяд, ки ба далели қатъ шудани парвозҳо ба Русия, рӯзи 23-юми декабр парвоз дар хатсайри Душанбе-Оренбург анҷом нашудааст.
Ёфтҳои бештар