Ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон бо 65 мусофир, ки дар миёнашон хабарнигорону мақомоти ҳавонавардии кишвар низ ҳастанд, ба шаҳри Тошканд расид. Ин парвоз субҳи 10 феврал сурат гирифт ва парвози нахустин миёни Тоҷикистону Узбакистон дар 25 соли ахир аст. Хабарнигори Радиои Озодӣ Абдулло Ашӯров дар ҳайати журналистон ба Тошканд рафтааст. Вай баъд аз чанд лаҳзаи фуруди ҳавопаймо дар пойтахти Узбакистон гуфт, "мо дар як толор нишастаем, аммо миёни ҳайатҳои фурудгоҳи ду кишвар, инчунин, масъулони “Сомон Эйр” ва ҷониби Узбакистон мулоқот шурӯъ шудааст."
Гузориши видеоӣ инҷост:
Қарор аст, дар ҷараёни ин сафар ҳайатҳои ҳавопаймоии ду кишвар роҳандозии парвозҳо, сиёсати нархгузорӣ ва теъдоди парвозҳоро баррасӣ кунанд. Пас аз ин, ҳайати Тоҷикистон аз ҷойҳои таърихӣ ва фарҳангии шаҳри Тошканд дидан хоҳанд кард. Ҳавопаймои “Сомон Эйр” соати 7-и шоми имрӯз ба Душанбе бармегардад.
Билети парвоз аз Душанбе ба Тошканд 130 евро аст. Аммо касоне ҳаққи харидани билет ва парвоз ба пойтахти Узбакистонро доранд, ки виза ё раводиди он кишварро гирифта бошанд.
Сабти мусофирон барои сафар ба Тошканд дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе соати ҳафтуними субҳи ҷумъа оғоз ёфт. Нахустин мусофире, ки дар фурудгоҳ расмиёти парвозро анҷом дод, зани 57-солаи узбактабори Тоҷикистон Ҷамила Назарова буд. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар 25 соли гузашта барои бори аввал тариқи ҳавопаймо ба назди пайвандонаш меравад.
"24 сол боз хешу таборамро надидаам"
Ҷамила Назарова гуфт, “дар тӯли 24 сол ба аёдати хешу табори худ ба Узбакистон нарафтаам. Дар Тошканд хешу табор, тағову амакам ва фарзандони онҳо зиндагӣ мекунанд. Ҳоло бо ҳавопаймо дар як соат ба дидори онҳо мерасам. Сипос ба раҳбарони Тоҷикистону Узбакистон. Дар дунё оромӣ бошад. Фақат як дафъа аз роҳи заминӣ ба Тошканд рафта будам. Роҳ азоб дорад.”
Ёқутхон Абдусаломова, тоҷири маркази савдои “Садбарг”-и шаҳри Душанбе аз ҷумлаи мусофироне ҳаст, ки ҳамроҳи духтари кӯчакаш барои иштирок дар маросими хурсандии наздиконаш озими пойтахти Узбакистон аст. Вай аз ифтитоҳи ин хатсайр изҳори хушӣ кард ва изҳори умедворӣ намуд, ки масъалаи дарёфти виза низ осон шавад.
Агар дар масъалаи виза сабукӣ диҳанд...
Ёқутхон Абдусаломова гуфт, “аз боз шудани роҳи ҳавоӣ ба Тошканд хеле шодам. Ман ба назди духтарам меравам, ки бо оилааш дар Тошканд зидагӣ мекунад ва тӯй дорад. Мо дар муддати 25 сол имкони парвози мустақил аз Душанбе ба Тошкандро надоштем. Пештар аз роҳҳои заминӣ аз тариқи вилояти Суғд ба Тошканд мерафтам. Ин сафар бо мошин то 10-15 соат тӯл мекашид. Аз тариқи Турсунзода-Сари Осиё-Тошканд роҳ тӯлонитар буда ва то 20 соат дар роҳ мемондем. Ҳоло орзу дорем, ки дар масъалаи виза сабукӣ шавад. Масалан, дар фурудгоҳ виза диҳанд. Агар тамоман бекор шавад, ҳам мардуми Тоҷикистон ва ҳам Узбакистон хеле шод мешуданд.”
Ба мо нависед
Андешаҳои худро аз тариқи Вайбер ва Вотсапп ба ин шумора ба мо фиристед: +420 724 053 959
Томас Ҳаллам, раиси кулли ширкати “Сомон Эйр” дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки парвози 10 феврал озмоишӣ ва фаннӣ буда ва парвозҳои маъмулӣ аз рӯзи 20 феврал оғоз мешаванд. Вай дар посух ба суоли Радиои Озодӣ дар мавриди қимати билет ва то кадом андоза дастрас будани онҳо барои сокинони кишвар гуфт, “имрӯз дар шаҳри Тошканд ҳайати ҳам фурудгоҳ ва ҳам ширкати “Сомон Эйр” бо ҷониби Узбакистон масъалаи нархи билетҳо ва теъдоди парвозҳо дар ин хатсайр ва ҳузури ширкатҳои Узбакистон дар ин парвозҳоро баррасӣ хоҳанд кард.”
"Роҳ боз мешавад..."
Вай ҳамзамон таъкид кард, ки парвозҳо аз Душанбе танҳо ба Тошканд маҳдуд нашуда, балки масъалаи боз кардани хатсайрҳо ба шаҳрҳои дигари Узбакистон матраҳ хоҳад шуд. Раиси кулли ширкати "Сомон Эйр" дар идома гуфт, "парвози имрӯз паҳлӯҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ дорад. Тасмим дар ин замина ҳодисаи сиёсӣ аст. Ҳамакнун роҳ ба рафтуомади сокинон ва густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ боз мешавад. Ин амр барои боз ҳам наздиктар шудани мардуми Тоҷикистону Узбакистон, табодули фарҳангӣ, донишҷӯён ва баргузории намоишгоҳҳо мусоидат хоҳад кард. Бо назардошти аҳолии 2,5 миллионнафарии Тошканд ва беш аз 1 миллионнафарии Душанбе дар оянда барои ширкатҳои ҳавопаймоӣ бозори бузург буда ва бахши сайёҳӣ ва тиҷорат низ рушд хоҳад кард."
Мақомоти ширкати "Сомон Эйр" гуфтанд, парвозҳо ба пойтахти Узбакистон то анҷоми мавсими зимистона ҳафтае як бор – рӯзи душанбе – ба роҳ монда шуда, “дар мавсими тобистон миқдори хатсайрҳо ҳафтае ду бор - рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе - иҷро хоҳанд шуд.”
Баъд аз Каримов
Бо даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон дар соли гузашта, ҳукумати нав ба раҳбарии Шавкат Мирзиёв ба тармими робитаҳои сард бо Тоҷикистон пардохт ва аввалин қадам дар ин самт ба гуфтаи нозирон, эҳёи парвозҳо байни Душанбе ва Тошканд аст. То кунун сокинони ҳарду кишвари ҳамсоя фақат аз роҳи заминӣ ба қаламрави ҳамдигар мерафтанд. Байни ду кишвар то кунун низоми раводид вуҷуд дорад.
Дар пайи оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар соли 1992 парвозҳо миёни Тоҷикистону Узбакистон қатъ шуд. Пеш аз ин, солҳо Душанбе бо шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд, Бухоро, Намангон, Андиҷон ва Қӯқанд иртиботи ҳавоӣ дошт ва ҳафтае даҳҳо парвоз миёни шаҳрҳои Тоҷикистону Узбакистон анҷом мешуданд.