Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз сармоягузорони Қатар даъват кард, то дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги энержӣ, кишоварзӣ, коркарди маъданҳои кӯҳӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва рушди зерсохтори сайёҳии кишвар ширкат кунанд.
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5-уми феврал ба Қатар рафт ва ҳангоми мулоқот бо раиси Созмони сармоягузории Қатар Шайх Абдулло ибни Муҳаммад ибни Саъуд Оли Сонӣ дар шаҳри Давҳа бо кардани дафтарҳои Бунёди рушди Қатар оид ба дастгирии соҳибкории хурду миёна ва Бонки сармоягузории Қатар дар Тоҷикистонро дар ин росто қадами муҳим хондааст.
Аммо коршиносони тоҷик мегӯянд, сармоягузорони хориҷӣ ба далели номукаммал будани қонунҳо барои ҳифзи сармоя ва мустақил набудани додгоҳҳо барои маблағгузорӣ дар тарҳҳои Тоҷикистон шитоб намекунанд. Аз ҷумла соҳибкорони арабӣ, ки дар Тоҷикистон бисёр каманд.
Рашид Абдулло, коршиноси тоҷик, мегӯяд, ҳарчанд Тоҷикистон захираҳои бойи табиӣ дорад, аммо ин маъданҳои табиӣ дар кӯҳҳои баланд ё дар умқи зиёди замин ҷой гирифтаанд ва барои истихроҷу коркарди онҳо маблағҳои зиёде лозим аст.
“Барои сармоягузори хориҷӣ муҳим аст, ки сармояи гузоштааш бо фоидаи зиёд баргардад. Давлати Тоҷикистон бояд барои фароҳам сохтани чунин фазои сармоягузорӣ талош кунад. Ҳоло дар ин замина мушкилот зиёд аст. Сармоягузорони нерӯгоҳҳои “Сангтӯда-1” ва “Сангтӯда-2” наметавонанд маблағҳои худ ва фоидаашро гиранд. Ҳамчунин, то ҳол ҳеҷ даъвои маблағгузори хориҷӣ дар додгоҳҳои Тоҷикистон ба нафъи сармоягузор ҳал нашудааст. Ҳоло асри Интернет аст, хабарҳо дар ин бора зуд паҳн мешаванд”. -мегӯяд, Рашид Ғанӣ Абдулло.
Қатар ҷойҳои дигар барои сармоягузорӣ дорад
Ба эътиқоди вай, ширкатҳо ва сармоягузорони хусусии Қатар низ қабл аз ворид кардани маблағ ба иқтисоди Тоҷикистон вазъро хуб меомӯзанд ва сабабҳои таъхири сармоягузорони маъруфи хориҷӣ дар иқтисоди ин кишварро ҷустуҷӯ мекунанд. Аз ин лиҳоз, Қатар талош мекунад сармоягузорҳои худро дар саҳмияҳои ширкатҳои бонуфузи Ғарбу Амрико ва мамлакатҳои Араб, ки сармояашон амн ва фоидааш зиёд аст, ворид кунанд.
Дар ҳамин ҳол, Муҳаммади Абдулло, коршиноси мустақил ба ҷалби сармояи кишварҳои арабӣ дар даромуддат бовар дорад. Зеро дар Тоҷикистон бахшҳое ҳастанд, ки сармоягузори хориҷӣ на танҳо маблағҳои худро бозпас гирад, балки суди зиёде низ ба даст орад. Вай ба унвони мисол аз барномаи “Диёри Душанбе” дар солҳои 2009-2010 дар майдони 7 гектари наздикии “Кӯли ҷавонон”-и Душанбе 5 бинои баландошёнаи замонавӣ аз ҷониби ширкати қатарии “Ал- Диёр” бунёд шуда буд.
Дар пайи иҷрои ин тарҳ, ки хароҷоташ 180 миллион долларро ташкил дода буд, хонаҳои аз 2 то 4 ҳуҷрагӣ бо нархҳои барои Душанбе гаронбаҳо, яъне, аз 200 то 500 ҳазор доллар ба фурӯш гузошта шуд.
Дигар тарҳи Қатар бунёди як масҷиди азим дар Тоҷикистон аст, ки дар маркази Душанбе воқеъ шудааст. Қатар ваъда додааст, ки 70 миллион доллар харҷи бунёди масҷидро мепардозад, вале зоҳиран масъалаи сармоягузорӣ як сабаби аслии ба дарозо кашида шудани ин тарҳ шудааст.
Вай гуфт: “Бо таваҷҷӯҳ ба он, ки Амири Қатар аз нахустин раҳбарони кишварҳои араби Халиҷи Форс буд, ки аз Тоҷикистон дидан кард ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ ду маротиба ба ин кишвар сафари расмӣ анҷом дод, замина барои ояндаи сармоягузорӣ ва густариши ҳамкориҳо боз шудааст.”
Абдумаҷид Мӯъминзод, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, на танҳо Қатар, балки давлатҳои дигари араби Халиҷи Форс низ дар татбиқи лоиҳаҳои мухталифи Тоҷикистон сармоягузорӣ кардаанд.
Бонки Исломии Рушд дар бунёди қисматҳои Шоҳон-Зиғар ва Зиғар-Ёгеди роҳи Кӯлоб-Қалъаи Хум миллионҳо доллар ҷудо кардааст. Ҳамчунин, ин бонк аз ҷумлаи сармоягузорони тарҳи бузурги бунёди хатти интиқоли нерӯи барқ аз Қирғизисону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон мавсум ба КАСА-1000 ҳисоб меёбад.
Подоши Тоҷикистон дар ивази сармоя чист?
Ҳоло суоли матраҳ ин аст, дар ивази сармояҳо Тоҷикистон ба кишварҳои арабӣ, аз ҷумла, Қатар чӣ пешниҳод хоҳад кард? Оё имкон дорад, ки аз Тоҷикистон ба кишварҳои Араб оби ошомиданӣ содир шавад? Муҳаммади Абдулло мегӯяд, кишварҳои араб ба мушкили ҷиддии камбуди оби ошомиданӣ мувоҷеҳ буда, аммо феълан барои содир кардани оби Тоҷикистон ба ин кишварҳо имконоти фаннӣ вуҷуд надорад. Вай гуфт, барои мамлакатҳои сарватманди Халиҷи Форс софкунии оби баҳрҳо аз ворид кардани он аз Тоҷикистон, арзонтар тамом мешавад.
Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқот бо намояндагони ниҳодҳои сармоягузорию молиявии Қатар ба имтиёзҳои андозӣ барои сармоягузорони хориҷӣ дар кишвараш ишора карда ва гуфтааст, “дар баробари таҳкими муқаррарот оид ба кафолати ҳуқуқҳои сармоягузорон, муҳлатҳои имтиёзнок барои сармоягузорон аз 5 то 10 сол зиёд карда шудааст”.
Ба гуфтаи вай, дар даҳ соли ахир ба бахшҳои энергетика, нақлиёту роҳсозӣ, саноату кишоварзӣ, алоқа, молия, бонкдорӣ ва сайёҳӣ беш аз 6 миллиард доллар ҷалб шудаанд.
Қатар яке аз шарикони аслӣ
Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Қатар 13 декабри соли 1994 барқарор шуда, ба хотири рушду густариши робитаҳои байнидавлатӣ дар ҳар ду кишвар сафоратҳо ифтитоҳ гардид. Нахустин сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Қатар моҳи майи соли 2007 сурат гирифт. Собиқ Амири Давлати Қатар Шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ низ тобистони соли 2007 бо сафари расмии ҷавобӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, ки аввалин сафари роҳбари давлати арабӣ ба Тоҷикистон мебошад.
Қатар чорумин кишвари сарватманди Халиҷи Форс аст, ки дар зарфи як соли ахир раиси ҷумҳури Тоҷикистон сафари расмӣ доштааст. Қаблан, Эмомалӣ Раҳмон аз Арабистони Саъудӣ, Кувайт ва Аморати Муттаҳидаи Араб дидан карда буд. Моҳи гузашта Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон низ ба Арабистони Саъудӣ сафар карда ва аз ин кишвар даъват кард, то бо сармояи худ дар бунёди тарҳи неругоҳи Роғун ширкат кунад.