Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ганҷалзода: Парвози Ural Airlines-ро ба хотири муҳоҷирон манъ накардем. САДО


Шералӣ Ганҷалзода
Шералӣ Ганҷалзода

Вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, Душанбе аз манъи парвози ҳавопаймоҳои "Уралские авиалинии" (Ural Airlines) ба хотири муҳоҷирони тоҷик гузаштааст ва ҳоло роҳи мусолиматомези "моҷарои ҳавоӣ"-ро ҷустуҷӯ дорад. Шералӣ Ганҷалзода рӯзи 26 декабр дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, манъи парвози "Уралские авиалинии" метавонист, бо вокуниши ҷиддии Русия рӯ ба рӯ шуда, муҳоҷиронро дар вазъияти ногувор қарор диҳад.

Вазир: Чаро парвозҳои Ural Airlines-ро қатъ накардем?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:52 0:00
Линки мустақим

"Агар парвозҳоро манъ мекардем..."

Ҷониби Тоҷикистон дар заминаи танзими парвозҳо ба Вазорати умури хориҷии хориҷии Русия нота фиристода, аммо то ҳол посух нагирифтааст.

"Агар ин корро мекардем, бар зарари ҳамватанони мо тамом мешуд. Бо дарназардошти онки ҳазорҳо муҳоҷир дар остонаи Соли Нав мехоҳанд, ба ватан баргарданд, Вазорати нақлиёт ба таври якҷониба аз ин амали ҷавобӣ худдорӣ кард", - афзуд ӯ. Шералӣ Ганҷалзода гуфт, масъалаи бастани роҳи ҳавопаймоҳои Русия ба Душанбеву Хуҷанд "ба ҷое намегурезад" ва ҳоло онҳо роҳи аз ин беҳтари ҳалли масъаларо ҷустуҷӯ доранд.

“Моҷарои ҳавоии” Тоҷикистону Русия баъди он сар зад, ки ду ҳавопаймои ширкати русии “Ямал” рӯзҳои 20 ва 21 декабр бо тақрибан 200 мусофир натавонистанд ба Душанбеву Хуҷанд парвоз кунанд. Раҳбарияти ширкат гуфтанд, онҳо дар баробари "Уралские авиалинии" ҳаққи парвоз аз фурудгоҳи "Жуковский" ба ду шаҳри Тоҷикистонро доштанд, аммо масъулони Вазорати нақлиёт ин иддаоро рад намуданд.

Фурудгоҳи байналмилалӣ: Ҳанӯз дастури расмӣ нест

Баъдан Русия парвози ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр”-ро ба минтақаҳои ин кишвар, ба истиснои Маскаву Санкт-Петербург манъ кард. Ҷониби Тоҷикистон ҳам гуфта буд, роҳи ҳавопаймоҳои "Уралские авиалинии"-ро мебандад.

Ҷамила Ҳусейнова
Ҷамила Ҳусейнова

Вале Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе рӯзи 26 декабр эълон кард, ки барои манъи парвозҳои "Уралские авиалинии" ба Тоҷикистон аз Вазорати нақлиёти кишвар санади расмӣ дарёфт накардааст. ​Ҷамила Ҳусейнова, сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалӣ, гуфт, парвози ҳавопаймоҳои "Уралские авиалинии" ба Душанбе тибқи ҷадвал идома дорад ва субҳи 26 декабр ҳавопаймои ин ширкати русӣ аз Екатеринбург ба Душанбе парвоз анҷом додааст.

Масъулони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мегӯянд, феълан музокирот дар бораи танзими парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия дар Маскав идома дошта ва дар ин замина то ҳол ба тавофуқи усулӣ даст наёфтаанд.

Баҳси ду тараф барои чист?

Вале баҳси асосӣ миёни ҳайатҳои Вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистону Русия чист? Шералӣ Ганҷалзода "риоя нашудани тартиби муқаррагардида аз ҷониби Русия" ва "фурудгоҳи асосӣ барои парвоз ба Тоҷикистон қарор гирифтани фурудгоҳи Жуковскийро" аз мушкили аслӣ дар баҳси ду тараф донист.

Сарвар Бахтӣ
Сарвар Бахтӣ

Иддае аз муҳоҷирон ва коршиносони мустақил иллати баҳсҳоро ба арзиши билетҳо низ марбут медонанд. Масалан, тибқи иттилои ширкати ҳавоии “Ямал” қимати миёнаи билет аз Маскав ба Душанбе 5 ҳазору 879 рублро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки арзиши билетҳо дар ин самт дар ширкати “Тоҷик Эйр” 12 ҳазору 370 рубл ва ширкати “Сомон Эйр” 14 ҳазору 741 рубл будааст.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Русия

Тоҷикистон дар заминаи танзими парвозҳо ба Вазорати умури хориҷии Русия нота фиристода, то ҳол посух нагирифтааст. Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорат, рӯзи 26 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҷавоби нотаро интизорем ва умед дорем, ки ҷониби Русия аз манъи парвозҳои ширкати “Сомон Эйр” даст мекашад. Чунки кори онҳо бар хилофи созишнома дар бораи иртиботи ҳавоӣ миёни ду кишвар аст."

Дар ҳоле ки моҷарои ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Русия идома дорад, Эмомалӣ Раҳмон субҳи 26 декабр барои иштирок дар як ҷаласаи Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) ба Санкт-Петербург рафт. Аммо на дафтари матбуоти президент ва на мақомоти дигар нагуфтанд, ки оё мулоқоти оқои Раҳмон бо Владимир Путин дар назар ҳаст ва моҷарои ҳавоии ду кишвар низ баҳс хоҳад шуд, ё не?

XS
SM
MD
LG