Раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва вакили дифои Шӯҳрат Қудратов ҳуқуқдони зиндонӣ аз додситони кулл Юсуф Раҳмон талаб кардааст, то нафари таҳти ҳимояташро бар асоси Қонуни афв раҳо кунад.
Раҳматилло Зойиров рӯзи шанбеи 21 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба асоси ду моддаи Қонуни афв Шӯҳрат Қудратов бояд дар тирамоҳи соли гузашта, бар асоси афви эълонкардаи раиси ҷумҳур ба муносибати 25-солагии истиқлолияти кишвар, мавриди афв қарор гирифта ва аз зиндон озод мешуд.
Вай гуфт: “Бар асоси Қонуни афв зиндоние, ки то поёни муддати ҷазояш 2 сол боқӣ монда бошад, афв хоҳад шуд. Шӯҳрат Қудратов ба муддати 3 солу 3 моҳ равонаи зиндон шуда ва дар замони қабули Қонуни афв дар моҳи августи соли гузашта, муддати ҷазояш 1 солу 9 монда буд. Яъне, камтар аз 2 сол. Аз сӯи дигар, Қудратов бар асоси моддаи 320 (пешниҳоди ришва) маҳкум шуда ва ин модда низ барои авф шуданаш мухолифат надошт.”
Раҳматилло Зойиров рӯзи 21 январ, дар рӯзи 40-солагии Шӯҳрат Қудратов аз Додситони кулл тақозо кардааст, риояи қонун аз тарафи афроди дахлдорро таъмин ва қонуни афвро нисбат ба Шӯҳрат Қудратов татбиқ кунад. Зоиров гуфт, маҳрум кардани ӯ аз ин имконият, "ҷинояти мансабӣ аст".
Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз Додситониии кулли Тоҷикистон гуфт, ки то ба ҳол аз Раҳматилло Зоиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба ин ниҳод номаи расмие нарасида ва дар сурати дарёфти нома, раҳбарияти Додситонии кулл бар асоси муқаррароти расмӣ, ҷавоб хоҳад дод. Раҳматилло Зойиров низ гуфт, номаро субҳи 21 январ ба Додситонии кулл ирсол карда ва умедвор аст дар ҳафтаҳои оянда посухи онро дарёфт кунад.
Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон рӯзи 21 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки феълан дар яке аз ноҳияҳои кишвар дар сафари хидматӣ қарор дорад ва танҳо дар сурати бозгашт ба шаҳри Душанбе, дар мавриди қазияи Шӯҳрат Қудратов ибрози назар хоҳад кард.
То поёни муддати ҷазои Шӯҳрат Қудратов 9 моҳи дигар боқӣ монда ва қарор аст, дар моҳи октябри соли ҷорӣ аз зиндон раҳо шавад.
Дар ҳоле, ки имрӯз Шӯҳрат Қудратов зодрӯз дошт, аммо пайвандонаш аз сӯҳбат дар мавриди вазъи ӯ дар зиндон худдорӣ карданд. Яке аз наздикони ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо бидуни ҳеҷ мамоният метавонанд бо ӯ дидор кардан ва ашёи мавриди ниёзро дар маҳбаст ба Шӯҳрат бирасонанд. Зимнан, то поёни муддати ҷазои Шӯҳрат Қудратов 9 моҳи дигар боқӣ монда ва қарор аст, дар моҳи октябри соли ҷорӣ аз зиндон раҳо шавад.
Додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи январи соли 2015 Шӯҳрат Қудратовро ба нӯҳ соли зиндон маҳкум кард. Баъдан Додгоҳи олӣ ин ҳукмро тағйир дод ва то 3 солу 8 моҳ поин овард. Додгоҳи олӣ эълон кард, моддаи 247, қисми 4, яъне “қаллобӣ” аз парвандаи Қудратов ҳазф шуда, ба ҷои он 87 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима муқаррар гардидааст. Инчунин, ҳукми ин вакили мудофеъ аз рӯи моддаи 320, яъне “пешниҳоди пора”, тағйир дода шуда, аз се як ҳиссаи он кам карда шудааст.
Шӯҳрат Қудратов, ки дар парвандаҳои пурсарусадои солҳои охир аз манфиатҳои афроде, чун раиси “Мовароуннаҳр” Ҷӯрабек Охунов, вазири собиқи умури дохилӣ Ёқуб Салимов, вазири собиқи саноат Зайд Саидов ва аз Диловаршоҳ Қосимов, нафари муҷрим дар қатли Холмӯъмин Сафаров, раиси идораи “Ҷангали Тоҷик” ва шавҳари хоҳари калонии президенти Тоҷикистон ҳимоят кардааст, 21 июли соли 2014 дар шаҳри Душанбе аз сӯи маъмурони Оҷонсии мубориза бо фасод дастгир шуд.
Мақомот гуфтанд, ӯ мехост аз як муваккилаш бо номи Амиралӣ Суламаев, ки ба қаллобӣ айбдор мешуд, барои бастани парвандааш 2000 доллар гирифта, ба як додрас бидиҳад. Аммо Шӯҳрат Қудратов ва тарафдоронаш таъқибу боздошт ва ҳукми зиндони ӯро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд ва ба мавқеи фаъоли шаҳрвандиву сиёсии ӯ, аз ҷумла дар рафти ҳимоят аз вазири собиқи саноат Зайд Саидов рабт медиҳанд.