Бонки миллии Тоҷикистон нархи баҳра (меъёри бозтамвил)-ро солона дар ҳаҷми 12,5 дарсад муқаррар кард, ки назар ба меъёри пешин 1,5 дарсад зиёдтар аст. Дар қарори бонк, ки охири ҳамин ҳафта қабул шуд, омадааст, ки ҳадаф аз боло бурдани меъёри бозтамвил пешгирӣ аз беқурбшавии пули миллӣ ва ё таваррум аст.
Дафтари матбуоти Бонки миллӣ мегӯяд, бо назардошти “таҳлили вазъи иқтисоди берунӣ ва нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, раванди таваррум, дурнамо ва таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёт, ҷиҳати самаранокии сиёсати пулию қарзӣ ва нигаҳдории таваррум дар сатҳи муътадил” қарор карданд, ки меъёри бозтамвил боло бурда шавад.
Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон ва раиси собиқи Бонки Миллӣ дар шарҳи ин қарор ба Радиои Озодӣ гуфт, қарори Бонки миллӣ барои 1,5 дарсад боло бурдани нархи баҳра бо ҳадафи коҳиш додани гардиши пули нақд дар бозори дохилӣ буда ва мухотаби ин тасмим - бонкҳои тиҷоратӣ мебошанд.
Ҳадаф пешгирӣ аз беқурбшавии сомонӣ
Ҳукумати Тоҷикистон охири соли 2016 ба чаҳор бонки гирифтори мушкилоти молӣ, ки ба муштариёнашон ба сахтӣ хидмат мерасонданд, 3 миллиард сомонӣ ва ё 500 миллион доллари амрикоӣ кӯмак кард. "Тоҷиксодиротбонк", "Агроинвестбонк", "Фононбонк" ва "Тоҷпромбонк", ки мардум наметавонистан, аз банкоматҳояшон ба осонӣ пул бигиранд, баъди дарёфти кӯмак ба фаъолияташон идома доданд.
Вале ин кӯмакҳо хатари афзоиши пули нақд дар бозор ва болоравии сатҳи таваррумро ба миён овардааст. Соли гузашта бо вуҷуди бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ва омилҳои берунӣ сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 6,1 дарсадро ташкил додааст.
Дер ё зуд дар фоизҳои қарзии бонкҳои тиҷоратӣ инъикос мешавад.
Иқтисоддон мегӯянд, тасмими бонк набояд мояи нигаронии муштариёни бонкҳо шавад, ба он хотир, ки мизони баҳраи болорафта зиёд нест. “Бонкҳои тиҷоратӣ асосан аз созмонҳои байналмилалии молӣ қарз дарёфт мекунанд. Агар ин созмонҳо шарт гузоранд, ки қарз бо сомонӣ ва бар асоси меъёрҳои муқарраркардаи Бонки миллӣ дода мешавад, дар он сурат ин амр ба фоизи қарзҳо ба соҳибкорону муштариён таъсир мегузорад”. –мегӯяд, Шавкат Калонов, яке аз кормандони Бонки “Эсхата”.
Ба гуфтаи ӯ, қарзҳое, ки бонкҳои тиҷоратӣ аз Бонки Миллӣ мегиранд, танҳо барои ҳалли мушкилоти пешомадаи молӣ истифода мешавад ва аз ҳисоби ин маблағ ба соҳибкорон ё муштариён қарз дода намешавад. Аз ин лиҳоз, ба миқдори 1,5 дарсад афзоиш ёфтани қарзҳои Бонки миллӣ ба фоизи қарзҳои бонкҳои тиҷоратӣ ба соҳибкорон таъсире намерасонад.
Муштариёни оддӣ ҳам бенасиб намемонанд
Вале дар ниҳоят муштариёни оддии бонкҳо низ таъсири қарори Бонки миллиро эҳсос мекунанд. Сергей Сенинский, шореҳи иқтисодии Радиои Озодӣ дар Прага мегӯяд, “ҳама гуна болоравии меъёри баҳра, дер ё зуд дар фоизҳои қарзии бонкҳои тиҷоратӣ – муштариёни Бонкҳои миллӣ инъикос мешавад.
“Эҳтимол дорад, ки дар фурсати чанд моҳи дигар мизони қарзҳо барои муштариёни оддӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ андаке боло равад.
Бонки миллӣ мегӯяд, фоизи миёни қарзҳои бонкӣ ҳудуди 24 дарсад аст, вале дар бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон аз 28 фоизи солона поинтар дарёфт кардани қарз ғайриимкон ба назар мерасад. Суди баланде, ки бонкҳо аз муштариён талаб мекунанд, яке аз сабабҳои аслии тарси мардум аз гирифтани қарзу ба роҳ андохтани соҳибкорӣ аст. Ба мушкилӣ гирифтор шудани чаҳор бонки бузург дар Тоҷикистон ҳам маҳз ба сабаби он буд, ки муштариён натавонистанд, садҳо миллион доллар қарзеро, ки аз ин бонкҳо гирифтаанд, саривақт баргардонанд ва ё суди бонкиро ҳам саривақт бипардозанд.
Ҳоло хуби бонкҳои Тоҷикистон ҳам дар додани қарз истиҳола мекунанд ва нисбат ба муштариён сахтгир шудаанд. Бонки миллӣ мегӯяд, ки дар ним соли 2016 бонкҳо ба муштариён ба қадри 10 милиарду 900 миллион сомонӣ қарз додаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб як дарсад камтар аст. Тоҷикистон дар миёни кишварҳои шӯравии собиқ низоми бонкии заифтар дорад. Айни замон 112 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 18 бонк ва 94 созмони маблағгузории хурд дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд.