Зиёда аз 2000 сарбозу афсари нерӯҳои ҳавобурди кишварҳои СПАД ба таври ногаҳонӣ вориди Тоҷикистон мешаванд ва дар як амалиёти муштараки зидди таҳдиди амниятӣ ширкат меварзанд.
Олимони Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Сино роҳи ташхиси хромосомаи филоделфӣ - ангезандаи саратони хунро кашф карданд, ки ба беморон имкон медиҳад, ба табобати ройгон даст ёбанд.
Бархе аз ширкатҳои Тоҷикистон дар пайи таъсири бӯҳрони иқтисодӣ ба ихтисор кардани кормандонашон шурӯъ кардаанд.
Агар рӯзи 1 май паради заҳматкашони Тоҷикистон баргузор мешуд, дар сафи пеш, ба ғайри соҳибкорони сарватманд ва хидматчиёни давлатии соҳаҳои “сердаромад” онҳое қадам мезаданд, ки маоши хуб мегиранд.
Падар ва модари "Маҷнун"-и рӯзҳои мо мегӯянд, дар қатли писари ошиқи онҳо на танҳо падари "Лайлӣ", балки дигарон низ даст доранд ва ҷазои қотил онҳоро қонеъ накардааст.
Беш аз 50 дарсади нуқтаҳои саррофӣ, ки ду ҳафта пеш бо амри Бонки Милии Тоҷикистон фаъолияти худро қатъ карда буданд, дубора ба кор оғоз намуданд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, 28 апрел бо гурӯҳи тоҷирони бозори "Шоҳмансур"-и пойтахт мулоқот карда, далели баста шудани чанде аз дӯконҳои ин бозорро шарҳ додааст.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, дастури аз вазифа озод кардани мансабдороне, ки нафақаи маъюбӣ ва пиронсолӣ мегиранд, барои ҷалби ҷавонон ба хизмати давлатӣ ва беҳтар кардани сифати кор аст.
Иззатулло Ҳаёев -- собиқ раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон, ки дар 79-солагӣ аз олам даргузашт, дар қабристони Лучоб ба хок супурда шуд. Маросими видоъ бо ӯ дар масҷиди марказӣ баргузор гардид.
Дар пайи як дастури шаҳрдори Душанбе, ки гуфт, аз 1 майи соли ҷорӣ фурӯши баъзе аз анвои молу маҳсулот дар бозори "Шоҳмансур" маҳдуд хоҳад шуд, алакай дусад дӯкон баста шудааст.
Соҳибкорон мегӯянд, дар пайи ба иҷро даромадани қонуни нав дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии таҳти раҳбарии Русия интиқоли меваи хушк аз Тоҷикистон ба ин кишвар ғайриимкон хоҳад шуд.
Сарони Бонки Миллии Тоҷикистон, намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, ширкатҳои бузург ва соҳибкорону коршиносон дар Душанбе амалкарди барномаи зиддибӯҳронии ҳукуматро баррасӣ мекунанд.
Масъулони Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоиҷкистон мегӯянд, барои аввалин бор дар қаламрави кишвар мухаддироти навъи кокаинро мусодира кардаанд.
Оҷонсии давлатии хариди мол, кор ва хадамоти Тоҷикистон рӯйхати кулли музоядаҳои соли 2014 баргузоршударо аз торнамояш пок кардааст.
Нақшаи даромади буҷаи давлатии Тоҷикистон дар ду моҳи аввали соли равон иҷро нашуд ва ин падидаест, ки дар панҷ соли охир собиқа надоштааст.
Ҷамоаи яҳудиёни Тоҷикистон Песах ва ё Иди Покро бо ҳузур беш аз 30 нафар ҳамтаборонашон дар канисаи Душанбе таҷлил карданд. Ин ид дар дохили Исроил 7 ва берун аз он 8 рӯз идома карда, бо ёдкарди таърихи озодшавии яҳудиён аз зулми мисриён шурӯъ мешавад.
Барномаи рушди Созмони миллали муттаҳид дар Тоҷикистон пешбинӣ мекунад, ки соли равон шумори муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия 200 ҳазор нафар коҳиш хоҳад ёфт.
Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, тағйири Кодекси андоз аз ҳолатҳои саркашии ширкатҳои офшорӣ дар пардохти андоз ҷилавгирӣ мекунад.
Хабари Бонки миллии Тоҷикистон аз коҳиш ёфтани воридот ва афзоиши содирот дар ду моҳи аввали соли равонро коршиносон баёнгари воқеии вазъи иқтисодӣ намешуморанд.
Сар аз аввали моҳи апрел андози аксизӣ барои алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон аз се то панҷ дарсад афзоиш ёфт.
Ёфтҳои бештар