Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар "парад"-и музди кори Тоҷикистон кӣ дар сафи пеш аст?


Агар рӯзи 1 май паради заҳматкашони Тоҷикистон баргузор мешуд, дар сафи пеш, ба ғайри соҳибкорони сарватманд ва хидматчиёни давлатии соҳаҳои “сердаромад” онҳое қадам мезаданд, ки маоши хуб мегиранд.

Омори навтарини мизони маош дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки музди аз ҳама зиёдро дар ин кишвар акнун намояндагони пешаи нав -- миёнаравҳои молиявӣ мегиранд.

Миёнаравони молиявӣ (финансовые посредники) қишри нисбатан нави ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки намояндагони он занҷираеро байни пул ва кор ташкил медиҳанд. Онҳо захираҳои бекормондаи пулро пайдо ва онро бо афроде, ки идеяи тиҷоратӣ доранд, пайваст мекунанд, ба ниёзмандон машваратҳои рушд медиҳанд, пули вомондаи пулдоронро ба гардиш медароранд, тавонмандии қарзгиранда ва манфиати қарздиҳандаҳоро меозмоянд ва аз ҳамаи ин ҳаққи худро меситонанд. Онҳо бештар дар ширкатҳои консалтингӣ, бонкҳо ва ниҳодҳои қарздиҳанда, бунгоҳҳои сармоягузорӣ ва аудиторӣ кор мекунанд.

Миёнаравҳои молиявӣ, ҳарчанд аз оғози солҳои 2000-ум шакл гирифтаанд, танҳо имсол бори аввал аз тарафи Оҷонсии омори Тоҷикистон дар ҷадвали мизони музди миёна ба ҳайси як табақаи алоҳида сабт гаштанд. Ин ниҳод онҳоро дар садри ҷадвали даромади кормандон гузошт ва мегӯяд, ҳадди миёнаи моҳонаи онҳо дар семоҳаи аввали соли равон 1902 сомониро ташкил кардааст.

Пас аз миёнаравҳои молиявӣ даромади сохтмончиён бештар буда, моҳонаи миёнаашон 1779 сомонӣ аст. Даромади кӯҳканҳо, ки ба истихроҷи маъдан машғуланд, аз сохтмончиён каме пастар -- 1712 сомонӣ аст, ки дар ҷадвали даромадҳо ҷои севвумро ба худ ихтисос додаанд.

Аммо бинобар маълумоти оморӣ, музди аз ҳама камтарро онҳое, мегиранд, ки ғизои сари дастурхони ҳар хонавода аз заҳмати онҳост. Музди маоши кишоварзон, ҷангалпарварон ва шикорчиёни тоҷик аз ҳама камтар –ҳамагӣ 300 сомонӣ будааст. Ин дар ҳолест, ки қариб нисф ва ё 45 дарсади аҳолии машғули Тоҷикистон маҳз ба кишоварзӣ рост меояд. Зиман, арқоми тозанашри Оҷонсии омор аз он шаҳодат медиҳад, ки бештарин таъхир дар пардохти маоши ночизи кишоварзон рух медодааст. Кордеҳон ҳоло аз кишоварзон дар маҷмӯъ 7 миллиону 147 ҳазор сомонӣ қарздор будаанд, ки аз кормандони дигар соҳаҳо дида бештар аст.

Музди маош дар Тоҷикистон аз соли 2008 ба ин сӯ қариб 3 баробар боло рафта, аз 333 ба 964 сомонӣ расидааст. Ҳамин тавр, қарор аст, моҳи сентябри соли ҷорӣ маошу нафақаҳоеро, ки аз буҷаи давлатӣ пардохт мешаванд, боз аз 15 то 30 дарсад боло бурда, маоши ҳадди ақал дар кишвар якбора аз 250 ба 400 сомонӣ расонда шавад.

Аммо коршинсон мегӯянд, сабаби баланд будани маош дар соҳаи сохтмон муҳоҷирати корӣ аст. Аммо поин будани маоши кишоварзонро коршинсон ба “берун мондани ҳисобу китоби ин соҳа аз омори расмӣ” рабт медиҳанд.

Ҷамшед Қуддусов, иқтисодшинос
Ҷамшед Қуддусов, иқтисодшинос

Ҷамшед Қуддусов, роҳбари маркази иттилотӣ –таҳлилии “Сотсервис” дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, сатҳи маоши соҳаи сохтмон дар Тоҷикистон асосан бо таъсири бозори кори Русия боло рафт. Вай гуфт: “агар ҳоло кордеҳон дар соҳаи сохтмон маоши 1200 сомониро пешниҳод кунанд, касе ба ин пул кор намекунад. Чунки аксарияти мардум дар Русия кор кардаанд, нарху наворо медонанд. Бино бар ин, ҳоло музди миёнаи ин ришта бояд наздики 2000 сомонӣ бошад.”

Аммо ҷаноби Қуддусов афзуд, ин ҳолат дер давом нахоҳад кард, чунки бо коҳиш ёфтани пулҳои интиқолии муҳоҷирон ва густариши бӯҳрони иқтисодӣ дар Русия корҳои сохтмон дучори рукуд шуданд ва эҳтимол дар ояндаи наздик бинокорони зиёде ҷои кори худро аз даст диҳанд.

Вале ҳамсӯҳати мо афзуд, маоши кишоварзон на ба он ҳадде поин аст, ки дар омори расмӣ дарҷ ёфтааст. Қуддусов гуфт: “даромади деҳқони тоҷик ба ҳадде ки омор нишон додааст, кам нест. Аммо мушкил дар он аст, ки муносибатҳои меҳнатӣ дар соҳаи кишоварзӣ аксаран ба расмият дароварда намешавад, шартномаи меҳнатӣ бо коргар баста намешавад.”

Қуддусов мегӯяд, то ба ҳол дар Тоҷикистон пажӯҳиши мустақили мизони даромад ва маоши деҳқонон гузаронида нашудааст ва касе аниқ гуфта наметавонад, ки музди миёнаи маош дар соҳаи кишоварзӣ дар кишвар чанд аст.

Аҳолии Тоҷикистон, ки аз марзи 8 миллион нафар убур кард, дар миёни кишварҳои ИДМ аз ҷавонтаринҳост ва аҳолии қобили меҳнаташ 4 миллиону 700 ҳазор нафарро дар бар мегирад. Аз ин рӯ, ҳар сол ба бозори меҳнат 25 000 нафар ворид мешаванд, аммо дар дохили кишвар ҳамагӣ 2 миллиону 800 ҳазор барои худ ҷои кор пайдо кардаанд. Ин аст, ки аксарият ба муҳоҷират рӯ орвардаанд ва бинобар пажӯҳишҳои оҷонсии рушди Олмон дар Тоҷикитон GIZ ҳар севумин нафари қобили меҳнат дар кишвар маҷбур аст ба муҳоҷирати меҳнатӣ биравад.

Ҳамасола ниҳодҳои масъули давлати Тоҷикистон аз таъсиси беш аз 100 ҳазор ҷои корӣ гузориш медиҳанд, аммо таҳлилгарон ба дурустии ин арқом шак доранд ва мегӯянд аксарияти ин ҷойҳои корӣ мавсимиянд. Соли ҷорӣ раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар назди идораҳои давлат вазифа гузошт, ки на камтар аз 200 ҳазор ҷойи кори нав таъсис бидиҳанд, аммо дар мавриди чигунагии иҷрои ин амр чизе гуфта нашудааст.

XS
SM
MD
LG