Зиёда аз 50 дарсади саррофиҳо баъд аз як танаффуси кӯтоҳ дубора боз шуданд, вале акнун на ҳамчун дӯконҳои хусусӣ, балки шӯъбаи бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои қарзӣ. Ба ақидаи нозирони вазъ, мақомот дар ҳоле аз тасмими қаблии худ даст кашиданд, ки амри бастани саррофиҳо боиси густариш ёфтани "бозори сиёҳ”-и доллар шуд.
Абдуғаффор Қурбонов, роҳбари дафтари матбуоти Бонки миллӣ рӯзи 30−уми апрел дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, беш аз 50 дарсади нуқтаҳои саррофии хусусӣ вобастаи ин ё он бонк шуда, дубора имкон пайдо карданд ба корашон идома диҳанд. Вай афзуд: “Бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилоти қарзӣ манфитадоранд, ки чунин нуқтаҳои саррофиро шомили худ кунанд, чунки аксарияти ин нуқтаҳо бо кулли таҷҳизоти зарурӣ, бино ва кормандони таҷрибадор таъминанд. Моликони нуқтаҳои саррофии шахсӣ ҳақ доранд, то аввали моҳи июни соли равон худро шомили ин ё бонки тиҷоратӣ карда, фаъолиятро идома диҳанд.”
Ҷаноби Қурбонов мегӯяд, дар сурате, ки моликони нуқтаҳои саррофӣ нахоҳанд, вобастаи ягон бонк шаванд, дигар имкони фаъолият кардан нахоҳанд дошт. Ҳамсӯҳбати мо афзуд, аз аввал мақсади фармони Бонки миллӣ дар мавриди саррофиҳо на бастани дари онҳо, балки ба хотири танзими хубтари бозори асъор рӯи даст гирифта шуда буд. Аз ин рӯ, Қурбонов афзуд, саррофиҳои боқимонда низ метавонанд, ки худро шомили бонкҳо намоянд.
Ин тасмими Бонки миллӣ дар ҳолест, ки рӯзи 17−уми апрел он бо судури як фармон фаъолияти нуқтаҳои хусусии сарофиро манъ кард ва дар натиҷа дари беш аз 800 саррофӣ субҳи ҳамон рӯз дари худро ба рӯи муштариён боз накарданд. Ҳарчанд дар шарҳи ин қарор гуфта мешуд, ин тасмим ба хотири муътадил сохтани вазъи бозори асъор гирифта шуда аст, ин тадбири бонк мавҷи интиқодро ба бор овард ва ҷилави болоравии қурби долларо гирифта натавонист. Дар ду ҳафтаи охир, қурби сад доллари амрикоӣ аз 630 сомонии қаблӣ танҳо дар бозори расмӣ ба 654 сомонӣ расид. Аммо дар бозори ғайрирасмӣ ва ё “сиёҳ” ҳоло сад доллари амрикоиро ба 670 сомонӣ иваз мекунанд.
Олим Самадов, як саррофи Душанбе мегӯяд, рӯз аз рӯз гарон шудани доллар ба камчин шудани он вобастааст: “Пештар аз ҳама зиёд онҳое, ки фарзандони муҳоҷирашон пул мефиристоданд, омада дар дӯкони мо пулашонро иваз мекарданд. Мо ҳамин пулҳоро гирифта, хариду фурӯш мекардем. Ҳоло бошад, хеле кам одамон асъори хориҷиро мефурӯшанд, аммо харидорон хеле зиёданд.”
Ҳамсӯҳбати мо афзуд, қаблан ӯ ҳар рӯз аз мардум 1000-1500 ҳазор доллар мехарид. Аммо ҳоло хариди якрӯза 100-200 доллар аст.
Дар ҳамин ҳол, бархе иқтисоддонҳо мегӯянд, тасмими Бонки миллӣ ҷиҳати бастани нуқтаҳои саррофӣ чандон самараи хуб надод ва қатъи фаъолияти ин нуқтаҳо ба манфиати кор нест.
Иқтисодшинос Баҳром Шарифов дар суҳбат бо Радиои “Озодӣ” дар ин робита гуфт: “Бастани нуқтаҳои саррофӣ фишанги асосии мӯътадил нигоҳ доштани асъор нест. Дар ин шароит танҳо маҳдуд кардани майдони истифодаи доллар муҳим аст. Чун хариду фурӯш дар ҳама ҷо ва ҳама сатҳҳо бо сомонӣ сурат гирад, мақомаш баландтар мешавад ва ин ба камтар шудани талабот ба доллар ва мутаносибан қурби сабаб гашта метавонад.”
Бино бар арзёбии коршиносон, ҳар як нуқтаи саррофӣ дар Тоҷикистон ҳар рӯз ба ҳисоби миёна аз 2,5 то 5 000 долларро мубодила мекунад. Бо такя ба ин ҳисобҳо иқтисоддонҳо мегӯянд, дар бозори нуқтаҳои мубодилаи асъори хусусӣ ҳамарӯза аз 200 то 400 000 доллар мечархид.
Ба иттилои Бонки миллӣ дар кишвар 1581 саррофӣ сабти ном шуд буд, ки аз он 763 адади онҳо ба созмонҳои қарздиҳанда ва 818 адад ба шахсони воқеӣ ва бонкҳо тааллуқ доранд. Тибқи фармони Бонки миллӣ маҳз ҳамин 818 нуқтаи мубодилаи асъор дигар ҳаққи фаъолияти мустақилона нахоҳанд дошт.