Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти баста шудани дӯконҳо аз забони раиси бозор


Дар пайи як дастури шаҳрдори Душанбе, ки гуфт, аз 1 майи соли ҷорӣ фурӯши баъзе аз анвои молу маҳсулот дар бозори "Шоҳмансур" маҳдуд хоҳад шуд, алакай дусад дӯкон баста шудааст.

Дар пайи як дастури раиси шаҳри Душанбе барои ба танзим даровардани бозори "Шоҳмансур" ва ҷилавгирӣ аз тамбашавии мошинҳо ҳудуди 200 дӯкони атрофи он баста шудааст. Иҷорагирандагони ин дӯконҳо мегӯянд, бо соҳибмулк то соли 2018 шартнома доштанд, аммо роҳбарияти бозори "Шоҳмансур" мегӯянд, ин дӯконҳо расман ба бозор дахл надорад.

Бахтиёр Лақаев -- раиси бозори "Шоҳмансур"-и пойтахт 25 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо маъмурияти бозор танҳо 700 соҳибкор шартномаи расмӣ доранд. Ӯ афзуд: "Молики дӯконҳои тарафи чапи бозор нафари дигар аст ва ин тоҷирон на бо маъмурияти бозор, балки бо ин шахс шартнома бастанд. Ин нафар - Юлдошев дар вақташ ин биноҳоро ба хотири ташкили ошхона шахсӣ карда буд. Аммо дар ҷои он дӯкон сохта, ба тоҷирон дод."

Бахтиёр Лақаев
Бахтиёр Лақаев

Ҷаноби Лақаев афзуд, аз ҳисоби тоҷироне, ки бо маъмурияти бозор шартномаи расмӣ доранд, танҳо фурӯшандагони меваи хушк ва донагиҳо ба маркази савдои "Пойтахт-90" кӯчонида мешаванд, ки шумораашон 75−79 нафар будааст. Ҳамсӯҳбати мо илова кард, бозори "Шоҳмансур" имкони техникии нигоҳ доштани меваи хушкро надорад. "Чунки дар ин гуна дӯконҳо бояд кондитсионер кор кунад, вагарна маҳсулот вайрон шуда, ба саломатии мардум хатар эҷод мекунад,"-гуфт ӯ.

Аз ин рӯ, ба қавли Бахтиёр Лақаев, онҳо ба раиси шаҳр пешниҳод кардаанд, ин тоҷирон ба бозори нав кӯчонида шаванд, зеро дар он ҷо барои фурӯши меваи хушк тамоми шароит муҳайёст.

Норозигӣ дар пайи баста шудани дӯконҳо
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:53 0:00

Аммо баста шудани дӯконҳо норозигии даҳҳо тоҷири канори бозори Шоҳмансури Душанбе, маъруф ба "Зелёный"−ро ба бор овард ва онҳо аз аз мақомот талаб доранд, ба ҳарфашон гӯш дода шавад. Ин гурӯҳи тоҷирон рӯзи шанбе то ба идораи Шабакаи аввали телевизиони

Тоҷирони норозӣ дар назди Шабакаи аввал
Тоҷирони норозӣ дар назди Шабакаи аввал

Тоҷикистон рафтанд, то ҳарфи дилашонро тариқи оинаи нилгун изҳор доранд. Касе аз масъулон ба назди тоҷирон ҳозир нашуд ва онҳо маҷбур шуданд, дубора ба бозори "Шоҳмансур" баргарданд.

Зӯҳро, яке аз тоҷироне, ки ин издиҳомро ҳамроҳӣ мекард, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, "дӯконамро ду бор ба маблағи 6 ҳазордолларӣ харидам. Шартномаи мо то соли 2018 аст, аммо субҳ маҷлис шуд ва гуфтанд, зуд дӯконҳоро холӣ кунед. Мо намедонем чӣ кор кунем?!"

Ҳамин тавр, бархе дигар аз тоҷирон мегӯянд, аз бонкҳо аз 3 то 20 ҳазор доллар қарздоранд ва баста шудани дӯконҳояшон ба зиндагии онҳо зарбаи камаршикан мезанад. Ин дӯконҳо баъд аз як дастури Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе баста шуданд, ки гуфт, аз 1 майи соли ҷорӣ фурӯши баъзе аз навъҳои молу маҳсулот дар ин бозор маҳдуд хоҳад шуд. Мақомоти Душанбе мегӯянд, ин тасмим на бо ҳадафи зарба задан ба тоҷирон, балки "бо мақсади аз байн бурдани савдои кӯчагӣ, таъмини бехатарию бе тамбашавӣ ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои мошингузари назди бозори Шоҳмансур" гирифта шудааст.

Дар ҷаласаи рӯзи 21 апрели шаҳрдорӣ низ таъкид шудааст, барои тоҷироне, ки аз ҷойҳои худ дар бозори "Шоҳмансур" маҳрум мешаванд, дар "Маҷмааи савдои Пойтахт-90" нуқтаҳои савдо пешбинӣ шавад. Вале тоҷирони норозӣ мегӯянд, шартномаи бозори "Пойтахт 90", ки ба қиммати 40 миллион доллар бунёд шуда, соли гузашта мавриди истифода қарор гирифт, хеле гарон буда, ба онҳо гуфтаанд, дар ин бозор фақат маҳсулоти "фирмавӣ" хоҳанд фурӯхт. Яке аз ин тоҷирон гуфт: "мо аз куҷо ин қадар маблағ дорем, ки молу маҳсулоти фирмавӣ меорем? Онҳо хеле гаронанд? Харидорон дар ин бозор низ хеле каманд. Аз куҷо қарзҳоямонро бармегардонем?"

Тоҷирон талаб доранд, ҳадди ақалл барояшон то се моҳ мӯҳлат дода шавад, борҳои будаашонро зудтар бифрӯшанд ва дар ягон бозоре, ки харидорони зиёд дорад, барои худ ҷойи по ёбанд.

Бозори Шоҳмансур аз бозорҳои маъруфи пойтахти Тоҷикистон аст, ки дар он ҷо бештар маҳсулоти ғизоӣ, сабзавоту меваҷот ва либосу матоъ мефурӯшанд. Вале тоҷирон танҳо дар дохили бозор набуда, гурӯҳе аз онҳо дар ду тарафи роҳи паҳлӯи бозор ҳам саф мекашанд, ки гоҳо ба роҳгузарии сокинон халал ворид мешавад. Бархе аз нозирони умур мегӯянд, солҳои сол аст, ки ин вазъ дар бозори Шоҳмансур мушоҳида мешавад ва ҳоло тасмими бастани баъзе дӯконҳо барои тамбанашавӣ дар назди бозор шояд баҳонаи хубе барои кӯч додани тоҷирон ба маркази савдои "Пойтахт 90" бошад.

Дар ҳоле ки моҳи январи соли ҷорӣ масъулони шаҳрдорӣ дар нишасти хабарӣ иқрор карда буданд, "ними муассисаи давлатии “Маркази савдои Пойтахт 90” холист". "Маркази савдои Пойтахт-90", ки бо 194 миллион сомонӣ аз буҷаи шаҳри Душанбе дар кӯчаи "Меҳнат" бунёд шудааст, моҳи сентябри соли 2014 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

XS
SM
MD
LG