Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, тағйири Кодекси андоз аз ҳолатҳои саркашии ширкатҳои офшорӣ дар пардохти андоз ҷилавгирӣ мекунад. Ба мақсади ҷилавгирӣ аз саркашии ширкатҳои фошорӣ аз пардохти андоз дар Тоҷикистон ба се моддаи Кодекси андоз тағйир ворид карда шудааст.
Дафтари матуботи Кумитаи андози Тоҷикистон рӯзи 6 апрел дар як посухи катбӣ ба радиои Озодӣ гуфт, барои бори аввал дар Кодекси андоз мафҳуми минтақаи офшорӣ ворид карда шуд. Ҳамакнун мутахассисони ин Кумита “дар асоси дороиҳо, муомилот, хароҷоти истеҳсолӣ, муқоиса бо андозсупорандаи шабеҳ” ширкатҳои офшориро андозбандӣ мекунанд. Ба гуфтаи масъулони Кумитаи андоз, тибқи ин тағйирот, ҳамакнун ширкатҳое, ки дар онҳо ширкатҳои дигари офшорӣ саҳм дорад, аз як сабукӣ дар андозсупорӣ маҳрум шуданд.
Тибқи моддаи 126−и Кодекси андоз, агар ширкате дар дохили кишвар саҳмияҳои ширкати дигарро дар ихтиёр дошта бошад, аз суд ва ё фоидаи ин саҳмияҳо андоз намедиҳад. Аммо бо тағйири ворида ба Кодекси андоз, агар дар яке аз ин корхонаҳо ширкати офшорӣ ҳисса дошта бошад, аз ин имтиёз маҳрум хоҳад буд.
Мавзӯи ширкатҳои офшорӣ дар Тоҷикистон соли 2009, замони омадани IRS (ширкате, ки нигоҳубини роҳи пулакии Душанбе-Чанақро ба уҳда дорад), вирди забонҳо шуд. Бинобар офшорӣ будан ва дар ҷазираҳои Вирҷини Бритониё сабти ном шудани IRS, то ба ҳол исми молики ин ширкат маълум нест. Ҳатто вакилони порлумон ҳам ҳангоми баррасии масъалаи супурдани нигоҳубини роҳи Душанбе−Чаноқ ба ихтиёри ин ширкат номи молики онро аз вазири нақлиёт ва дигар масъулон пурсон шуда, посухе нагирифтанд. Маҳз махфӣ боқӣ мондани номи молики ширкат, амалҳои молиявӣ ва ночиз будани мизони андозбандӣ дар минтақаҳои офшорӣ, ба бовари иқтисоддонҳо, ин маконҳоро барои сармоядорони тоҷик ҷаззоб мекунад.
Маҳбуб Маҳмудов, ки мушовири иқтисодии чандин ширкат аст, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, сармоядорон бо роҳи сабти номи ширкатҳо дар минтақаҳои офшорӣ, бидуни нақзи қонун аз пардохти андоз аз даромад фирор мекунанд. Вай мегӯяд: “Дар Тоҷикистон ширкат аз фоидаи ба даст овардааш 25 дарсад андоз месупорад. Инчунин ҳангоми тақсими дивидентҳо боз андози 12-дарсадӣ бояд пардохт кунанд. Агар ширкат дар минтақаи офшор сабти ном шуда бошаду дар Тоҷикистон кор кунад, танҳо як ва ё ду намуди андозро мувофиқи фаъолияташ месупораду даромади бадастовардаашро ба офшор мефиристонад ва аз ин фоидааш андоз намедиҳад. Чунки дар минтақаҳои офшорӣ андоз нест ва ё бошад ҳам, ночиз аст.”
Ҷаноби Маҳмудов афзуд, як бартарияти дигари ширкатҳои офшорӣ ин аст, ки онҳо ҳамгуна иттилои марбут ба ширкатро, аз ҷумла молики он ва амалиёти молиявиашро махфӣ нигоҳ медорад. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, ширкатҳои офшорӣ барои гурез аз андоз имконияти васеъ доранд, чунки ҳатто дар сурати дархости маълумоти молиявии ширкати офшорӣ аз сӯи нозирони андоз он пешниҳод карда намешавад.
Шадидтар шудани шароити будубоши ширкатҳои офшорӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки амалиёти молии бузургтарин корхонаи Тоҷикистон - ТalCo тариқи ширкати офшории TalCo Menegment cурат мегирад ва IRS ширктаи нигоҳбони роҳи васлкунандаи шимолу маркази ҷумҳурӣ низ офшорӣ аст ва борҳо мавриди интиқоди расонаҳои мустақили кишвар шудаанд. Ин буд ки, Абдуҷаббор Ширинов раиси Бонки миллӣ дар як нишасти хабариаш гуфт, пулҳое, ки аз Тоҷикистон дар минтақаҳои офшор гузошта шудаанд, на ҳатман ба маъноест, ки онҳо аз роҳҳои ғайриқонунӣ ба даст омадаанд. Мақомоти Тоҷикистон шумори ширкатҳои офшорӣ ва моликони аслӣ ва маблағҳои аз Тоҷикистон ба ин қабил минтақаҳо ирсолшударо аз матубот пинҳон медоранд, аммо охири соли 2013 маркази таҳқиқотии Tax Justice Network сармояҳои шаҳрвандони Тоҷикистон
дар минтақаҳои оффшорро аз 2,5 то 3,5 миллиард доллар баровард карда буд.
"Офшор", яъне берун аз соҳил ё ба маънои "ҷазира" - манотиқи хурдест, ки ба соҳибкорон имкон медиҳад, сармояи худро дар он ҷо махфӣ ва аз андоз эмин нигоҳ доранд.
Бузургтарин манотиқи офшорӣ дар Швейтсария, Люксембург, Бритониё, Амрико, Сингапур воқеъ буда, дар маҷмӯъ дар ҷаҳон 70 минтақаи офшорӣ вуҷуд дорад, ки ба афроди сарватманд ва ширкатҳои бузург кӯмак мекунанд, бо фиребгарӣ аз пардохти молиёт сар печанд. Дар арзёбии Вазорати умури хориҷии Амрико аз фазои сармоягузории Тоҷикистон, ки нимаи соли гузашта нашр шудааст, гуфта мешавад, раҳбарони Тоҷикистон ва хонаводаҳои онҳо ширкатҳои бузургеро зери даст доранд, ки ба хотири насупурдани молиёт онҳоро дар минтақаҳои офшорӣ сабти ном кардаанд.
Чанде пеш ифшо шудани ширкатҳои офшории духтарони президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев моҷарои бузургеро дар ин кишвар ба бор оварда буд. Журналистони таҳқиқгар мегӯянд, ба зудӣ матолиби марбут ба сарони бисёре аз кишварҳоро дар робита ба интиқоли сармояҳои бузург ба минтақаҳои офшор нашр хоҳанд кард.