Николай Ҳавасов, яке аз яҳудитаборони Душанбе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 9-уми апрел гуфт, Песах ё Иди пок "иди озодӣ"- ист ва гуфт, ки сарчашмаи ин ид аз замони озодшавии яҳудиён аз ғуломӣ ё итоати мисриён, дар бештар аз се ҳазор соли пеш об мехӯрад: “Вақте яҳудиён озод шуданд, онҳо дар даст танҳо орд доштанд. Аз ин орд нони бенамак пухтанд, ки мо онро Масо мегӯем. Бинобар ин, ба хотири гиромидошти ин озодӣ, мо 7 рӯз нон истеъмол намекунему танҳо Масо мехӯрем. Дар ин ид, ҳеҷ кас бо касе бояд кинаву адоват надошта бошад. Касе аз касе хафа бошад, бояд аз якдигар узр пурсида, оштӣ шаванд.”
Ҷаноби Ҳавасов мегӯяд, қавми яҳуд то замони озод шуданаш аз бардагии мисриён, тӯли тақрибан чаҳорсад сол дар итоати онҳо қарор доштааст. Аз ин рӯ, дар оғози ин ид аҳли хонаводаи яҳудиён дар атрофи як миз нишаста, пеш аз ҳама аз таърихе ёдоварӣ мекунанд, ки онҳоро ба даврони хеле пеш, замони ғуломӣ ва пас аз он замони озодии яҳудиён мебарад.
Каниса ва ё синагогаи яҳудиён пас аз тахриб шуданаш дар канори собиқ бозори “Баракат”-и шаҳри Душанбе соли 2009 дубора барқарор шуд. Моҳи марти соли 2009 соҳибкори сарватманд ва раҳбари “Ориёнбонк” Ҳасан Асадуллозода як хонаи мӯҳташами худро ба ҷамоаи яҳудиёни Душанбе туҳфа кард, то онро ба ибодатгоҳ ва ё каниса табдил диҳанд. Ин каниса дар Душанбе беш аз 50 нафар ибодаткунанда дорад.
Алексей Михайлов, яке аз яҳудтаборони дигари Душанбе, ки нигоҳубини канисаро ба дӯш дорад, мегӯяд, ҷомеаи онҳо аз шахси Ҳасан Асадуллозода ва ҳукумати Тоҷикистон барои ин тӯҳфа, хеле миннатдор аст. Вай афзуд: “Ин бино ҳоло ба номи ҳеҷ кас нест. Дар ин ҷо ҳоло ибодат ҳам намегузарад, чунки раввин ва ё муллои мо се сол қабл ба Исроил рафт. Тибқи фармудаҳои дини мо, китоби муқаддасро бе ҳузури камтар аз 11 марди яҳудӣ кушодан ва ибодат кардан мумкин нест.”
Михайлов гуфт, азбаски дар аксари маворид 11 нафар ҷамъ намешаванд, ба иллат бегоҳиҳои ҷумъа онҳо ба тоату ибодат машғул шуда наметавонанд. Михайлов афзуд, каниса аз хориҷа ва худи Исроил кӯмаки молӣ дарёфт мекунад ва онҳо ба аъзои ҷамоаташон ҳар моҳ 10 доллари амрикоӣ пардохт мекунанд.
Аммо Барно, як хонуми яҳудитабори Душанбе мегӯяд, бисёре аз ҳамқавмонаш аз Тоҷикистон ҳиҷрат кардаанд ва дар ин ҷо занону пирони барҷомондае боқӣ мондаанд, ки ба кӯмаки бештар ниёз доранд: “Мо пештар кӯмаки хуб мегирифтем. Пул меомад, аз ин ҷо хӯрокворӣ, гӯшт тухм медоданд. Ҳоло кам шудааст. Як моҳ мешавад, ҳамон 10 долларро ҳам нагирифтем.”
Дар ҳамин ҳол, Ҳавасов аз ибодтаткунандагони ин каниса гуфт, онҳо аз Исроил хохом ё раввинеро киро кардаанд ва ба зудӣ ӯ ба Душанбе меояд ва ибодатҳои бегоҳи шанбе шурӯъ мешавад.
Зимнан, Кумитаи дини Тоҷикистон ин канисаро то ба ҳол ба расмият напазируфтааст. Ҷомеаи яҳудитаборон мегӯянд, ки пас аз омадани хохом, онҳо дубора кӯшиши сабти номи расмии канисаро хоҳанд кард.
Ба қавли Ҷамъияти яҳудиёниТоҷикистон, яҳудиёни кишвар бухориасл буданд ва пас аз фурӯпошии шӯравӣ ба Амрико ва Исроил ҳиҷрат карданд. Ҳоло дар Амрико ҷамъияти яҳудиёни бухороӣ фаъол аст. Нахустин яҳудиҳои бухороӣ ҳанӯз дар авоили қарни бист ба Иёлоти Муттаҳида кӯч баста буданд, вале муҳоҷирати бузурги онҳо ба Амрико солҳои шастуму ҳафтодуми асри бист шурӯъ шуда буд.
Яҳудиёни Тоҷикистон дар рушди илму ҳунари Тоҷикистон хидматҳои зиёд кардаанд ва ҳоло низ дар Исроилу Амрико аз нигоҳдорандагони забону фарҳанги тоҷикӣ ба шумор мераванд.