Русия наздик ба 500 сарбози нерӯҳои ҳавобурд ё десантиашро ба ба хотири ширкат дар тамринҳоиПаймони амнияти дастҷамъӣ вориди Тоҷикистон кард. Ин тадбир дар чаҳорчӯби санҷиши ногаҳонии нерӯҳои СПАД сурат мегирад.
Дафтари матбуоти Вазорати дифои Русия рӯзи 12 май бо пахши як изҳорот хабар дод, ки ҷузъу томи ҳавобурди шаҳрҳои Уляновск ва Иваново дар чаҳорчӯби тафтишоти ногаҳонии нерӯҳои зудамали кишварҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, барои фиристодан ба Тоҷикистон омода шудаанд.
Вазорати дифои Русия ҳамчунин гуфтааст, ки ин нерӯҳо бо зиреҳпӯшу ҷангафзорҳо тариқи ҳавопаймои ИЛ-76 аз фурудгоҳи «Иваново-Северный» ба Тоҷикистон интиқол меёбанд. Дар гузашта низ нерӯҳои низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон машқу тамрин ва маневрҳои ҳарбӣ барзгуор кардаанд, аммо ба фарқ аз тамринҳои кунунӣ дар онҳо умдатан сарбозону афсарони пойгоҳи 201 ширкат мекарданд.
РАЗМОИШҲОИ НОГАҲОНӢ?
Бар хилофи размоишҳои гузаштаи СПАД ин бор чунин машқ бидуни огаҳии пешакӣ сар шуд ва дараҷаи омодагии кишварҳои узвро дар ҳолатҳои изтирорӣ ба намоиш хоҳад гузошт.
Александ Князев, таҳлилагри масоили амниятии Осиё Марказӣ рӯзи 13−уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ин гуна машқҳо ва эъзоми нерӯҳои низомӣ ба Тоҷикистон, як “санҷиши маъмулӣ” аст. Князев мегӯяд, таҳдидҳои ношӣ аз ҷангиён дар наздикии марзи Тоҷикистон рӯ ба коҳиш овардаанд. Зеро ҳоло ҷангиён ба самти марзҳои Афғонистону Туркманистон ҳаракат мекунанд. Ба гуфтаи ин таҳлилгари рус хатари ҳамлаи бевоситаи ҷангиён ба хоки Тоҷикистон ҷой надошт ва дар ояндаи наздик ҳам ба вуҷуд намеояд.
Машқу тамринҳое, ки ба нақли Вазорати дифоъ нерӯҳои вежаи ҳарбӣ‑ҳавоии Русия дар Тоҷикистон баргузор мекунад, ба гуфтаи таҳлилгарон “тасвире аз минтақаҳои марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро медиҳад”. Ин аст, ки таҳлилгарон мегӯянд, як сабаби баргузор кардани тамринҳои СПАД дар қаламрави Тоҷикистон ҳам хатарҳои эҳтимолии ношӣ аз Афғонистон аст.
Комёб Ҷалилов, таҳлилгари масоили амниятӣ мегӯяд, эъзоми нерӯҳои чатрбоз ва зудамали Русия ба қаламрави Тоҷикистон ду паём дорад: “Аввалан дар шароите, ки таҳдидҳои низомӣ аз Афғонистон бештар мешавад, бо ин тамринҳои ногаҳонӣ мехоҳанд сареият ва омодабошии нерӯҳои зудамалӣ Созмони паймони амнияти дастаҷамъиро бисанҷанд. Аз сӯи дигар, ин як навъи ҳушдор ба қувваҳои тахрибкор аст, ки дар сурати зарурӣ Русия ва нерӯҳои СПАД ҳозиранд ба кумаки Тоҷикистон бирасанд” – гуфт Комёб Ҷалилов.
ЧАРТРБОЗОНИ "ЧАТРИ АМНИЯТӢ"
Дар шароити густариши моҷароҳои мусаллаҳона ва тақвияти гурҳҳои ифротӣ дар минтақаҳои ҳамарзи Афғонистон бо Тоҷикистон Бо онки сокинон ба қудрати нерӯҳои Тоҷикистон эътимод доранд, аммо ҳам ҳузури нерӯҳои Русияро як “чатри амниятӣ”-и иловагӣ арзёбӣ мекунанд.
Оллоҳбердӣ Сулаймонов як сокини миёнсол аз ноҳия Рудакӣ мегӯяд ҳар гоҳе, ки убури танку туп ва афсарони Русияро ба самти ҷануби кившар мушоҳида мекунад, итминон ҳосил мекунад, ки амнияти марзҳо таъмин аст. “Албатта низомиёни худамон ҳам ҳоло хеле пурқувват шудаанд, аммо будани русҳо боз чашми душманро зиёдтар метарсонад”- мегӯяд ин шаҳрванд.
Русия, ки дар соли 2005 аз марзи Тоҷикистон хориҷ шудааст, орзӯи бозгашт ба ин марзҳоро ҳамеша дар сар дорад ва бисёр вақт ҳаводиси кӯчак дар марзи Афғонистону Тоҷикистонро бузург нишон медиҳад, то заурати будани худ дар он қаламравҳоро таъкид кунад. Аммо Тоҷикистон борҳо гуфтааст, ки марзбонҳои кишвар аз нигоҳубини марз ба хубӣ мебароянд.
НАҚШИ ТО ҲАНӮЗ КАМРАНГИ СПАД
Дар ҳамин ҳол, Фаридун Маҳмадалиев сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, дар машқҳои дастаҷамъона намояндагони кишварҳои дигари узви Созмони амнимяти дастаҷамъи иштирок мекунанд. Ҷаноби Маҳмадалиев мегӯяд, машқҳои низомӣ аз 12−ум то 21−уми май дар майдонҳои тамринии вилояти Хатлон баргузор мешаванд. Ин вилояти ҷанубӣ бо Афғонстон марзи муштарак дорад. Моҳи декабри соли гузашта дар нишасти сарони кишварҳои узви СПАД дар Маскав, раёсати даврии ин созмон дар соли 2015 бар ӯҳдаи Тоҷикистон вогузор шуд. Ба ҷуз Тоҷикистон, Русия, Белорус, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон узви СПАД мебошанд.
Моҳи декабри соли гузашта дар нишасти сарони кишварҳои узви СПАД дар Маскав, раёсати даврии ин созмон дар соли 2015 бар ӯҳдаи Тоҷикистон вогузор гардид. Ба ҷуз Тоҷикистон, Русия, Белорус, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон узви СПАД мебошанд.
Аз замони таъсисаш дар соли 1992 ин нерӯ дар ҳалли ҳеҷ як аз низоъҳои минтақавӣ иштирок накардааст ва соли 2010, дар ҷараёни даргириҳои қавмӣ дар Уши Қирғизистон, ки садҳо нафарро кушта бар ҷой гузошт, Ин созмон худро бетараф гирифт ва низоъро кори дохилии давлаи Қирғизистон номид.