Масъулони шаҳрдории Душанбе зимни шарҳи манъи фаъолияти таксиҳои "3 сомонӣ" гуфтанд, ки пойтахт ба теъдоди зиёди таксҳои хусусӣ ниёз надорад.
Ронандаҳои таксии маъруф ба "3 сомонӣ" мегӯянд, ки таҳдиди ҷарима ва маҳрумият аз ҳаққи ронандагӣ ба онҳо имкон намедиҳад, то ба мусофиркашонӣ машғул шаванд.
Вазири умури хориҷии Олмон дар ин нишасти хабарӣ ҳамзамон гуфт, ки ҷониби Олмон аз вазъ дар марзи тӯлонии Тоҷикистон бо Афғонистон огоҳ аст ва медонад, ки дар инҷо пулҳо ва зербиноҳои иҷтимоӣ бунёд мешаванд, то мардуми ду канори соҳил, бо ҳам биёянд.
Дар Рӯзи 1-уми апрел, ки ҳамчун рӯзи ханда ва ҳазл шинохта шудааст, шореҳи иқтисодии Радиои Озодӣ, хабарҳои иқтисодиеро, ки орзу дорад, амалӣ шаванд, гирдиҳам овард.
Вазири умури хориҷии Олмон гуфт, ки онҳо нигарониҳои ҳукумати Тоҷикистонро дар масъалаи қутбгириҳои сиёсиву иҷтимоӣ дарк мекунанд.
Бонки Осиёии Рушд мегӯяд, Тоҷикистонро зарур аст, то модели нави рушди иқтисодиро пеш бигирад. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки бе тавсияи ин бонк ҳам ҳукумат модели нави рушди иқтисоди кишварро аллакай таҳия кардааст.
Дар Тоҷикистон қонуни нави адвокатҳо ба иҷро даромад. Бар асоси он танҳо вакилони дифое, ки аз имтиҳони тасдиқи касбият гузаштаанд, ҳаққи иштирок дар парвандаҳоро хоҳанд дошт.
Барномаи нави рушди стратегие, ки дар Душанбе таҳия кардаанд, то соли 2030 аз як кишвари "рӯ ба рушд" ба кишвари "дар ҳоли рушд" табдил додани Тоҷикистонро пешбинӣ мекунад.
Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, даромади хонаводаҳои тоҷик танҳо дар 3 моҳи охир 27 дарсад коҳиш ёфта, ҳоло 46 фоизи хонаводаҳо дар Тоҷикистон барои хариди хӯрокворӣ пули кофӣ надоранд.
Раҳбари намояндагии Бонки Осиёии Рушд аз як сӯ таъсири буҳрон ба иқтисоди Тоҷикистонро сахттару тӯлонитар номида, вале ҳамзамон аз Душанбе хостааст, ин фурсатро ба манфиат истифода барад.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 20-уми март зимни мулоқот бо зиёни кишвар гуфт, ки Наврӯз як ҷашни фарҳангист ва ба ҳеҷ дину мазҳаб рабт надорад.
Аксари ширкатҳои фароҳамкунандаи хадамоти интернетӣ дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоиро, ки аз чанд моҳ ба ин тараф масдуд шуда буданд, барқарор кардаанд.
Баъзе аз тоҷирон мегӯянд, ки ба далели якбора боло рафтани қимати иҷора дар Фурӯшгоҳи марказӣ дӯконҳои ин биноро тарк мекунанд.
Тоҷикистон барои ироаи гузориши солона ба Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид оид ба вазъи ҳуқуқи инсон дар кишвар, омода мешавад.
Намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд бо масъулони "Тоҷиксодиротбонк"-- яке аз бонкҳои бузурги Тоҷикистон ҷиҳати наҷоти ин бонк аз вазъи мушкили молиявӣ, вориди гуфтугӯ шудаанд.
Ягона шаҳрванди Тоҷикистон аз узвияти Шӯрои мудирони ширкати China Nonferrous Gold Limited, молики кони тиллои Покрӯд дар Тоҷикистон хориҷ шуд.
Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки вазъи озодии баён дар 60 моҳи гузашта дар Тоҷикистон бисёр бад шудааст ва ҳукумат бояд вазъро ислоҳ кунад.
Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид гуфт, вазъи озодии баён дар 60 моҳи гузашта дар Тоҷикистон бисёр бад шудааст ва ҳукумат бояд вазъро ислоҳ кунад. Абдуллои Ашӯр бо Дейвид Кайе як сӯҳбати ихтисосӣ анҷом дод.
Рӯзи 8-уми март, ки дар Тоҷикистон ҳамчун рӯзи модарон таҷлил мешавад, мардон дар баъзе аз хонаводаҳо пухтупазро бар дӯш мегиранд. Дар хонаи Раҷабалӣ сокини Душанбе ҳамин кор расм шудааст.
Сармояи тоҷири иронӣ,Бобак Занҷониро,ки аз шӯъбаи 5–уми додгоҳи инқилоб ҳукми эъдом гирифт, дар Тоҷикистон аз 30 милион бештар намедонанд.Мақомоти эронӣ иддао мекарданд, ки Занҷонӣ аз 500 то 600 миллион доллар дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст ва бо афроди бонуфузи ҳукумат робитаи молӣ дошт
Ёфтҳои бештар