Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар соли 2030: Аз "рӯ ба рушд" ба кишвари "дар ҳоли рушд"


Тоҷикистон дурнамои иқтисодии худро дар бунёди нирӯгоҳҳо мебинад
Тоҷикистон дурнамои иқтисодии худро дар бунёди нирӯгоҳҳо мебинад

Барномаи нави рушди стратегие, ки дар Душанбе таҳия кардаанд, то соли 2030 аз як кишвари "рӯ ба рушд" ба кишвари "дар ҳоли рушд" табдил додани Тоҷикистонро пешбинӣ мекунад.

Дар Тоҷикистон стратегияи рушди кишвар барои 15 соли оянда таҳия шудааст, ки дар сурати иҷрояш Тоҷикистон дар соли 2030 бояд аз кишвари ”рӯ ба рушд” ба кишвари “ дар ҳоли рушд” табдил ёбад. Ин ҳуҷҷати садсаҳифаӣ, ки устувонаи ҳамаи стратегияҳои дигарро ташкил мекунад, роҳу равиши пешрафти кишварро то соли 2030 муайян хоҳад кард.

Шаҳзод Авазов, як масъули раёсати рушди минтақаҳо ва мониторинги Вазорати рушди иқтисод ва савдо рӯзи 25­-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар сурати қабул шудани ин ҳуҷҷат Тоҷикистон тайи 15 соли оянда барои расидан ба 4 ҳадафи стратегӣ талош хоҳад кард. Вай афзуд: “Дар ин стратегия чор ҳадафи асосӣ муайян карда шудаанд. Ин ҳадафҳо таъмини истиқлолияти энергетикӣ, рушди имкониятҳои комуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқавориву ғизо ва ниҳоят вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул ҳастанд.”

Авазов афзуд, Тоҷикистон то соли 2030 дар се давра барои расидан ба ин ҳадафҳои стротегиаш талош хоҳад. Яъне аз соли 2016­ то 2020, аз соли 2021 то 2025 ва аз соли 2026 то 2030.

Ин масъули Вазорати рушди иқтисод ва савдо гуфт, барои расидан ба ин ҳадаф иқтисоддонҳо ва коршиносон се сенарияи рушди имконпазири иқтисоди кишварро пешниҳод карда буданд: сенарияи инертсионӣ, сенарияи индустриалӣ ва сенарияи идустриалӣ-инноватсионӣ.

Аз ин се сенарияи рушд, ба таъкиди Авазов, сенарияи рушди индустриалӣ қобили қабул дониста шудааст, ки дар асоси ба итмом расидани сохтмонҳои азими иншооти энергетикӣ ва инфрасохторӣ таҳия шудааст. Ниҳояти иҷрои ин барномаи тақдирсоз, ба гуфтаи Шаҳзод Авазов, ин хоҳад буд, ки сатҳи рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон дар соли 2030 бояд ба кишварҳои рушдашон миёна баробар шавад: “Ҳамчунин шумораи табақаи миёнҳол дар кишвар то соли 2030 бояд на камтар аз 50 фисадро ташкил кунад. Ҳамчунин тавассути гуногунсозии иқтисодиёти кишвар мо бояд рақаобатпазирии иқтисодамонро баланд бардошта рушди устоври онро таъмин созем.”

Тоҷикистон дар соли 2009 барномаи рушди стратегиашро қабул карда буд, ки барои то соли 2015 таҳия шуда, се ҳадафи стратегӣ: раҳоӣ аз бунбасти комуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикиро дар бар мегирифт.

Душанбе дар амри расидан ба ду ҳадафи аввалӣ ба пешрафтҳое ноил шуд. Аммо Тоҷикистон ҳанӯз ба ҳадафи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ноил нашудааст. Сохтмони нерӯгоҳи Роғун, ки ҳама умедҳои сокинони кишвар ба поён ёфтани лимити барқ дар фасли сармо ба он баста шудааст, ҳоло ҳам идома дорад ва бинобар ваъдаи масъулони ҳукумат, ду чархаи аввали он бояд соли 2018 ба кор дарояд. Ҳоло бошад сокинони кишвар дар шаш моҳи сарди сол аз камбуди нерӯи барқ ва зиндагӣ дар манзилҳои торик азият мекашанд.

Саймиддин Дӯстов
Саймиддин Дӯстов

Саймиддин Дӯстов, роҳбари маркази таҳлилии “Индем” мегӯяд, Тоҷикистон ба ҳадафҳои стратегие, ки худ муайян карда буду бояд дар соли 2015 ба он мерасид, ба пуррагӣ ноил нашуд. Чунки ба гуфтаи ӯ барномаи рушди стратегии кишвар то соли 2015 аз сӯи як зумра идораҳое таҳия шуд, ки худ ҳам масъули иҷрову назораташ буданд. Вай афзуд: “Аз ин рӯ барномаи стратегии қаблӣ ба пуррагӣ иҷро нашуд. Худи ҳукумат ҳам эътироф мекунад, ки он барнома ҳудудан 57 дарсад иҷро шудааст. Шеваи барномаи нави стратегӣ ҳам агар ба ҳамин шакл бошад, онро низ тақдири барномаи қаблӣ интизор аст. Ҳол он, ки дар барномаи нав ҳам ҳукумат дар назди хеш ҳадафҳои чандоне баланде нагузоштааст. Ба ин сатҳи рушде, ки тибқи ин барнома то соли 2030 бояд расем, кишвар бояд дар соли 2010 мерасид.”

Дар тақвияти гуфтаҳояш ҷаноби Дӯстов гуфт, яке аз ҳадафҳое, ки дар барномаи нави рушди стратегӣ гузошта шудааст, ба 2500 доллар ба ҳар сари аҳолӣ расондани маҷмӯи маҳсулоти дохилист. Барои мисол ҳоло маҷмӯи маҳсулоти дохилии Муғулистон дар ҳамин сатҳ аст.

Ин коршиноси тоҷик мегӯяд, агар ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад, барномаи воқеан ҷиддиеро рӯи даст бигирад ва билохира ба иҷрои комили он ноил шавад, бояд нерӯҳои бештари ақливу зеҳниро барои таҳия ва назорати иҷрои он равона кунад.

Аммо масъулони идораҳое, ки дар таҳияи ин санад саҳм доштанд, мегӯянд, мақсаду маромҳое, ки дар барномаи нави стратегӣ пешбинӣ шудааст, бар асоси таҳлилу вазъи воқеии иқтисоди кишвар таҳия шудаанд ва дар марҳалаи кунунӣ аз ин дида ҳадафҳои бузургтарро пайгирӣ кардан ғайривоқеӣ ба назар мерасад.

XS
SM
MD
LG