Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷирон ЦУМ-ро тарк мекунанд


Баъзе аз тоҷирон мегӯянд, ки ба далели якбора боло рафтани қимати иҷора дар Фурӯшгоҳи марказӣ дӯконҳои ин биноро тарк мекунанд.

Бархе аз тоҷирони "Маркази савдои Тоҷикистон, собиқ ЦУМ – Фурӯшгоҳи марказии Душанбе дӯконҳои онро тарк мекунанд. Тоҷирон мегӯянд, маъмурияти фурӯшгоҳ ба якборагӣ қимати иҷораи дӯконҳоро боло бурд ва онҳо тавони пардохти иҷрапулиро надоранд.

Гулсифат Ҳамроева, яке аз тоҷирони ин фурӯшгоҳ рӯзи 18 март дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ӯ беш аз даҳ сол аст дар инҷо ба тиҷорат машғул буд, аммо нархе, ки маъмурияти нав барои иҷораи дӯконҳо муқаррар кард, тиҷорати ӯро бесамар мекунад. Ӯ афзуд, “ман то ҳозир барои иҷораи дӯкон 600 сомонӣ иҷорапулӣ пардохт медодам. Аммо ҳоло нархи иҷорапулиро ба якборагӣ то ба 3 ҳазор 600 сомонӣ яъне 6 баробар боло бурданд. Мо ин миқдор пулро пардохт карда наметавонем.”

Ҳамроева гуфт, аз даромади ин дӯкон хароҷоти аҳли оилаашро таъмин мекард, вале ҳамакнун намедонад тиҷораташро чӣ гуна идома бидиҳад, чунки дӯкони мувофиқе барои тиҷораташ ҳанӯз пайдо наркардааст.

Холаи Латофат молики дӯкони ҳамшафати ӯ, ки низ охирин бастаи борҳояшро меғундошт гуфт, барои фурӯши борҳояш алакай макони нав пайдо кардааст: “Нархи иҷораи инҷо ниҳоят гарон шуд. Ҳоло бӯҳрон аст, бе ҳамин ҳам савдо нест. Мо аз куҷо 3 ҳазору 4 ҳазор пул кор мекунем, то ки иҷораи инҷоро пардохт кунем? Ҳоло Марказҳои савдои Мӯниса ва бинои собиқ “Олами кӯдакон” дар поинтари Фурӯшгоҳи марказӣ бо нархҳои арзонтар ҷойи савдо пешниҳод карда истодаанд. Мо ҳоло ба онҷо мегузарем.”

Ҳини гаштугузори мо дар долонҳои "Маркази савдои Тоҷикистон" аксарияти рафҳои дӯконҳои он холӣ ба назар мерасид. Дар бархе аз дӯконҳо тоҷирон охирин бастаҳои борашонро аз он ҷо берун мекашиданд. Ба ҷуз аз ошёнаи якум, ки тоҷирони телефонҳои мобилӣ ва дигар таҷҳизоти электронӣ дӯкон доранд ва дар онҷо ҳамоно савдо идома дошт, мағозаҳои ошёнаҳои дувуму севум холӣ ба назар мерасид.

Дар ҳамин ҳол, Саттор Раҳимов - роҳбари нави ин фурӯшгоҳ, ки ахиран ба Маркази савдои Тоҷикистон табдили ном кард, мегӯяд, қимати иҷораи дӯконҳо на ҳамон тавре ки тоҷирон мегӯянд, шаш баробар, балки як баробар гарон шудаст.

Ӯ гуфт, “нархи як метри мураббаъ иҷораи дӯконҳо пештар 80 сомонӣ буд. Ҳоло мо 160 сомонӣ муқаррар кардем. Ҳар тоҷире, ки бо ҳамин нарх розӣ бошад, корашро идома медиҳад, агар не ихтиёр дар дасташ аст. Ҳоло бархе аз тоҷирони ошёнаи якум боз масоҳатҳои нав харида корро пеш бурда истодаанд.”

Ҷаноби Раҳимов дар посух ба суоли Озодӣ, ки чаро ба якборагӣ қимати иҷораи дӯконҳо боло бурда шуд гуфт, Маркази савдои Тоҷикистон дар маркази пойтахт ҷойгир аст ва албатта нархи иҷора дар ин ҷо боло аст ва молу маҳсулотҳои беҳтарин бояд дар ин ҷо савдо шавад. “Инҷо бозори "Султони Кабир" нест-ку? Ин бино ҳоло дар ихтиёри Дастгоҳи иҷроияи президент аст. Аз ин рӯ, бояд таъмиру сатҳу сифати тиҷорат дар ин ҷо бояд дар сатҳи боло бошад, то ба сатҳаш мувофиқат кунад,” – афзуд ӯ.

Гароншавии якбораи нархи иҷораи дӯконҳо дар Фурӯшгоҳи марказӣ дар Душанбе дар ҳолест, ки тайи чор моҳи охир молики ин бино алакай ду бор иваз шуд. Нахуст дар моҳи декабри соли гузашта бо ҳукми додгоҳ Ҷамъияти саҳомии Фурӯшгоҳи марказӣ барҳам дода шуда, моликияти давлат эълон шуд ва масъулияти идораи ин биноро Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бар дӯш гирифт. Баъдан, 19 феврали соли ҷорӣ, бо фармони ҳукумат дубора молики Маркази савдои Тоҷикистон иваз шуд ва мудирияти он ба ихтиёри Дастгоҳи иҷроияи президент дода шуд.

XS
SM
MD
LG