Бобаки Занҷонӣ, миллиардери боздоштшудаи эронӣ ва ду тани дигар ба иттиҳоми "фасод фил арз" (фасод дар замин), ба қатл маҳкум шуданд.
Таъхир дар пардохти маош дар корхонаҳои давлативу хусусии Тоҷикистон як падидаи роиҷ аст. Аммо як назарпурсии сарироҳӣ собит кард, ки агар қаблан коргарон ҳафтаҳо мунтазири маошашон мешуданд, ҳоло моҳҳо интизорӣ мекашанд.
Ҳудуди 400-километри лӯлаи гази Туркманистон - Чин аз қаламрави Тоҷикистон мегузарад ва ҳазинаи сохтмон ҳам хеле гарон аст ва Чин омода аст танҳо барои бунёди қисмати Тоҷикистонии ин лӯла, беш аз 3,2 миллиард доллар харҷ кунад.
Як гурӯҳ ширкатҳои сохтмонӣ дар Тоҷикистон бо ташкили консорсиуме ба озмуни пудратчиёни сохтмони лӯлаи гази Туркманистон - Чин ворид мешаванд.
Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон тарҳи тағйироту иловаҳоеро ба қонуни рақобат ва фаъолияти инҳисориро таҳия кардааст, ки агар қабул шавад, дасти ин ниҳодро дар танзими нархи маҳсулоти ниёзи аввалия бозтар мекунад.
Агар дар оғоз ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин бештар иқтисодӣ буд, аммо тайи се соли охир ҷонибҳо дар мавриди мубориза бо терроризму экстримизм созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо бирасонанд.
Ҳарчанд нархи як литр бензин дар Бишкек каме бештар аз се сомонӣ ва дар ноҳияҳои наздимарзии Қирғизистон чор сомонист, вале дар Тоҷикистон ҳамоно нархи бензин аз асп фарояд ҳам, аз узангу фаромаданӣ нест.
Ин суол беш аз ҳама дар зеҳни сокинони бо Қирғизистон ҳамсарҳади вилояти Суғд пайдо мешавад, ки нарххои арзони бензину соляркаро дар деҳаҳои ҳамсоякишвар дида ҳайрон мешаванд. Ин фарқияти муттазоди сӯзишворӣ беш аз ҳама дар ду сӯи роҳи Хуҷанд-Исфара рӯшан бармало мешавад.
Бо сохта шудани роҳи оҳани Ангрен - Поп зоҳиран Тоҷикистон як қартаи дигари калидиаш дар баробари Узбакистонро аз даст медиҳад.
Дар моҳи январ ба будҷаи давлатии Тоҷикистон назар ба нақшаи 130 миллион сомонӣ пули камтар ворид шудааст. Иқтисоддонҳо мегӯянд, мушкилоти молии ҳукумат дар моҳҳои оянда боз давом хоҳад кард.
Як гурӯҳ рӯзи 22 феврал бо талаби ба Тоҷикистон баргардондани раҳбарони мухолифон дар назди дафтари Иттиҳодияи Аврупо ва сафорати Туркия дар шаҳри Душанбе гирди ҳам омаданд.
Аз рӯзи 15 феврал дар Тоҷикистон маъракаи таблиғоти қабл аз раъйпурсии ислоҳоти Қонуни асосӣ шурӯъ шуд.
Хазинаи Байналмиллалии Асъор дар гузориши тозаи хеш вазъи низоми молии Тоҷикистонро арзёбӣ карда, онро осебпазир номидааст.
Санҷишҳои молиявии Палатаи ҳисоби Тоҷикистон тайи соли гузашта ҳудуди 160 миллион cомонӣ зиёни молиявӣ ба буҷаи давлатро ошкор кардаанд.
Ихтисоси 250 бурсияи Эрон барои донишомӯзони тоҷик дар ҳолест, ки Душанбеву Теҳрон дар охирин моҳи соли гузашта дар пайи даъвати Муҳиддин Кабирӣ ба як конфронс вориди таниши кӯтоҳ шуданд.
Татяна Холмуродова, муовини раиси Хадамоти алоқа, рӯзи 5 феврал ба хабарнигорон гуфт, теъдоди корбарони интернети мобилӣ ва кабелӣ дар Тоҷикистон ҳоло ба 3 миллион мерасад, ки ин дар муқоиса бо соли гузашта 800 ҳазор нафар камтар аст.
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, ки шумори корбарони телефонҳои мобилӣ ва ҳам истифодабарандагони интернет дар кишвар дар соли гузашта коҳиш ёфтааст.
Вазорати рушди иқтисод ва савдо изҳор дошт, ки раддабандиву арзёбиҳои созмону ташкилоти байналмилалӣ, ки иқтисоди Тоҷикистонро аз паҳлӯҳои гуногун баҳогузорӣ мекунанд, мунсифона нестанд.
Вазорати рушди иқтисод арзиёбиҳои созмонҳои байналмилалиро дар робита бо вазъи иқтисодии Тоҷикистон "ғайримунсифона" номидааст.
Мақомоти тоҷик дар мавриди сабабҳои гарон боқӣ мондани нархи маводи сӯзишворӣ назарҳои мутафовит доранд. Бархе онро ба гаронии нархи он дар Русия рабт медиҳанд ва баъзе ба боло будани қимати интиқоли он.
Ёфтҳои бештар