Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот: Тағйири модели рушд идеяи БОР не, балки раисҷумҳур аст


Бонки Осиёии Рушд мегӯяд, Тоҷикистонро зарур аст, то модели нави рушди иқтисодиро пеш бигирад. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки бе тавсияи ин бонк ҳам ҳукумат модели нави рушди иқтисоди кишварро аллакай таҳия кардааст.

Бонки Осиёии Рушд ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия додааст, ки барои таъмин рушди устувори иқтисоди кишвар бояд аз модели "истеъмоле, ки бо интиқолҳои пулӣ таъмин мешаванд" ба модели рушди "истеъмоли дохилӣ ва содирот" бигзарад.

Си Си Ю, роҳбари намояндагии Бонки Осиёи Рушд, рӯзи 30 март дар як нишасти хабариаш дар Душанбе гуфт, тибқи таҳлилҳои ин созмон, рукуди иқтисодӣ дар Тоҷикистон имсол ҳам идома хоҳад кард. Бино ба пешбинии ин бонк, рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли ҷорӣ то ба сатҳи 3,8 дарсад коҳиш хоҳад ёфт. Дар соли 2015 иқтисоди Тоҷикистон рушди 6-дарсадӣ ва дар соли 2014 шоҳиди пешрафти 6,7-дарсадӣ буд.

Аммо ба қавли Си Си Ю, рукуди иқтисод дар Русия - муҳимтарин кишвари коршарики Тоҷикистон дар соли ҷорӣ низ идома хоҳад кард ва аз ин рӯ афзоиши пулҳои интиқолии муҳоҷиронро аз ин кишвар набояд

Си Си Ю, роҳбари намояндагии Бонки Осиёи Рушд зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе.
Си Си Ю, роҳбари намояндагии Бонки Осиёи Рушд зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе.

интизор шуд. Ин аст, ки ба таъкиди Си Си Ю, кишвар барои даст ёфтан ба рушди устувор, бояд модели нави рушди иқтисодиро пеш бигирад, ки рӯи саноат ва содирот такя бикунад:

Вай гуфт, "барои расидан ба ин ҳадаф, Тоҷикистонро зарур аст, муҳити сармоягузорӣ ва шароити кори корхонаҳои хурду миёнаро дар кишвар беҳтар кунад. Вақте шароити корхонаҳои хурду миёна беҳтар шуд, онҳо ҷойҳои кории бештар меофаранд. Он чизе ки Тоҷикистон беш аз ҳама ба он эҳтиёҷ дорад."

Иқтисоди Тоҷикистон то ба ҳол аз ҳисоби пешниҳоди хадамот ва истеъмолот пеш мерафт, ки заминаи молии онро интиқолҳои пулии муҳоҷирон аз Русия ташкил медод. Аммо бо рукуди иқтисод дар Русия ва ихроҷи беш аз 300 ҳазор муҳоҷири кории тоҷик аз ин кишвар боис шуд, ки ҳаҷми пулҳои интиқолмедодаи муҳоҷирон се маротиба коҳиш ёфт.

Муҳаммадӣ Бобоев, иқтисоддони Бонки Осиёии Рушд мегӯяд, барои гузор аз иқтисоди истеъмолӣ бар асоси пулҳои интиқолӣ ба иқтисоди саноат ва содирот Тоҷикистонро зарур аст як бастаи ислоҳотро роҳандозӣ кунад.

Ва афзуд: “Барои ҷалби сармоя бояд чораҳои ҳавасмандкунии шаффоф ва муътадилро бояд кард. Бизнесро аз тафтишҳои ногаҳони бисёр бояд озод кард. Таҷрибаи талаб кардани пешпардохти андоз низ бояд маҳдуд карда шавад. Қоидаҳои гирифтани иҷозаи сохтмон ва сертифакатсияи маҳсулот низ бояд соддатар шаванд.”

Си Ю: Таваҷҷуҳ ба самти бартар бояд бошад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:51 0:00

Ин тавсияҳои Бонки Осиёии Рушд ба ҳукумат дар ҳоле садо медиҳанд, ки масъулони давлати Тоҷикистон мегӯянд, бе тавсияи ин бонк ҳам ҳукумат модели нави рушди иқтисоди кишварро аллакай таҳия кардааст.

Умед Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо рӯзи чоршанбеи 30­-юми март гуфт, идеяи такмил додани модели рушди иқтисоди кишварро қабл аз тавсияи Бонки Осиёи Рушд, раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон баён карда буд.

Вай афзуд: “Ин назари Бонки Осиёии Рушд нест. Ин назари Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аст, ки супориш дода буданд, ҳангоми таҳияи стратегияи милли рушд то соли 2030, ин нуктаро ба инобат бигирем. Ҳукумат сари ин масъала кайҳо боз кор карда истодааст. Дар доираи барномаи якуми стратегияи милли рушд то соли 2020, гап маҳз дар бораи оғози модели нави рушди иқтисодӣ меравад.”

Тоҷикистон дар соли 1998 ба Бонки Осиёии Рушд шомил шуд. То ба ҳол ин бонк ба иқтисоди кишвар 1,4 миллиард доллар кӯмаки бебозгашт кардааст. Стратегияи кунунии Бонки Осиёи Рушд дар қиболи Тоҷикистон аз беҳтар кардани робитаҳои нақлиётӣ, бехтарии энергетикӣ ва рушди бахши хусусӣ иборат аст.

XS
SM
MD
LG