Рӯзи 16 уми март Элизабет да Кошта, гузоришгари СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Миёна вориди Тоҷикистон шуд ва ба гуфтаи дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҳадафи сафараш омодагии Душанбе ба нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид будааст.
Тоҷикистон дар аввали моҳи май дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар шаҳри Женава аз вазъи ҳуқуқи инсон дар қаламрави худ гузориш медиҳад. Аммо Тоҷикистон соли 2016 дар назди Созмони Милали Муттҳаид дар ҳоле гузориш медиҳад, ки ба назари ҳомиёни ҳуқуқи башар, вазъи ҳуқуқи инсон дар ин кишвар башиддат бад шуда танқидҳои ҷиддиеро ба думбол доштааст.
Созмонҳое мисли "Ҳюман райтс вотч", “Хонаи Озодӣ”, “Авфи байналмилал” ва “Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ” ҳукумати Тоҷикистонро барои се маврид, маҳдуд кардани озодии баён, аз тариқи бастани пойгоҳҳои интернетии иттилоърасонӣ ва афзоиши фишор болои расонаҳои мустақил, саркӯб кардани мухолифин ва нақзи озодиҳои мазҳабӣ танқид кардаанд. Аммо масъулони давлати Тоҷикистон ба ин иддаои созмонҳои байналмиллалӣ розӣ нестанд ва мегӯянд омодаанд дар вақти ироаи гузориш дар Женева доир ба ҳуқуқи инсон ба танқидгаронашон посухҳои қавӣ ва дандоншикан бидиҳанд.
Зубайдулло Давлатов, коршиноси Маркази тадқиқоти стротегии Тоҷикистон -- ниҳоде, ки дар таҳияи ҳисоботи кишвҳар доир ба ҳуқуқи башар ширкат мекунад, мегӯяд, вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба ҳаде бад нест, ки онро созмонҳои дифоъ аз ҳуқуи инсон ҷилва медиҳанд. Ӯ мегӯяд, “бигирем, масъалаи маҳдуд кардани дастрасӣ ба сомонаҳоро. Ин кор танҳо ба хотири таъмини амнияти мардум ва ҷилавгирӣ аз таҳдидҳои иттилоотӣ рӯи даст гирифта мешавад. Таҷрибаи масдуд кардани сомонаҳо албатта барои чанд замоне дар кишварҳоии ғарбӣ ва Амрико низ ба чашм мерасад, пас аз ягон ҳамлаи марталабона дастрасӣ ба сомонаҳоро маҳдуд мекунанд. Чунки ки аз пойгоҳҳои интернетӣ террористон метавонанд истифода кунанд.”
Давлатов афзуд, гузоришҳо дар мавриди таъқиби мухолифин ва ҳамчунин нақзи озодиҳои динӣ ҳам дар кишвар зиёд муболиға мешаванд. Ӯ аз ҳамзистии осоиштаи пайравони мазҳаби Исмоилия ва ҳамчнуин дини насронӣ дар Тоҷикистон ёдовар шуд ва гуфт, ки пайравони ин ду мазҳаб бо давлат ҳеҷ мушкиле надоранд ва дар ҷамоатхона ва калисоҳои худ озодона ниёзҳои фитрии худро бароварда месозанд.
Ба гуфтаи вай, “як гурӯҳ дар интернет ҳадафмандона аз тарошидани риши чанд нафар як маъракаи иттилоотӣ дуруст кардаанд. Ҳол он, ки дар мавриди тарошидани риши касе ягон дастури расмие нест. Мақомот онҳоеро боздошт мекунанд, ки ба ягон ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ робита доранд.”
Давлати Тоҷикистон барои таҳия гузориши солонаи худ оид ба вазъи ҳуқуқи инсон дар кишвар як комиссия вижаеро бо шумули масъулони Вазорати адлия, Вазорати корҳои дохила, Кумитаи дин ва Додситонии кулл таъсис додааст.
Суҳайлӣ Қодиров, масъули идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, гузориш дар ҳоли такмилшавӣ қарор дорад: “Комиссияи вижае, ки таъсис ёфтааст, аллакай чанд ҷаласаро дар робита ба ин гузориш дар бинои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон баргузор кард. Тоҷикистон дар ин ҳисобот танҳо доир ба ӯҳдадориҳое, ки дар гузориши қаблӣ гирифта буд ва иҷроиши он, ҳисобот хоҳад дод. Албатта пас аз шунидани ҳисобот, боз ба Тоҷикистон тавсияву пешниҳодҳои нав доир ба ҳуқуқи инсон пешниҳод мешавад. Аммо танҳо ҳукумати Тоҷикистон тасмим мегирад, ки кадоме аз ин тавсияҳоро қабул мекунад ва кадоминро не.”
Қодиров афзуд, ҳар тавсияе, ки Тоҷикистон иҷрои онро бар ӯҳда гирифт, барои амалӣ сохтани он албатта вақти кофӣ мепурсад.
Қарор аст, ҳисоботи Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи башар рӯзи 10 май дар шаҳри Женева шунида шавад. Ба ҷуз аз гузориши мақомот доир ба вазъи ҳуқуқи инсон, инчунин гузориши алтернативӣ вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон таҳия мешавад. Коршиносони СММ ин гузоришро, ки аз сӯи созмонҳои ғайридавлатӣ таҳия мешавад, хоҳанд шунид.
Матни ҳар дии ин гузоришҳо танҳо пас аз Ҳисоботи кишвар дар назди Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи башар, ба матбуот дастрас хоҳад шуд.