Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки ҷаҳонӣ: Даромади хонаводаҳои тоҷик 27 фоиз кам шудааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, даромади хонаводаҳои тоҷик танҳо дар 3 моҳи охир 27 дарсад коҳиш ёфта, ҳоло 46 фоизи хонаводаҳо дар Тоҷикистон барои хариди хӯрокворӣ пули кофӣ надоранд.

Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши тозаи хеш гуфтааст, даромади хонаводаҳо дар Тоҷикистон танҳо дар чор моҳи охир то 27 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ин омор дар пайи таҳқиқоти Бонки ҷаҳонӣ бо номи “Арзёбии некӯаҳволии хонаводаҳо дар Тоҷикистон”, ки ҳар сол чор маротиба доир карда мешавад, муайян шудааст. Таҳқиқоти охирин дар мавриди вазъи хонаводаҳои тоҷик аз моҳи ноябри соли гузашта то феврали соли равон маълумот медиҳад.

Муаллифони ин гузориш менависанд, шумори афроде, ки соҳиби ҷойи кор ҳастанд, дар ин давра коҳиш ёфта, даромади хонаводаҳо аз ҳисоби пулҳои интиқолии муҳоҷирони корӣ низ кам шудааст.

Бино бар ин арзёбии Бонки ҷаҳонӣ, даромади қишрҳои аҳолии кишвар ба ҳисоби миёна то 27 дарсад коҳиш ёфтааст. Коҳиши даромади хонаводаҳоро муаллифон аслан ба кам шудани ҳаҷми пулҳои интиқолӣ аз хориҷ рабт медиҳанд. Тайи се моҳе, ки ин таҳқиқот фаро мегирад, даромади хонаводаҳо аз ҳисоби интиқолҳои пулӣ аз хориҷ аз 1100 сомонии қаблӣ то ба 775 сомонӣ коҳиш ёфтааст.

Муаллифони ин пажӯҳиш менависанд, беш аз ҳама даромади хонаводаҳо дар шаҳрҳо кам шудааст,. Дар ҳоле ки сокинони шаҳрнишин ба 60 дарсад қишри нисбатан дорои аҳолии Тоҷикистон шомил мешуданд.

Коҳиш ёфтани даромади хонаводаҳо дар Тоҷикистон, ба гуфтаи Бонки ҷаҳонӣ, ба некӯаҳволии онҳо низ бетаъсир намондааст. Ба таъкиди муаллифони ин гузориш, шумораи хонаводаҳое, ки барои хариди хӯрокворӣ маблағи кофӣ доранд, ба якборагӣ то ба сатҳи 54 дарсад коҳиш ёфтааст. Ба ибораи дигар дар Тоҷикистон 46 дарсади хонаводаҳо аз имкони харидории маводи кофии хӯроквори барои таҳияи ғизо маҳруманд. Дар гузориши қаблии ҳамин бонк шумори хонаводаҳое, ки имкони хариди ғизоии кофиро надоштанд, ҳудуди 40 дарсадро ташкил медод.

Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, кам шудани даромади хонаводаҳо натанҳо ба камчин шудани анвои ғизоҳо дар рӯи дастархони мардум боис шудааст, балки бисёре аз хонаводаҳо ҷиҳати бароварда кардани ниёзҳои асосии хеш, мисли хариди ғизо хароҷоти дигар, аз ҷумла барои нигоҳдории тандурустии хешро кам кардаанд. 44 дарсади хонаводаҳо ба пажӯҳишгарони Бонки ҷаҳонӣ гуфтаанд, хароҷоти худро барои нигоҳ доштани тандурстиашон кам кардаанд, то ки барои аҳли хонавода ғизои кофӣ харидорӣ кунанд.

Абдувалӣ Қулов, роҳбари раёсати омори иҷтимоӣ ва демографии оҷонсии омори Тоҷикистон рӯзи 23­­-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, усули ҳисобу ченкунии сатҳи некӯаҳволии мардум аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ аз шеваҳое, ки дар Тоҷикистон истифода мешавад, фарқ мекунад. Ин аст, ки ба таъкид ин ҳамсуҳбати мо, натиҷаҳои арзёби ин созмон аз оморҳои маҳаллӣ каме фарқ мекунад.

Оқои Қулов афзуд: “Онҳо нархи молу маҳсулотро санҷида, ба ҳисоби доллар мегардонанд. Мо бошад бо пули миллӣ - сомонӣ ҳисоб мекунем. Аз ҳамин ҳисоб дар нишондодҳои ин бонк қобилияти харидории мардум нисбатан пойин нишон дода мешавад. Вале бубинед, дар ҳамин давраи ҳисоботӣ нархи аксари маҳсулоти ниёзи мардум, аз ҷумла орд, равған, гӯшт, соляркаву бензин арзон шуд. Ба ҳисобҳои мо, қобилияти харидории мардум аз соли гузашта то ба ҳоло тағйир наёфтааст.”

Бино бар хулосаи Бонки ҷаҳонӣ, омилҳое – чун рукуди иқтисод дар Русия то лимити барқ – ба вазъи зиндагии мардум дар Тоҷикистон таъсир мегузоранд. Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, рушди қавии иқтисод дар Тоҷикистон дар солҳои охир имкон дода буд, ки мизони фақр дар ин кишвар аз 37,4 дарсади соли 2012 то ба ҳадди 31,6 дарсад дар охири соли 2014 пойин биояд. Вале вазъи кунунӣ, яъне таъсири манфии буҳрони иқтисодӣ, бино ба арзёбии ин ниҳоди байналмилалӣ, метавонад пеши роҳи ин пешрафтҳоро бигирад.

Бонки ҷаҳонӣ дар пешбинии охираш мизони рушди иқтисоди Тоҷикистонро боз ҳам пойин овард ва гуфт, дар муқоиса бо 6,7 дарсад суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2015, имсол ин нишондиҳанда ҳамагӣ 4,2 дарсадро ташкил хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG