Мақомоти Тоҷикистон ба насби "радиоузелҳо" дар кулли навоҳӣ, назди дӯконҳо, нуқтаҳои фӯрӯши сӯзишворӣ, масҷид ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ шурӯъ кардаанд. Аз сӯе ин таҳаввулот агар барои таъмини амнияти иттилоотии ҳукумати Тоҷикистон хизмат кунад, аз тарафи дигар, метавонад ба маҳдудшавии иттилои алтернативӣ сабаб шавад.