Шикоятҳои муҳоҷирон -- мусофирони асосии ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз қиматҳои баланд, мақомотро маҷбур кард, комиссияе таъсис диҳанд ва маълум намоянд, ки чаро нархи билет дар Тоҷикистон дар муқоиса ба кишварҳои минтақа гарон аст.
Як мақоми расмии огаҳ аз кори комиссия, ки вазорати нақлиёт як масъули асосии он аст, зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, омилҳои печидаи зиёд аст, ки қимати билети ширкатҳои ҳавопаймоиро дар Тоҷикистон баланд мебарад. Ӯ аз ҷумла яке аз сабабҳои гарон будани нархи чиптаҳоро ба боло будани қимати сӯзишворӣ рабт дод ва гуфт, ки тақрибан 40 дар сади хароҷоти “Тоҷик эйр” барои сӯзишворӣ сарф мешавад ва айни замон 1 тонна қимати сӯхти ҳавопаймо дар Тоҷикистон бештар 1600 долларро ташкил медиҳад.
Яке аз сабабҳои гарон будани нархи чиптаҳо, боло будани қимати сӯзишворӣ будааст. Айни замон 1 тонна қимати сӯхти ҳавопаймо дар Тоҷикистон беш аз 1600 долларро ташкил медиҳад."
Дигар ин, ки ба гуфтаи ӯ, фурудгоҳҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, ки давлатианд, барои қабулу гусел ва дигар хидматгузорӣ қимати баланд таъйин кардаанд ва дар гарон будани билетҳо “саҳм” доранд. Сӣ дар сади хароҷоти баъзе аз ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон барои хидматрасонии фурудгоҳ ва навигатсия равона мешавад.
Расул, сокини Обигарм аст, ки дар Маскав кор мекунад ва ҳар сол барои билети яктарафа ба Тоҷикистон 400 доллар сарф мекунад. Ӯ ба муҳоҷирони қирғиз ҳасад мебарад, ки ҳар вақт хостанд, билет мехаранду ба ватан мераванд. “Қирғизҳо 5 ҳазор рубл медиҳанд, парида мераванд. Нархи билети Тоҷикистон, ҳоло ба фикрам 18 ҳазор рубл аст”,- мегӯяд Расул.
Аммо ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон мегӯянд, қимати билетҳои онҳо аз қимати билетҳои ширкатҳои хориҷӣ бахусус Русия, ки ба Тоҷикистон парвоз мекунанд, тафовут надорад. Ба гуфтаи Азиз Хайруллоев, мутахассиси ширкати “Тоҷикэйр”, аз нуқтаи назари таҷрибаи корӣ ва нархгузории бозорӣ, нархи чиптаҳои «Тоҷик Эйр» дастрасу арзон мебошанд.
Ҷаноби Хайруллоев афзуд, ки “умуман, нархгузории чиптаҳо аз ивазшавии худи бозори молиявӣ вобастагӣ дорад ва ба нархи чиптаҳо бевосита чандин омилҳо таъсири худро мерасонанд. Аз ҷумла, нигоҳубини техника, таъмиру омода сохтани ҳавопаймоҳо, нархи сузишворӣ ва лавозимоти техникӣ ва ғайраҳо.”
Аммо як мутахассиси ҳавонавардӣ, ки дар гузашта дар “Тоҷик эйр” кор кардааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, нархгузории худсарона низ иллати дигари баланд будани нархи билетҳост. Ба гуфтаи ин мутахассиси тоҷик, ширкатҳо хароҷотро зиёд нишон медиҳанд ва нархро баланд мебардоранд ва касе нест, мувофиқати хароҷот ба нархҳоро тафтиш кунад: "Барояшон муҳим нест, чун медонанд, ки ҳар сол садҳо ҳазор нафар ночор ба Русия мераванду меоянд ва ноилоҷ билет мехаранд, 300 доллар ҳам бошад ё 500 доллар.”
Мусоҳибони Радиои Озодӣ, ширкатҳои билетфӯруширо ҳам танқид кард, ки ба қавли вай дар “ғорати” мусофирон саҳм мегиранд ва сари ҳар билет беасос пули зиёд изофа мекунанд ва ҳаққи ғайрирасмӣ мегиранд: “Як билет 1400 то 1800 сомонӣ аст. Албатта қимат аст, вале чӣ кор кунем” - гуфт, як сокини Душанбе, ки ба харидани билет ба як нуқтаи билетфурӯшӣ омада буд.
Ҳоло комиссияи байниидоравӣ хулосаҳо барои поин бурдани қимати билетҳоро ҷамъ овардааст, ки яке аз онҳо иҷоза надодан ба ҳамингуна нархгузории худсарона будааст. “Поин овардани қимати маводи сӯхт, ки дар дасти ширкати монополист аст, яке аз пешниҳодот аст. Ҳаққи хидматгузории фурудгоҳу аэронавигатсияро бояд худи ҳукумат ҳал кунад, чун фурудгоҳҳо хадамоти аэронавигатсия ҳам давлатист” –мегӯяд, мусоҳиби Радиои Озодӣ.
Ширкатҳои “Сомон Эйр” ва “Тоҷик Эйр” – ду ширкати бузургтарини ҳавопаймоӣ ҳастанд, ки ба хориҷ парвоз мекунанд. Маскав, Санкт-Петербург, Оренбург, Пекин, Деҳлӣ, Бишкек ва Алмаато, чанде аз хатсайрҳои онҳост. Чанд ширкати русӣ ва як ширкати туркӣ ҳам ба мусофирони тоҷик хидмат мерасонанд. Соли гузашта ба иттилои расмӣ бештар аз ним миллион нафар бо нақлиёти ҳавоӣ аз Тоҷикистон сафар кардаанд ва ин рақам бино ба пешбиниҳо то чанд соли дигар аз як миллион нафар мегузарад.
Собир, муҳоҷирии тоҷик, ки ба гуфтаи худаш чанде пеш барои як рафиқаш бо 25000 рубли русӣ ё бештар аз 400 доллар билет харидааст, гуфт, ҳоло муҳоҷирон мунтазири касе нестанд, ки билетро барои онҳо арзон кунад ва худашон сарфаҷӯиро ёд гирифтаанд. “Аз Маскав то шаҳри Ӯш 8 ҳазор рубли русӣ аст, аз онҷо бо автобус Хуҷанд ва сипас Душанбе мераванд.”
Аммо маълум нест, то кай муҳоҷирони тоҷик роҳҳои арзон, вале дарозу пурпечутоби расидан аз Русия ба Тоҷикистонро ҷустуҷӯ хоҳанд кард, чун ҳанӯз таърихи баррасӣ ва қабули пешниҳодҳои поин бурдани қимати билет дар Тоҷикистон ҳам мушаххас нест.