Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсари Ёров: "Ҳанӯз наметавонам ба фарзандонам бигӯям, ки падарашон дар зиндон аст" ВИДЕО


Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар нисбати вакили дифои маҳкумшуда ба 23 соли зиндон Бузургмеҳр Ёров, парвандаи нави ҷиноятӣ -- ин навбат бо иттиҳоми "қаллобӣ", боз кардааст. Парванда бар асоси шикояти афроде боз шудааст, ки гӯё Ёровро дар “гирифтани пулу иҷро накардани ваъда” айбдор мекунанд, вале феълан ҷузъиёти дигар дар даст нест.

Баъди эълони ҳукми пурсару садои Бузургмеҳр Ёров дар рӯзи 6 октябри имсол, ки мавриди нигаронии созмонҳои байналмилалии мудофеи ҳуқуқи инсон ва бархе ҳукуматҳои ғарбӣ шуд, Ёровро дар ду ҷинояти дигар айбдор карданд. Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, ки вакили дифоъ дар ҷараёни мурофиа “ба додгоҳ беэҳтиромӣ” ва дар симои айбдоркунандаи давлатӣ “намояндаи ҳукуматро таҳқир” кард ва бояд барои ин дубора муҳокима шавад.

Хосия Ёрова, хоҳари адвокати маҳкумшуда Бузургмеҳр Ёров.
Хосия Ёрова, хоҳари адвокати маҳкумшуда Бузургмеҳр Ёров.

Вокуниши худи Бузургмеҳр Ёров ба иттиҳомоти нав, ки аз ҳукми додгоҳ шадидан норозӣ буд, феълан маълум нест, чун ӯ дар ҳабс аст. Вале наздиктарин хешовандонаш мегӯянд, ин ҳама нишонаи фишор болои ҳуқуқшинос аст, ки соли гузашта хост аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ҳимоят кунад, вале худ боздошт шуд. Парванда ва ҳукми ӯро худи Ёров ва тарафдоронаш сирф сиёсӣ меноманд ва мегӯянд, дар гузашта ҳам ӯ бо тундлаҳниву ҳимояташ аз ҳуқуқи боздоштшудаҳои сиёсӣ мавриди асабонияти афроди муайян қарор гирифт.

Ҳамсари Ёров: "Ҳанӯз наметавонам ба фарзандонам бигӯям, ки падарашон дар зиндон аст"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:24 0:00

Як соли кашмакашҳои додгоҳӣ...

​Аз боздошти Ёров ва кашмакашҳои додгоҳии ӯ як сол гузашт ва дар ин муддат аз ҳуқуқи ӯ асосан наздиктарин азизонаш – падару модар, хоҳараш Хосият ва бародари ҳуқуқшиносаш Ҷамшед Ёров ҳимоят кардаанд. Зимнан, Ҷамшед ҳам барои фош кардани сирри тафтишот чанд моҳ боздошт шуд ва бар асоси қонуни афв ба озодӣ баромад. Мунаққидон парвандаи Ҷамшедро ба фишор болои Бузургмеҳр Ёров иртибот доданд.

Зиндагӣ дар хонаи модар...

Ҳамсари вакили 45-солаи зиндонӣ Заррина Набиева дар тамоми ин муддат танҳо 3 тифли ноболиғашонро тарбия мекунад. Настарани 8-моҳа дар рӯзҳое ба дунё омад, ки падар аллакай дар боздошт буд.

Наздикони Бузургмеҳр Ёров.
Наздикони Бузургмеҳр Ёров.

Хонум Набиева мегӯяд, бо қарори додгоҳ манзили зисти онҳо ҳабс шудааст ва ӯ чанд моҳ шуд бо тифлонаш дар хонаи модар зиндагӣ дорад. Вай гуфт, духтари калониаш, ки боғчарав аст, соли оянда мактабхон мешавад. Духтари дуюмаш 4-моҳа аст ва дар хона менишинад. Худи хонум Набиева 22 сол ба ҳайси котиба кор мекунад ва ҳоло даромади ӯ таъминкунандаи рӯзгори худу фарзандонаш шудааст.

Заррина Набиева талош мекунад, дар пеши фарзандон афсурдагиву ноумедиашро нишон надиҳад. “Барои кӯдаконам ҳоло ман ҳам модар, ҳам падар ва ҳам ноновар ҳастам”,- мегӯяд ӯ. Зиндагии ин оила пас аз ҳабси ногаҳонии Ёров ба куллӣ тағйир ёфтааст. Як замон паси дари хонаи вакили мудофеъ Ёров пур аз корафтодагон буд ва одамон аз гӯшаҳои гуногуни кишвар ба хотири дарёфти кӯмаки ҳуқуқӣ аз ӯ то поси шаб дар манзили ӯ қазияҳояшонро бо вай матраҳ мекарданд.

"Дӯстон роҳи хонаи моро гум карданд"

Ҳуринисо Исҳоқова, модари Бузургмеҳр Ёров.
Ҳуринисо Исҳоқова, модари Бузургмеҳр Ёров.

Аммо Набиева мегӯяд, пас аз ҳабси шавҳараш занги телефони хона ҳам хомӯш шуду дӯстони ҳамешагии сари дастархон ҳам роҳи хонаи ӯро “гум” карданд. Вай мегӯяд, тӯли фаъолияти адвокатиаш Ёров ба беш аз 33 ҳазор нафар ёрии ҳуқуқӣ расонидааст ва рӯзе набуд касе ба ӯ барои ёрии ҳуқуқӣ муроҷиат накунад:

“Аз соати 4 субҳ корафтодагон дар пушти дар буданд. Рӯзҳои шанбеву якшанбе ҳам меомаданд. Аз дигар ноҳияҳо меомаданд, мо онҳоро шаб меҳмон мекардем. Ӯ ба муроҷиати касе "не" гуфта наметавонист, онҳоро шаб дар хона ҷо мекардем. Ҳоло ҳамон нафароне, ки ҳафтаҳо дар хонаи мо меҳмон мешуданд, алайҳи шавҳарам дар додгоҳ шикоят карданд.”

Аз ҳомии ҳуқуқ то як зиндонии "хатарнок"

Вай мегӯяд, дар хоби шабаш тасаввур намекард, ки рӯзе шавҳараш аз як ҳомии зиндониҳо ба, қавли додгоҳ, як зиндонии «хатарнок» табдил мешавад, ки бояд 23 соли умрашро дар зиндони низомаш сангин пушти сар кунад. Вай мегӯяд, ҳанӯз наметавонад ба фарзандонаш бигӯяд, ки падар дар пушти панҷара аст. Эҳтиёт мекунад. Гуфтааст, ки дар сафари Русия дар муҳоҷират аст.

Дар дидорҳои нимсоатӣ дар маҳбас, ки ҳар 15 рӯз як маротиба иттифоқ меафтад, Настарани 8-моҳа модарро ҳамроҳӣ мекунад, чунки вай ҳанӯз намефаҳмад чаро падараш ҳар шаб ба хона намеояду онҳо моҳе ду бор ба дидорбини ӯ мераванд.

XS
SM
MD
LG