Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили дифоъ, ё соҳибкори инфиродӣ?


Кумитаи андози Тоҷикистон бо судури як қарор адвокатҳо ё вакилони дифоъро ҳамчун соҳибкор эътироф кардааст. Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, бо имзои як қарор гуфтааст, адвокатҳое, ки ба таври инфиродӣ фаъолият мекунанд, бояд кабинети адвокатӣ таъсис диҳанд ва мисли соҳибкорон андоз супоранд.

Қарори мазкур рӯзи 5 сентябр аз ҷониби раиси Кумитаи андоз имзо шуда, рӯзи 31 октябр барои нахустин бор дар сайти ин ниҳод нашр шуд. Ин санад аз рӯзи 1 ноябр ҳукми иҷро гирифт.

Бар асоси ин қарор, вакилони дифоъ дар Тоҷикистон минбаъд муваззаф хоҳанд буд, ҳамчун соҳибкор ду наъви андозро пардохт кунанд. Вакилони дифоъ ҳам гуфтанд, онҳо аз даромади умумиашон тибқи низоми соддакардашуда 6 дарсадро ҳамчун андоз ва боз 1 дарсади дигарро ҳамчун андози иҷтимоӣ ба хазинаи давлат бояд супоранд.

Нусратулло Давлатзода
Нусратулло Давлатзода

​Вакилони дифоъ дар мақомоти андоз тибқи шаҳодатномаи адвокатии аз Вазорати адлия дарёфт кардаашон сабти ном хоҳанд шуд. Бинобар тағйироти охир дар қонуни "Адвокатура", нафаре дар Тоҷикистон вакили дифоъ ва ё адвокат эътироф мешавад, ки аз имтиҳони Вазорати адлия гузашта, шаҳодтаномаи адвокатӣ дарёфт кунад. Дар ҳоли ҳозир дар тамоми қаламрави Тоҷикистон 461 нафар аз имтиҳони адвокатӣ гузаштаанд.

Соли 2015, замони қабули ин қонун дар Тоҷикистон 8 коллегияи адвокатҳо ва ҳудуди 2 ҳазор адвокат ё вакили дифоъ фаъолият мекарданд. Дар пайи тасвиби тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи фаъолияти вакилони мудофеъ бархе аз онҳо гуфтанд, ин қонун назорат аз болои корашонро шадидтар карда, як роҳи халосӣ аз вакилони "гапнодаро" ва ё вакилони парвандаҳои пурсарусадо ва сиёсӣ мебошад.

Бар асоси ин тағйиру иловаҳо, афроди дорои душаҳрвандӣ ва вакилони мудофеи маҳкумшуда низ аз ҳаққи идомаи фаъолияти адвокатӣ маҳрум шуданд. Аммо мақомот мегӯянд, талаби супурдани имтиҳоне, ки аз 1000 савол доир ба ҳуқуқ, таърих, сиёсат ва ҳатто фарҳанги миллӣ иборат аст, ба гуфтаи масъулони Вазорати адлия, ба хотири боло бурдани сатҳи касбияти вакилони дифоъ ва беҳтар кардани хидматрасонии ҳуқуқӣ ба мардум аст.

XS
SM
MD
LG