Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси "Талко" ва вазорати молия -- иқтисодӣ ё сиёсӣ?


Таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, доғ шудани баҳси миёни Вазорати молия ва “Талко” ҳадафҳои иқтисодӣ надошта, аз оғоз шудани “муборизаҳои молиявию сиёсӣ миёни гурӯҳҳои қудратманди наздик ба раисҷумҳур” дарак медиҳад.

Зафар Абдуллоев, таҳлилгари масоили иқтисодӣ ва роҳбари маркази таҳлилии “Контент” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 27-уми октябр гуфт, якбора сар задани ин баҳс ва матбуотӣ шудани он, аз бурузи муборизаҳо миёни гурӯҳҳои қудратманди кишвар аломат медиҳад. Вай афзуд: “Гап дар сари он аст, ки миёни ду ҷониби баҳс, ки бо раисҷумҳур наздик ҳастанд, муборизаи молиявиву сиёсӣ идома доранд. Танҳо дар ин мубориза қартаи нав (манзур самаранокии кори Талко) ба ҳаракат дароварда шуданд”.

Абдуллоев афзуд, чандин сол қабл якбора дар мавриди бесамар будани усули толлинг матлабу гузоришҳо таҳия карда буд, аммо он замон ҳукумат ин гуфтаҳоро сарфи назар мекард. Ин таҳлилгари тоҷик мегӯяд, мақсади ин баҳс, кӯшиши пур кардани будҷа ва ё, манфиатҳои иқтисодии корхона нест, балки як муборизаи сиёсӣ аст.

Зафар Абдуллоев
Зафар Абдуллоев

Абдулоев мегӯяд, яқинан толлинг барои “Талко” судовар нест: “Дар баҳси мазкур, ғайринтизор ман мавқеи “Талко”-ро дуруст мешуморам. Чунки дар солҳои осудагӣ ҳеҷ кас дар мавриди толлинг лаб во намекард ва намепурсид, ки чаро ин маблағ ба будҷа ворид намешаванд. Ҳоло бошад бозори алюминиюм дар ҷаҳон як давраи буҳрониро паси сар мекунад. Айни ҳол замони бардоштани ин масъалаҳо нест, балки сари он фикр бояд кард, ки чи гуна ширкатро наҷот бояд дод, чунки “Талко” ҳоло дар вазъияти наздик ба муфлисшавӣ қарор дорад”,- иброз дошт Абдуллоев.

Ширкати истеҳсоли алюминиюм "Талко" дар вокуниш ба гузориши Вазорати молияи Тоҷикистон онро дар "бархӯрди ғайрикасбӣ" ба масъалаи марбут ба самаранокии фаъолияти ин корхона айбдор кард. Дар изҳороте, ки рӯзи 27 октябр дар ҳузури хабарнигорон садо дод, ширкати "Талко" гуфт, ки бо интиқоди ахири вазорати молия розӣ нест. Дар посухи расмии "Талко" ба вазорати молия гуфта шудааст, ки хулосаҳои ин сохтор дар нисбати ширкат "воқеияти ҳолро дар шароити бӯҳрони молиявӣ ва иқтисодӣ баён намекунад".

​Вазорати молияи Тоҷикистон чанд рӯз қабл бо нашри як гузориш гуфт, ки гузаштан ба системаи толлингӣ бар зарари ширкати алюминиюми тоҷик - "Талко" аст ва ин ширкат ҳоло "бо зиён фаъолият дорад".

Масъулини "Талко" аз фаъолияти ин ширкат ҳимоят карда гуфтанд, ки "бинобар дониши пасти мутахассисони вазорати молия дар робита ба усули толлинг, самаранокии ин усул дуруст арзёбӣ нашудааст ва вазорат дар арзёбии он аз бархӯрди ғайрикасбӣ кор гирифтааст".

Игор Сатторов.
Игор Сатторов.

Игор Сатторов, раҳбари департаменти иттилот ва таҳлили "Талко", ки ин изҳоротро рӯзи панҷшанбе ба гурӯҳи хабарнигорон қироат мекард, гуфт: “Дар робита ба ин амалкарди вазорати молия ширкати "Талко" посухи муфассал омода кардаанд ва унвонии ҳукумат ирсол хоҳад кард, то дар навбати худ, ҳукумат самаранокии кори ширкатро баҳо дода, ин амалкарди вазорати молияро арзёбӣ кунад”.

Сатторов афзуд, Вазорати молия дар гузоришаш ширкати "Талко"-ро ба он муттаҳам сохтааст, ки гӯё 1,1 миллиард долларро аз давлат пинҳон кардааст. Вай гуфт, ки ин иддао комилан асос надорад ва аз Вазорати молия пурсид, ки оё дар робита ба ин иддао ягон далеле дар даст дорад ё на?

"Талко" мегӯяд, вазорати молия бори дувум аст, ки бо пахши иттилоти носаҳеҳ ба обрӯи ин ширкат латма ворид мекунад. Дар изҳороти "Талко" гуфта мешавад, ки соли 2014 вазорати молияи Тоҷикистон бо нашри як гузориш гуфта буд, ки ширкат дар лобалои муфлисшавӣ қарор дорад.

Ба гуфтаи Саттров маҳз ҳамин изҳороти Вазорати молия ҷараёни музокироти ин ширкатро бо Бонки исломии рушд ба ҳам зад. Он замон “Талко” бо Бонки исломии рушд ҷиҳати дарёфти 24 миллион доллар қарз вориди гуфтугӯ будааст.

Гузаштан ба системаи толлингӣ ширкати алюминиюми тоҷикро ба хароҷоти бесамар, ношаффоф будани ҳисоботи молиявӣ ва қарордодҳо, зиёд гардидани хароҷоти истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ оварда расондааст."

Вазорати молияи Тоҷикистон ду рӯз қабл бо нашри як гузориш гуфта буд, усули толлинг бар зарари ширкати алюминиюми тоҷик - "Талко" аст ва ин ширкат ҳоло "бо зиён фаъолият дорад". Вазорати молия, ки баъди таҳлили фаъолияти ширкати алюминиюм дар солҳои 2010-2015 ва нимсолаи аввали соли 2016 ба чунин натиҷа расида, иддао карда буд, ки “Талко” ҳудуди 1 миллираду 100 миллион доллар фоидаашро аз давлат пинҳон кардааст.

Усули толлинг ба ин маъност, ки як ширкати беруна ба "Талко" ашёи хом дода, дар иваз маҳсулоти коркардшуда, яъне алюминийи аввалияро мегирад. "Талко" аз коршарики толлингиаш танҳо ҳаққи истеҳсоли алюминийро мегираду бас.

Коршарики “Талко” ширкати оффшории Talco Management Limited, ки ҳуввияти моликонаш ошкор нашудааст ва ба гуфтаи Вазорати молия, барои коркард ва истеҳсоли 1 тонна алюминий ба “Талко” 500 доллари амрикоӣ пардохт мекунад. Аммо бинобар гуфтаи вазорати молия, аз ин гуна доду ситад, “Талко" аз истеҳсоли 1 тонна алюминиюм тақрибан 100 доллар зиён мебинад.

Ширкати "Талко", собиқ ТадАЗ (корхонаи алюминсозии Тоҷикистон), дар миёнаҳои солҳои 1970 сохта шуд. Баҳси суду зиёни усули толлинг ва бо қиммати имтиёзнок дарёфт кардани нерӯи барқ, хусусан дар фасли зимистон, ки мардуми рустонишини кишвар ба он дастрасии мардум маҳдуд доранд, соли 2008-ум дар рӯ зада буд.

Он замон дар саҳифаҳои матбуот, ин андеша ба миён гузошта шуда буд, ки беҳтар аст ин корхона фурӯхта шавад ва нерӯи барқи масрафмекардаи он дар зимистон ба мардуми кишвар дода шавад. Ба дунболи ин баҳсҳо қарори ҳукумат содир шуд, ки “Талко” нерӯгоҳи Норак ва Роғун моликияти миллӣ эълон шуд ва фурӯхтан ва ё хусусигардонии онҳо тибқи қонун манъ карда шуд.

XS
SM
MD
LG