Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷойи театрро рақсу овозхонӣ гирифтааст?


Рӯзи 7 ноябр Театри касбии тоҷик 97-умин солгарди таъсисёбии худро таҷлил кард. Рӯзи таъсиси театри тоҷик дар ҳоле таҷлил мешавад, ки аксари толорҳо аз тамошобин холӣ буда, аксари боргоҳҳои ҳунар баъди пошхӯрии шӯравӣ натавонистанд аз назари бозорёбиву мазмуни осори ҳунариашон ба воқеиятҳои зиндагӣ мутобиқ шаванд.

Суоли “Кай бори охир ба театр рафта будед?” - бисёре аз калонсолони тоҷикро ба ёди даврони шӯравӣ мебарад. Дар як пурсиши сарироҳии Радиои Озодӣ ҳар севвумин пурсидашуда гуфт, ки даврони шӯравӣ охирин бор аз намоишномаҳои театрӣ дидан кардааст.

Кӯҳансолон мегӯяд, ки дар солҳои шӯравӣ гузашта хотирҳо ҷамъ буду зиндагӣ орому осуда ва мардум бо хотири роҳат ба тамошои театр мерафтанд.”

Сокини Душанбе Салоҳидин Восиев замоне аз тамошобинони касбии театри тоҷик буд ва мегӯяд, он замон “хотирҳо ҷамъ буду зиндагӣ орому осуда”. Вай гуфт, имрӯз такопӯву талош барои таъмини рӯзгори оила на вақт ва на маблағро барои рафтан ба театр боқӣ намегузорад.

Вай афзуд: “Театр ... бо дили пуру рӯзгори осудаву хотири ҷамъ мешавад. Имрӯз фақат аз пайи зиндагӣ ҳастем. Пештар (манзур замони шӯравӣ) мерафтем театр. Ман бисёр намоишномаҳоро то ҳол дар ёд дорам. Масалан намоишномаи “Садо аз тобут”. Дар нақши асосӣ Убайдулло Раҷабов бозӣ мекард”.

Аксари калонсолон аз шумули пурсидашудагон аз давроне, ки театр мерафтанд, ба некӣ ёд карда, аксаран номи намоишнома ва ҳатто ҳунарпешаҳоро низ дар ёд доштанд. Баръакси калонсолон, ҷавонон мегуфтанд, ҳангоми мактабхонӣ ва ё айёми донишҷӯӣ ба таври иҷборӣ ҳамроҳ бо ҳамсабақонашон театр рафтаанд.

Ба фарқ аз калонсолон, онҳо аксаран номи намоишнома ва ё ҳунарпешаҳоро дар ёд надоштанд: “Синфи 5 ва 6 будем, театр рафта будем. Ҳоло кор мекунам, вақти холӣ надорам... Дар курси дуввум мехондем, ба театр рафта будам. Ҳоло пурсанд, намерафтам. Чунки саҳнаҳое, ки дар театр намоиш медиҳанд, ба дарди имрӯз намехӯрад”.

Убайдулло Раҷабов.
Убайдулло Раҷабов.

Ҳунарпешаҳо ва кормандони театр дар Тоҷикистон рӯзи 7-уми ноябр солгарди таъсиси нахустин театри тоҷик дар ҳоле истиқбол мекунанд, ки аксарияти театрҳо аз камбуди тамошобин ва танқисии молиявӣ, азият мекашанд. Бинобар камбуди тамошобинон, маъмурияти аксарияти театрҳо дар Тоҷикистон маҷбур мешаванд, бо миёнравии устодони мактабу донишгоҳҳо хонандагон ва ё донишҷӯёнро ба таври ниммаиҷборӣ ба театр даъват кунанд.

Убайдулло Раҷабов, раҳбари театри мазҳакавии “Оина” мегӯяд, кулли театрҳо ҳоло аз мушкили камбуди тамошобин ранҷ мебаранд. Вай мегӯяд, ҳунари театрӣ гӯё «ба ҳошия ронда шудааст» ва дар минбарҳои пуртамошобин аксаран ҳунари рақсу овозхонӣ намоиш дода мешавад, аз театри касбӣ қариб хабаре нест. Вай гуфт, “ҳунари актёрҳо дар паси парда мемонад, дар минбар фақат овозхонҳо ҳастанд ва ин гуна пиндошта мешавад, ки актёрҳо як навъ муфтхӯр ҳастанд. Ҳол он, ки актёрӣ пешаи бисёр сангин аст”,-, иброз дошт Раҷабов.

Коршиносони соҳа мегӯянд, мутаассифона, воқеияти инро, ки театр ҳам як ҷузве аз бозор асту бояд мутобиқ бо замона пешрафт карда тағйир ёбад, ҳанӯз ҳам дарк накардаанд. Аксари театрҳои Тоҷикистон худкифо нестанд, дар мавқеи давлатӣ ё нимарасмӣ фаъолият мекунанд, аз назари молӣ дастнигаранд ва барои ба саҳна гузоштани намоишномае ба сармоягузорӣ эҳтиёҷ доранд. Ин аст, ки дар Тоҷикистон ҳанӯз театрҳои касбии замонавӣ вуҷуд надорад. Убайдулло Раҷабов гуфт, ки камбуди маблағ монеи эҷоди намоишномаҳои ҷолиб ва пуртамошобин мешавад.

Барзуи Абдураззоқ
Барзуи Абдураззоқ

Як мушкили дигари театри тоҷик – вуҷуди сензураи нонавишта ба мавзӯъҳои ҳассоси сиёсӣ аст. Яке аз коргардонҳои боэътибори тоҷик Барзу Абдураззоқов баъди он маҷбур шуд саҳнаи театри тоҷикро ба театрҳои Қирғизистону Қазоқистон табдил кунад, ки талош кард фоҷеаи ҷанги бародаркуши Тоҷикистонро саҳнагузорӣ кунад. Таҷрибаи намоишномаи «Девонагӣ 93», ки яке аз охирин спектаклҳои сиёсии театри тоҷик буд, боис шуд, ки худи коргардон шароити кору фаъолият дар Тоҷикистонро аз даст дод ва ин намоишнома ҳам дар кишвар мамнӯъ шуд.

Айни ҳол, дар Тоҷикистон 17 театри касбӣ мавҷуд аст, ки ҳар яке аз онҳо 20 то 50 нафар ҳайъати эҷодӣ дорад. Шароити корӣ ва вазъи ҳунармандон агарчи дар маҷмӯъ хуб арзёбӣ намешавад, аммо вобаста ба мавқеи ҷойгиршавиашон, аз ҳам фарқ мекунанд.

Театрҳои пойтахт ва марказҳои вилоятҳои кишвар ба назар зебо ва ҳунармандонашон имкони бештари даромад ва рушдро доранд. Маоши миёнаи як ҳунарманди театр ҳоло дар Тоҷикистон ҳудудан аз 600 то 1000 сомонӣ, яъне дар ҳудуди 80 то 150 доллар аст. Аммо либосҳои саҳнавӣ ва таҷҳизоти техникии аксари таетрҳо ҳоло ҳам бозмонда аз замони шӯравӣ аст.

XS
SM
MD
LG