Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зуҳуров ба раиси Бонки миллӣ: "Мушкилро то охири сол ҳал кунед!"


Мушкили дастрасӣ ба маблағҳои бонкиву гирифтани пули нақд аз сурат-ҳисобҳо, ки ба масъалаи доғи чанд моҳи охири сокинони Тоҷикистон табдил шудааст, рӯзи 26 октябр баҳси доғеро дар парлумони Тоҷикистон эҷод кард. Ин баҳс ҳангоме гарм шуд, ки Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон аз рӯи тарҳи қонун “Дар бораи хидматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохт” суханронӣ мекард.

Раиси маҷлис Шукурҷон Зуҳуров ҳангоми баррасии ин қонун аз вазъи бади бонкҳои Тоҷикистон лаб кушод ва гуфт, ки давоми ду моҳи охир садҳо аризаҳои шикоятии шаҳрвандон ба унвонии порлумон ворид мешавад. Мардум маҳдуд будани имкони гирифтани пул аз сурат-ҳисобҳои бонкиашон шикоят мекунанд.

Раиси Маҷлиси намояндагон гуфт, ки агар то охири сол ин мушкил ҳал нашавад, бонкҳои дигар низ ба ҳамин ҳол гирифтор мешаванд."

Раиси маҷлис хитоб ба Ҷамшед Нурмуҳамадзода гуфт, “одамҳо солҳо пул ҷамъ карда, дар бонк амонат гузоштанд, ки барои фарзандашон, масалан, хона харанд. Вале имрӯз бонк мераванд, то пулашонро бигиранд, бонк мегӯяд,“баъди як ҳафта биё, 500 сомонӣ бигир”. Ҳамон ду бонке, ки медонед (манзур “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”, ки пули муштариёнашонро пардохт карда наметавонанд), ҳоло дар ҳамин вазъият ҳастанд”.

Зуҳуров аз Нурмуҳаммадзода тақозо кард, ки то охири ҳамин сол мушкилро ҳал кунанд, вагарна бонкҳои дигар низ ба ҳамин ҳол гирифтор мешаванд.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон.
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон.

Нурмуҳамадзода, ки бо сарҷунбонӣ ва нидоҳои “фаҳмидам”, “дарк мекунем” суханҳои Зуҳуровро тасдиқ мекард, гуфт, 57 фоизи қарзҳои ба мардум додашуда проблемавӣ буда, бонкҳо дар баргардонидани маблағҳояшон аз мардум дучори мушкил шудаанд. Вай гуфт: “Агар 57 фоизи портфели қарзҳо проблемавӣ бошад, ташкилоти қарзӣ чӣ гуна фаъолияташро пеш мебарад? Мо дар ин робита кор карда истодаем, қарзҳоро бозпас гардонида истодаем. Бисёр ташкилотҳои қарзӣ маблағҳояшонро бозпас гирифта наметавонанд, чунки пардохтпазирии аҳолӣ кам шуд, истеҳсолот нест”.

Нурмуҳаммадзода гуфт, барои ҳал кардани мушкилоти бонкҳои тиҷоратии кишвар бо раҳбарии нахуствазир ва муовини аввали ӯ гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст, ки инак се моҳ боз фаъолият дорад. Вай гуфт, пешниҳодҳои ин гурӯҳи корӣ ҷиҳати ба эътидол овардани вазъи бонкҳо ба унвонии ҳукумат фиристода шудаанд.

Дар идомаи ин баррасиҳо, вакилони дигар ҳам нигарониҳои сокинони Тоҷикистонро тасдиқ карданд. Рустам Қудратов, узви Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофеа ва амнияти парлумони Тоҷикистон гуфт, зимни вохурӣ бо интихобкунандагонаш бисёриҳо аз кори бонкҳо шикоят мекарданд, аммо дар қонуни баррасишаванда ба ҷои ҳалли мушкили мардум, боз маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мешавад.

Қудратов гуфт, банди 21-уми моддаи 9-и ин қонун ба бонкҳо ҳақ медиҳад, ки қонунӣ будани интиқолҳои пулии бештар аз 2 ҳазор сомониро бисанҷанд. Ӯ гуфт, аз рӯи ин муқаррарот, салоҳиятҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба бонкҳо дода мешавад.

Вай гуфт:“Акнун тасаввур кунед, ки садҳо ҳазор одам аз Русия пул мефиристанд ва барои он, ки шахс ин маблағро гирад, банк бояд ӯро тафтиш кунад. Магар мо ваколатҳои Кумитаи амнияти миллиро ба бонкҳо дода истодаем, ман намефаҳмам? Таҳиягарони ин қонун фикр мекунанд, ки агар шахс аз хориҷа аз 2 ҳазор сомонӣ бештар маблағ гирад, ӯ ҷинояткор ва ё террорист аст? Ман намефаҳмам?”.

Қудратов гуфт, дар шароити кунунии бӯҳрони бонкҳо, ба ҷои ҳалли мушкил набояд барои мардум маҳдудиятҳои нав эҷод карда шавад. Ин нуктаи Қудратов аз сӯи бархе вакилони дигар низ ҳамовозӣ пайдо кард, аммо Маҳмадалӣ Ватанзода, мушовири ҳуқуқии раисҷумҳур дар шарҳи зарурати ин банди қонун гуфт, ин талаботи созмони ФАТФ (созмони мубориза бо сармоягузории терроризм ва пулшуӣ) аст ва барои кори рӯзмарраи бонкҳо маҳдудияти эҷод нахоҳад кард.

Маҳмадалӣ Ватанзода.
Маҳмадалӣ Ватанзода.

Вай гуфт: “Масалан дар сурате, ки Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар мавриди иртиботи ягон шаҳрванд ба ташкилоти террористӣ маълумот дошта бошад, ба Бонки миллӣ маълумот ирсол мекунад ва Бонки миллӣ то замони муайян кардани сарчашмаи интиқоли пулӣ, пардохти онро боз медорад. Ин маънои онро надорад, ки Бонки миллӣ тамоми амалиёти муштариёнро як ба як санҷад. Бонкҳо сарчашмаҳои ин пулҳоро тарзе месанҷанд, ки худи муштариён шояд эҳсос ҳам намекунанд.”

Вале пас аз радду бадале чанд, қонун “Дар бораи хидматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохт” бо аксаритяи оро қабул шуд. Ин қонун дар баробари танзими масоили пардохти пул, ваколатҳои Бонки миллиро бештар мекунад. Аз ҷумла, тамоми сохторҳои интиқоли пул, назири «Вестерн Юнион», «Анелик», «Мани Грам» бояд барои фаъолият дар Тоҷикистон аз Бонки миллӣ иҷозатнома гирад. Зимнан, ҳафтаи гузашта низ ҳукумати Тоҷикистон бо судури як қарор ваколати додани муҷаввиз ба ширкатҳои бимаро аз ихтиёри Вазорати молия ҳазф кард ва ба ихтиёри Бонки миллӣ супурд.

XS
SM
MD
LG