Кристин Лагард, роҳбари Сандуқи байналмилалии пул дар сафари охираш ба Чин аз бузург шудани риски қарзи берунаи кишварҳои шомили тарҳи "Як камарбанд - як роҳ"-и Чин ҳушдор дод. Тоҷикистон
Баҳром Маҳмадҷонов, раҳбари "Ресандаи Тоҷикистон РБТ"- яке аз корхонаҳои азими нассоҷӣ дар шимоли Тоҷикистон, боздошт шудааст. Ин корхона соли 2015 бо ҳузури президент Эмомалӣ Раҳмон шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ шуд ва яке аз корхонаҳои пештоз дар се соли охир буд.
Як созмони таҳқиқотӣ иддао кардааст, ки дар Тоҷикистон 39 ҳазор нафар дар ҳолати "ғуломии муосир" ба сар мебаранд ва дар баҳрабардорӣ аз ҳуқуқи худ маҳдуд ҳастанд. Мақомоти тоҷик дар посух мегӯянд, ки ин арзёбиҳо асоси воқеӣ надоранд.
Пас аз се соли мамнӯъ элон шудани ҲНИТ, ҳукумати Тоҷикистон аъзоёни ин ҳизбро ба шарти даст кашидан аз узвият ва "пушаймонӣ" аз пайравӣ ба он ба кишвар фаро мехонад.
Ҳомиёни ҳуқуқ дар Қиғизистон мегӯянд, муҳоҷирони ин кишвар аз ворид шудан ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё чандон фоида надиданд ва ҳамоно мисли дигар муҳоҷирон аз Осиёи Миёна мавриди тафтишҳои бепоя ва азияти кормандони пулиси Русия қарор доранд.
Яке аз оҷонсиҳои маъруфи дунё низоми нафақаи Тоҷикистонро мувафақ эътироф кардааст.
Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе дар назди моликони корхонаҳои бузурге, ки дар солҳои 90-ум хусусӣ шуда, имрӯз бекор хобидаанд, шарт гузошт: корхонаҳоро ба кор андозанд, вагарна дар нисбатшон чора андешида хоҳад шуд.
Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе дар назди моликони корхонаҳои бузурге, ки дар солҳои 90-ум хусусӣ шуда, имрӯз бекор хобидаанд шарт гузошт: корхонаҳоро ба кор андозанд, вагарна дар нисбатшон чора андешида хоҳад шуд.
Бо гузашти ду сол аз занозании гурӯҳӣ дар дар гӯристони Хованское дар шаҳри Маскав муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, ҳанӯз ҳам зери озору азияти маъмурияти гӯристон ҳастанд.
Даҳҳо нафар аз ҷавонони тоҷик барои гирифтани донишҳои мазҳабӣ ба донишгоҳҳои исломии Русия шомил шудаанд.
Оғози ҳафтаи равон ширкати укроинии “Днепр-Спецгидроэнергомонтаж" аз насби нахустин чархаи нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" дар Тоҷикистон хабар доданд. Насби ин чарха бо заҳмати 50 нафар мутахассисони ин ширкат имконпазир шуд. Роҳбарии онҳоро Александр Кийченко, сармуҳандис ва мудири лоиҳа (проект менеджер) бар ӯҳда дошт.
Тоҷикистон як ширкати азими давлатии дигарро ба фурӯш гузоштааст. Бо қарори ҳукумат ин дафъа саҳмияҳои корхонаи "Пилла"- ро мефӯрушанд, ки аз корхонаҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад.
“Ориёнбонк” ва як ширкати чинӣ ба тиҷорати оби кули Сарези Бадахшони Тоҷикистон мепардозанд. Ду ҷониб ба созиш расиданд, ки барои истифода оби аз кули Сарез дар кишварҳои Осиёи Миёна як корхона бунёд мекунанд.
Ширкати украинии «Днепр- Спетсгидромонтаж» аз насби наухстин чархаи нерӯгоҳи барқии обии Роғун хабар дод.
Дар ноҳияи Конибодом додгоҳ дар баҳси додгоҳии духтару модар барои як хона, духтарро ҳақ эълон кард ва акнун модар бояд хонаро бо 11 нафари дигар тарк кунад.
Дар талоше барои “зебо” кардани кишвар, мақомоти расмӣ дар Тоҷикистон ба раисони шаҳру ноҳияҳо дастур додаанд, ки боми хонаҳоро якранг кунанд.
Дар Тоҷикистон минбаъд нархи 16 маҳсулоти ниёзи аввали мардумро мақомот таъйин хоҳанд кард. Танзими давлатии нархҳо бо як қарори ҳукумати Тоҷикистон ҳатмӣ шудааст.
Коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши тозае вазъи иқтисоди Тоҷикистонро ташхис карда, гуфтаанд, афзоиши босуръати аҳолӣ ва бештар шудани сокинони ҷавон барои кишвар, ба истилоҳ, "шамшери дудама"-ро мемонад.
Ширкати чинии “Ҳуаксин” молики чанд корхонаи семент дар Тоҷикистон муваззаф шуд, ки минбаъд тавассути “Хонаи савдо»-и Тоҷикистон ба Узбекистон семент содир кунад.
Ширкатҳои бузурги таксӣ дар Русия, ба мисли "Yandex такси" ва "Uber", ронандаҳои тоҷикро, ки парвона (права)-и русӣ надоранд, аз кор меронанд ё аз ҳамкорӣ бо онҳо даст мекашанд.
Ёфтҳои бештар