Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СБП: "Чин кишварҳои масири "Роҳи абрешим"-ро ба чоҳи қарзҳo тела медиҳад"


Корхонаи "Синоҳидро Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.
Корхонаи "Синоҳидро Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.

Кристин Лагард, роҳбари Сандуқи байналмилалии пул дар сафари охираш ба Чин аз бузург шудани риски қарзи берунаи кишварҳои шомили тарҳи "Як камарбанд - як роҳ"-и Чин ҳушдор дод. Тоҷикистон ҳам шомили тарҳи "Як камарбанд - як роҳ"-и Чин аст ва риски қарзи берунаашро СБП "хеле баланд" гуфтааст.

Ҳушдор аз хатари қарзҳои бебаркаши Чин

Лагард аз Чин хост, ба тарҳҳои камаҳмият ва ноустувор дар кишварҳо қарзи хориҷашонpo зиёд ва онҳоро беш аз ин ба хатари молӣ мувоҷеҳ накунад.

Агар қарзи кунунии Тоҷикистонро аз хориҷа ба сари 9 миллион нафар аҳолии кишвар тақсим кунем, ҳар як шаҳрванди кишвар ҳудуди 320 доллар қарздор аст.

Коршиносон аз хатари қарзҳои бебаркаши Чин ҳушдор медиҳанд ва мегӯянд, ки ин метавонад кишварҳои шомили тарҳи "Як камарбанд - як роҳ", аз ҷумла Тоҷикистонро ба "чоҳи қарзҳо ғарқ кунад". Ҳарчанд Вазорати молия Тоҷикистон мегӯяд, қарзи беруна аз тавони кишвар бештар нест ва Тоҷикистон имкони бозгардонидани онро дорад.

Созмони байналмиллалии "Global risk insight" дар як гузориши тозааш, ки рӯзи 23-уми июл ба нашр расид, гуфтааст қарзҳои Чин, ки дар доираи тарҳи "Як камарбанд - як роҳ" ба Тоҷикистон ихтисос дода мешаванд, риски қарзи берунаи кишваро бузургтар кардаанд.

Юи Чен, таҳлилгари созмони Global risk insight мегӯяд, "барои кишварҳои рушдкарда қарзи хориҷӣ муфид аст. Аммо барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ мисли Тоҷикистон, ки усулҳои рушдкардаи ҳисобдорӣ надоранд, чунин нест ва танзимгарон на ҳамеша риски пешомадаро дуруст арзёбӣ мекунанд".

Бо вуҷуди бештар шудани риски қарзи хориҷӣ, Тоҷикистон ба гирифтани қарз аз Чин идома медиҳад. Қарзҳои aхиран гирифтаи Тоҷикистон аз Чин 72 миллион доллар барои сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат Ёвон ва 79 миллион доллар ҷиҳати сохтмони бинои нави порлумон дар Душанбе мебошанд.

Зимнан Чин бар иловаи 79 миллион доллар қарз барои сохтмони бинои порлумони Тоҷикистон дар маркази Душанбе 230 миллион доллар грант ва ё, маблағи бебозгашт низ тақдим кард. Ин бузургтарин ҳадяи як кишвари хориҷӣ ба Тоҷикистон аст.

Беш аз 80 дарсади қарзи Тоҷикистон аз Чин аст

Аммо Чин натанҳо ҳадядиҳанда балки кишварест, ки Тоҷикистон аз он беш аз дигарон қарздор аст. Айни замон қарзи берунаи Тоҷикистон аз хориҷа 2 миллиарду 900 миллион доллар аст. Бар изофа, Тоҷикистон имсол ният дорад боз 200 миллион доллари дигар аз хориҷа қарз бигирад. Беш аз 80 дарсади қарзи хориҷаи Тоҷикистон маҳз аз Чин аст.

Қарзҳои ҳангуфт дар оянда метавонад "як фишанги пурзӯри Чин" дар таъсир ба кишварҳои қарздораш шавад, менависад Global risk insight. Муаллифони ин гузориш аз таҷрибаи Шри-Ланка мисол меоранд, ки барои коҳиш додани қарзaш дар назди Чин, маҷбур шуд як бандари муҳими баҳриашро барои 99 соли оянда ба Чин тақдим кунад.

Шри-Ланка дар оғози соли равон ночор шуд, бандари Хамбантотаро ба ширкати давлатии Чин China Merchants Port Holdings бидиҳад. Ин додсуситад эътирози мухолифони ҳукумати Шри Ланкаро ба бор овард, ки муҳимтарин бандари кишваро бо нархи ночизе ба Чин тақдим кардааст.

Коршинос: "Ин хатар Тоҷикистонро ҳам таҳдид мекунад"

Коршиносон мегӯянд, айни чунин хатар ба Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад, чун ҳар дираме, ки давлат қарз мегирад, бояд баргардонад. Нозим Ишонқулов, донишманди иқтисодиёт мегӯяд, масъулияти гирифтани қарзҳои бебаркаш бар дӯши худи Тоҷикистон аст, на Чин.

Нозим Ишонқулов.
Нозим Ишонқулов.

"Чин гунаҳкор нест, ки Тоҷикистон аз ӯ бисёр қарз мегирад. Созмонҳои байналмилалӣ назири СБП ва Бонкӣ ҷаҳонӣ борҳо Тоҷикистонро аз хатари афзояндаи қарзи берунааш ҳушдор медиҳанд, аммо Тоҷикистон онро нодида мегирад ва мепиндорад, ки андозаи қарзаш чандон зиёд набуда, он идорашаванда аст."

Ишонқулов афзуд, агар рӯзе Тоҷикистон дар пардохти қарзи Чин оҷиз монад, аз эҳтимол дур нест, ки Чин бар иваз ягон амвол ва ё ин шоотеро бихоҳад. "Чун ин як чизе маъмул аст, ҳама қарз бояд баргардонида шавад, аз ҷумла қарзи Чин ҳам",- иброз дошт ӯ.

Аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, қарзи беруна зиёд нест ва кишвар тавони пардохти онро дорад. Азиз Қурбонов, сармутахассиси раёсати қарзҳои хориҷии Вазорати молияи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар ин робита гуфт, "давлат сари вақт қарзҳои хориҷашро бармегардонад ва ҳоло ҳам баргардонида истодааст. Мо дар пардохти қарзи хориҷӣ то ба ҳол ҳеҷ мушкилие надорем.

Бинобар иттилои Вазорати молия қарзи хорҷии кишвар ба 40,3 дарсади Маҷмӯи маҳуслоти дохили баробар аст. Ҳарчанд бинобар арзёбии Бонки ҷаҳонӣ, қарзи берунаи Тоҷикистон хеле бештар аз ин ба 55 дарсади ММД расидааст.

Агар қарзи кунунии Тоҷикистонро аз хориҷа ба сари 9 миллион нафар аҳолии кишвар тақсим кунем, ҳар як шаҳрванди кишвар ҳудуди 320 доллар қарздор аст.

XS
SM
MD
LG